Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз рақамикунонӣ то мероси таърихӣ,сафари меҳмонони Форуми байналмилалӣ ба шаҳри Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Санаҳои 26 - 28 асгусти соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд. яке аз шаҳрҳои қадима ва дорои таъриху фарҳангии ғании Тоҷикистон-Форуми байналмилалии сармоягузории “Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои АвруОсиё” баргузор гардид.
Дар доираи сафари расмӣ, санаи 28 августи соли 2026 ҳайати меҳмонон бо шахсони масъул аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд боздид намуданд. Меҳмононро шахсан Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов истиқбол намуда, хайру мақдам гуфт. Дар рафти мулоқот меҳмонон ба таърихи пурғановати гузаштагон ва аҳамияти ҳифзу муаррифии мероси фарҳангии миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Сипас, роҳбаладони ботаҷриба меҳмононро ба толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд раҳнамоӣ намуда, оид ба экспонатҳои нодир, осори бостонӣ, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва дигар маводҳои дар осорхона маҳфуз буда маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Ҳангоми сайри илмӣ меҳмонон имконият пайдо намуданд, ки ба воситаи ашёҳои нодир бо саҳифаҳои гуногуни таъриху фарҳанг аз наздик шинос гардиданд.
Меҳмонон баъди боздид аз осорхонаи таърихӣ бо таассуроти нек ва хотираҳои хотирмон бардошт намуданд. Аз ҷумла, Соҳиб Алиакперов, ҷонишини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон, зимни шиносоӣ бо таъриху фарҳанги бойи мардуми тоҷик ва боздид аз нигораҳои нодири осорхона, таассуроти худро дар китоби фахрии “Мулоҳизоти меҳмонон” сабт намуда, соядаст гузошт.
Инчунин дар идомаи боздид меҳмонон аз Қалъаи таърихии Хуҷанд яке аз ёдгориҳои муҳими таърихии шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад, аз толорҳои намоишӣ ва дигар паҳлуҳои таърихии он шинос гардиданд.
Қисмати дигари барномаи фарҳангӣ ин боздиди шиносоӣ аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ буд. Ҳамин тариқ, меҳмонон зимни ин сайри илмӣ имкон пайдо карданд, ки аз наздик бо маҳсули дастони ҳунармандони маҳаллӣ, анъанаҳои миллӣ ва намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, бофандагӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ ва сангтарошӣ шинос гардиданд. Ҳамчунин, онҳо аз ҳавлии тоҷир дидан намуда, бо тарзи зиндагӣ ва фарҳанги суннатии мардум бештар шинос шуданд.
Дар фарҷоми сайри барномавӣ ҳайати меҳмонон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ боздид намуда, бо хотираҳои неки фаромӯшнашаванда сафари худро ҷамъбаст намуданд. Дар анҷом, меҳмонон дар саҳнаи Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки яке аз ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии муассиса ба шумор меравад ба хотири лаҳзаҳои хотирмон аксбардорӣ намуданд. Ин лаҳзаи хотирмон барои ҳайати меҳмонон бозгӯи эҳтиром ва таваҷҷуҳ ба таъриху фарҳанги ғании Хуҷанди бостонӣ ва мероси пурғановати миллати тоҷик гардид.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз рақамикунонӣ то мероси таърихӣ,сафари меҳмонони Форуми байналмилалӣ ба шаҳри Хуҷанд
Scroll to Top