Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дар остонаи ҷашни Истиқлол - ободонӣ ва кабудизоркунӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Ба истиқболи ҷашни фархундаи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ва бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва ҳудуди Қалъаи Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин иқдоми ободонӣ кормандон ва боғбонони муассиса фаъолона иштирок намуда, барои тозаю озода ва сабзу хуррам гардонидани ҳудуди боғ ва қалъаи таърихӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Чунин иқдомҳои созанда на танҳо ба ободии муҳити зист мусоидат мекунанд, балки баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ низ аҳамияти муҳим доранд.
Дар рафти шанбегӣ аз ҷониби боғбонон корҳои шинонидани гулҳои ороишӣ, тоза намудани алафҳои бегона, поксозии ҷӯйборҳо ба тартиб даровардани дарахтони сояафкан ва ҷамъоварии партовҳо анҷом дода шуданд. Партовҳои ҷамъоваришуда ба ҷойҳои махсус интиқол дода шуда, ҳудуди мавзеъҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ аз ҳар гуна ифлосиҳо тоза карда шуданд.
Ҳамзамон, ба нигоҳбини дарахтони сояафкан, ниҳолҳои ороишӣ ва гулҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Боғбонон бо истифода аз таҷрибаи худ барои беҳтар намудани ҳолати сабзазорҳо ва фароҳам овардани муҳити зебову дилнишин корҳои ободониро идома доданд.
Бояд гуфт, ки Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Қалъаи Хуҷанд аз мавзеъҳои муҳими фарҳангӣ, таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, тозаву озода нигоҳ доштани онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонон вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад. Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди муассиса бо маром идома дошта, кормандон тасмим доранд, ки бо меҳнати софдилона дар ободу зебо гардонидани муҳити атроф ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
 
Валӣ Набизод - котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДар остонаи ҷашни Истиқлол - ободонӣ ва кабудизоркунӣ
Scroll to Top