Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳар субҳ- як қадам ба сӯи зиндагӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Ҳар субҳ, пеш аз он ки Хуҷанд пурра аз хоби саҳар бедор шавад, зане бо аробачаи маъюбӣ роҳ ба сӯи Қалъаи таърихии Хуҷанд пеш мегирад. Барои бисёриҳо ин роҳ як масири одӣ менамояд, аммо барои Қобилова Наргиза он роҳи ирода, сабр ва мубориза бо тақдир аст. Ӯ 42 сола буда, аз синни якунимсолагӣ бо пойҳояш ҳаракат карда наметавонад. Бо вуҷуди ин солҳоест, ки он ҳар субҳ рӯ ба рӯ мешавад ва бо нерӯи худ қадамҳои маънавӣ мегузорад, оҳиста – оҳиста садои гуфтугӯҳои мардум фазои шаҳрро пур мекунанд. Аммо дар миёни ин ҳама ҳаракат, зани 42 солае, ки ҳар саҳар аз хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд бо ҳаракатҳои мавзун ба сӯи Қалъаи Хуҷанд меояд. Қалъае, ки имрӯз барои бисёриҳо макони тамошо, таърих ва фарҳанг аст, барои Наргиза гӯё як нуқтаи муҳими зиндагист, ҷойе, ки ӯ ҳар саҳар бо қувваи ирода ба он ҷо мерасад.
Бале, Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки дар маркази шаҳр ва дар соҳили Сир ҷой гирифтааст, таърихи якчандҳазорсола дорад. Имрӯз он ҳамчун маҷмааи таърихию фарҳангӣ эҳё гардида ба яке аз мавзеъҳои муҳими фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар табдил ёфтааст.
Аммо ҳар субҳ дар назди ин қалъаи бостонӣ як таърихи дигар оғоз меёбад, ки таърихи зиндагии як зани одӣ, вале бо иродаи ғайриодӣ. Наргиза зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, аз синни якунимсолагӣ ӯ имкони ҳаракат бо пойҳояшро аз даст додааст. Солҳои кӯдакӣ барои ҳар инсон бояд солҳои бозӣ, давидан, ҷаҳидан ва беғамӣ бошанд, лек тақдири Наргиза аз ҳамон давраи хурдсолӣ ӯро ба озмоиши бузург рӯ ба рӯ кард. Ва гӯё зиндагӣ бо ин ҳам қаноат накарда буд... Вақте Наргиза ҳамагӣ ҳафтсола буд, модари азизаш аз олам гузашт. Барои кӯдаке, ки худ ба нигоҳбину меҳрубонӣ ниёз дорад, аз даст додани модар зарбаи сангин дар зиндагӣ аст. Модар барои фарзанд танҳо як инсон нест, балки модар паноҳгоҳ, меҳрубонӣ, такягоҳ ва гармии хонадон аст. Наргиза бошад, ин ҳама меҳрро дар синни хеле барвақт аз даст дод, шояд касе ба ҷойи ӯ мебуд, солҳо пеш аз зиндагӣ дилсард мешуд, аммо Наргиза таслим нашуд.
Имрӯз пас аз гузашти солҳои зиёд, ӯ ҳар саҳар боз аз ҷой бармехезад, худро ба аробачаи маъюбӣ мешинонад ва роҳ пеш мегирад. Роҳи ӯ шояд барои дигарон чандон тӯлонӣ нанамояд, вале барои инсонеро, ки ҳаракаташ бо аробача вобаста аст, ҳар як метр метавонад як мубориза бошад. Ҳар як ҳаракати чархи аробача гӯё як ҷумла дорад: “Ман ҳанӯз ҳастам, ман зиндагӣ мекунам, ман ба фардо боварӣ дорам...” Ин ҷумлаҳоро Наргиза шояд бо забон нагӯяд, аммо ҳар субҳ рафтанаш ба Қалъаи Хуҷанд худ як посухи бузург ба зиндагӣ мебошад. Вақте ба ӯ менигарӣ, пеш аз ҳама маъюбиро намебинӣ. Занеро мебинӣ, ки орзу дорад, зиндагиро дӯст медорад ва мехоҳад худро узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос кунад. Шояд ҳамин аст, паёми аслии зиндагии Наргиза, инсонро набояд аз рӯйи маҳдудияти ҷисмониаш баҳо дод , балки қудрати инсон пеш аз ҳама дар иродаи ӯст.
