Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дониш – чароғи маърифат ва пайванди наслҳо бо таърих

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Санаи 1 - сентябр дар ҳаёти ҳар як хонандагон , донишҷӯён, устодон, омӯзгорон ва аҳли илму маориф, ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда ва оғози марҳилаи нави донишандӯзӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Рӯзи дониш ин рӯз рамзи оғози соли нави таҳсил, эҳтиром ба илму дониш, мактабу маориф ва устодону омӯзгорон мебошад.
Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, кулли хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон, падару модарон ва аҳли маорифро ба муносибати Рӯзи дониш – 1 сентябр самимона табрик намуда, барояшон саломатӣ, саодат, неруи созанда, дастовардҳои нави илмию таълимӣ ва муваффақиятҳои пайваста орзу менамояд.
Бале, дониш чароғи маърифат ва омили асосии пешрафти ҷомеа ба шумор меравад. Миллати соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун маҳз тавассути арҷгузорӣ ба илму дониш, таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ метавонад, мавқеи худро дар ҷаҳони муосир устувор намояд.
Дар ин раванд, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи Хуҷанд ҳамчун макони муҳими ҳифзу муаррифии таъриху фарҳанги бостонии кишвар метавонанд, дар баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангии насли наврас нақши назаррас дошта бошанд. Қалъаи Хуҷанд яке аз ёдгориҳои муҳими таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд ба шумор рафта, ҳамчун рамзи таърихи пурғановати шаҳр ва мероси арзишманди ниёгон ,диққати сокинону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд. Шиносоии хонандагон ва донишҷӯён бо осори таърихӣ, нигораҳои осорхонавӣ ва мероси фарҳангӣ барои онҳо имконият фароҳам меорад, ки таърихи гузаштагонро на танҳо аз китобҳо, балки тавассути дидани осори воқеии таърихӣ омӯзанд. Бо истифода аз фурсати муносиб МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои зичу судманд бо муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва илмии вилояти Суғд иброз менамояд. Мо ҷонибдори он ҳастем, ки дар доираи чунин барномаҳои силсилавии фарҳангию маърифатӣ, вохӯриҳо, суҳбатҳои илмӣ- маърифатӣ, дарсҳои сайёр, экскурсияҳои мавзӯӣ, намоишҳои осорхонавӣ, маҳфилҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак баргузор карда шаванд.
Ҳадафи асосии чунин иқдомҳо, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифати таърихию фарҳангии ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба мероси фарҳангӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ миёни насли наврас мебошад. Зеро осорхона танҳо макони нигоҳдории ашёҳои таърихӣ нест, балки як муассисаи муҳими маърифатӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ мебошад. Бо ин мақсад, дарҳои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд, ҳамеша ба рӯи хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон, муҳаққиқон ва тамоми дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ боз мебошанд. Мо омодаем, ки барои баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ва ташкили барномаҳои фарҳангию маърифатӣ саҳми худро гузорем ва барои насли наврас муҳити мусоиди омӯзиши таърихи пурифтихори кишварро фароҳам созем.
Бигзор, соли нави таҳсил барои ҳар як хонандаву донишҷӯ оғози қадамҳои устувор ба сӯи дониш, маърифат ва комёбиҳои нав бошад.
Бигзор, омӯзгорон бо меҳру муҳаббат ва масъулияти баланди касбӣ насли ояндаро ба роҳи илму дониш раҳнамоӣ намоянд ва ҷавонони мо бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида барои рушди кишвари азизамон ва ободии ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар маҷмуъ, Рӯзи дониш на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки фурсати муносиб барои боз ҳам тақвият бахшидани робитаи илму маориф бо фарҳанг ва таърихи миллӣ мебошад.
Мо итминон дорем, ки чунин ҳамкориҳо барои ба таври васеъ муаррифӣ намудани таърихи пурғановати Хуҷанди бостонӣ, мероси фарҳангии халқи тоҷик ва арзишҳои миллию таърихӣ дар байни насли наврасу ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоранд. Мо аз ташаббусҳои созандаи муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн истиқбол намуда, омодагии худро барои татбиқи чорабиниҳои муштараки фарҳангию маърифатӣ иброз менамоем.
Бигзор, Рӯзи дониш барои ҳар як хонанда ва донишҷӯ оғози роҳи нави донишандӯзӣ, барои омӯзгорон манбаи илҳом ва барои ҷомеа қадами устувор ба сӯи ояндаи босаводу маърифатнок бошад.
Бо чунин ниятҳои нек, МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” тамоми хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон, падару модарон ва кормандони соҳаи маорифу фарҳангро ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрик намуда, барояшон саломатӣ, неруи созанда, дастовардҳои нав ва комёбиҳои пайваста орзу менамояд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДониш – чароғи маърифат ва пайванди наслҳо бо таърих
Scroll to Top