Имрӯз дар ҷомеаи мо барои шахсони дорои маъюбият шароитҳои гуногун фароҳам оварда мешаванд. Аммо дар баробари роҳҳои ҳамвору воситаҳои дастрасӣ ба онҳо боз як чиз бештар аз ҳама зарур аст, ин муносибати гарми инсонӣ, эҳтиром ва эҳсоси он ки онҳо барои ҷомеа бегона нестанд.
Қиссаи Наргиза моро водор мекунад, ки ба атрофамон бо чашми дил назар кунем. Шояд дар кӯча, дар роҳ ё назди ягон бино инсонеро бинем, ки барои анҷом додани як кори одӣ нисбат ба мо чандин маротиба бештар заҳмат мекашад. Ва шояд мо танҳо як кори хурд карда тавонем, роҳро кушода монем, дасти ёрӣ дароз кунем бо эҳтиром муносибат намоем ё танҳо бо як табассум нишон диҳем, ки ӯро мебинем.
Қалъаи Хуҷанд асрҳои зиёдеро пушти сар кардааст, деворҳои он шоҳиди рӯзҳои пурифтихор ва талхи таърих мебошанд. Имрӯз бошад, ҳар субҳ гӯё шоҳиди як муборизаи хомӯши Наргиза барои зиндагӣ. Ӯ ба қалъа меояд бо аробачаи маъюбӣ, ба хотири модари азизаш, ки дар ҳафтсолагиаш аз даст дод. Бо сарнавиште, ки зиндагӣ дар айёми кӯдакӣ осон набуд, аммо бо диле, ки ҳанӯз ба ҳаёти ширин “ҳа” мегӯяд. Шояд ҳамин аст, бузургтарин қаҳрамонии инсон бо вуҷуди ҳама захмҳои тақдир, боз ҳам саҳар чашм кушодан ва ба роҳи зиндагӣ баромадан. Ва ҳар саҳар, вақте чархҳои аробачаи Наргиза рӯйи роҳҳои шаҳри Хуҷанд ҳаракат мекунанд, гӯё худи шаҳр ба ӯ мегӯяд:”Ту танҳо нестӣ, мо туро мебинем, мо қиссаи туро мешунавем”. Зеро қаҳрамонон на ҳамеша либоси махсус мепӯшанд, соҳиби ҷоиза мешаванд ё дар саҳнаҳои пуршукуҳ бо ифтихор меистанд. Баъзеҳо қаҳрамонии худро дар хомӯшӣ бо сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ нишон медиҳанд. Онҳо ҳар субҳ чашм мекушоянд, бар ҳама сахтиҳои тақдир ғолиб меоянд ва боз роҳи зиндагиро пеш мегиранд. Наргиза низ яке аз ҳамин қаҳрамонони хомӯши зиндагист. Ҳар ҳаракати аробачаи ӯ гӯё паёмест ба зиндагӣ:”Ман таслим нашудаам!”. Сарнавишти ӯ моро водор месозад, ки ба инсонҳое, ки бо вуҷуди маҳдудиятҳо бо умед зиндагӣ мекунанд бо эҳтиром ва меҳрубонӣ назар кунем. Зеро бузургтарин пирӯзӣ баъзан гирифтани ҷоиза нест, балки ҳар рӯз аз нав қувват ёфта, ба зиндагӣ идома бахшидан аст.
Валӣ Набизод – котиби
маркази иттилоотии МДМФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲар субҳ- як қадам ба сӯи зиндагӣ
Scroll to Top