Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхонаҳои Тоҷикистон дар масири 35 соли Истиқлол

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар тӯли таърих ҳар миллат бо мероси фарҳангӣ, арзишҳои маънавӣ ва ёдгориҳои моддии худ шинохта мешавад. Осорхонаҳо ҳамчун ганҷинаҳои таърих, фарҳанг ва тамаддуни хеш рисолати муқаддас доранд, ки мероси гузаштагонро ҳифз намуда, онро ба наслҳои зинда мерос мегузоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 барои ҳифзу эҳёи мероси таърихию фарҳангии миллат заминаи устувори ҳуқуқӣ ва моддӣ фароҳам овард. Маҳз дар давоми 35 соли охир фаъолияти осорхонаҳои кишвар марҳилаи нави рушдро паси сар намуда, онҳо ба марказҳои муҳими илмӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва сайёҳӣ табдил ёфтанд.
Дар сиёсати фарҳангии давлат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардидааст. Аз ин рӯ, имрӯз осорхонаҳо на танҳо макони нигоҳдории ашёи қадима, балки муассисаҳои фаъоли омӯзишӣ, пажӯҳишӣ ва тарбиявӣ мебошанд.
Бале, осорхонаҳо мактаби худшиносоии миллӣ буда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо осорхонаҳои ҷумҳурӣ аз нав таъмиру таҷдид гардида, бо таҷҳизоти муосир таъмин шуданд. Ҳазорон нигораҳои таърихӣ ҷамъоварӣ, барқарор ва ба маърази тамошо гузошта шуданд. Бо ташкили намоишгоҳҳои доимӣ ва сайёр, конфронсҳои илмӣ, маҳфилҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолияти осорхонаҳо мазмуни тоза гирифт.
Имрӯзҳо дар Тоҷикистон осорхонаҳои таърихӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, адабӣ ва ёдгорӣ фаъолият дошта, дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ саҳми назаррас мегузоранд. Маҳз тавассути осорхонаҳо ҷавонон бо таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷик, тамаддуни ориёӣ, давлатдории ниёгон ва мероси бузургони илму адаб ошно мегарданд. Яке аз дастовардҳои муҳими ин давра рақамикунонии қисми зиёди фондҳои осорхонавӣ, такмили усулҳои нигоҳдорӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки осорхонаҳои тоҷик дар намоишгоҳҳои хориҷӣ мебошад. Ин иқдомҳо барои муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуданд.
Дастовардҳои беназири осорхонаҳои кишвар дар давоми 35 соли охир фаъолияти осорхонаҳои ҷумҳурӣ дар чанд самти асосӣ рушд ёфт. Пеш аз ҳама, корҳои бостоншиносӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат вусъат пайдо карданд. Дар натиҷа ҳазорҳо бозёфтҳои нодири таърихӣ ба фондҳои осорхонаҳо ворид гардиданд. Аз ҷумла, бозёфтҳои Саразм, Панҷакенти қадим, Ҳулбук, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳисор ва дигар ёдгориҳои таърихӣ ганҷинаи фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ ба шумор мераванд.
Самти дигари муҳим таҷдиди биноҳои осорхонаҳо мебошад. Дар бисёр шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ биноҳои нав сохта шуда, шароити нигоҳдории нигораҳо ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуданд. Осорхонаҳо ҳамчунин ба марказҳои фаъоли сайёҳӣ табдил ёфтанд. Ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷӣ ҳамасола аз осорхонаҳои Тоҷикистон боздид намуда, бо таърихи куҳани халқи тоҷик шинос мешаванд. Ин раванд барои рушди иқтисоди фарҳангӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима аҳамияти калон дорад. Дар миёни осорхонаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки дар ҳайати Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” фаъолият менамояд, мақоми махсус дорад. Метавон иброз намуд, ки моҳи майи соли равон ҷомеаи фарҳангию таърихии кишвар 100 солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғдро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуд. Ин рӯйдоди муҳим на танҳо барои аҳли фарҳанг, балки барои тамоми дӯстдорони таърих ва мероси миллӣ ҷашни хотирмон гардид.
Осорхона аз соли 1926 таъсис ёфта, дар тӯли як аср ҳамчун маркази муҳими илмӣ- тадқиқотӣ ва фарҳангӣ фаъолият кардааст. Имрӯз он дар қалби Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ҷойгир буда , яке аз марказҳои машҳуртарини сайёҳии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Фонди осорхона аз даҳҳо ҳазор нигораҳои нодири таърихӣ иборат мебошад. Дар байни онҳо ашёҳои давраи санг, биринҷӣ, антиқа, асрҳои миёна, тангаҳои нодир, дастнависҳо, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, олоти меҳнат ва ашёи рӯзгори гузаштагон мавҷуданд. Ҳар як толори осорхона давраҳои муайяни таърихи халқи тоҷикро инъикос намуда, аз тамаддуни куҳани Суғд, Роҳи Бузурги Абрешим, давлатдории тоҷикон, рушди ҳунармандӣ ва фарҳанги мардумӣ маълумоти арзишманд пешниҳод менамояд.
Қалъаи таърихии Хуҷанд, имрӯз ба яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар табдил ёфтааст. Азнавсозии қалъа ва таъсиси ҳавлиҳои ҳунармандони мардуми муосир имконият фароҳам овард, ки меҳмонон бо таърихи беш аз 2500 солаи шаҳри Хуҷанд аз наздик шинос шаванд. Ин маҷмаа намунаи беҳтарини ҳамгироии мероси таърихӣ бо усулҳои нави муосири осорхонадорӣ фаъолият дорад. Дар толорҳои намоишии он воситаҳои муосири намоишӣ, харитаҳои интерактивӣ, композитсияҳои таърихӣ истифода шудаанд, ки таваҷҷуҳи ҳар як тамошобинро ҷалб мекунанд. Дар давоми солҳои охир шумораи меҳмонони дохилӣ ва хориҷии осорхона ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ин нишон медиҳад, ки осорхона ба маркази муҳими муаррифии таърихии вилояти Суғд ва тамоми кишвари Тоҷикистон табдил ёфтааст.Ҷашни таҷлили 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, далели эҳтироми давлат ва ҷомеа ба фаъолияти чандин насли осорхонадорон мебошад. Дар тӯли як аср садҳо олимон, бостоншиносон, таърихшиносон, мардумшиносон ва кормандони осорхона барои ҷамъоварӣ, ҳифз ва омӯзиши мероси миллӣ хизматҳои арзишманд анҷом додаанд. Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ намоишгоҳҳои илмӣ, конфронсҳо, мулоқотҳои фарҳангӣ ва барномаҳои маърифатӣ баргузор гардида, аҳамияти фаъолияти осорхонаҳо дар рушди худшиносии миллӣ бори дигар таъкид шуд.
Имрӯз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд на танҳо муассисаи фарҳангӣ, балки мактаби бузурги омӯзиши таърих, маркази пажӯҳишҳои илмӣ ва муаррифгари фарҳанги тоҷикон дар сатҳи байналмилаӣ мебошад.
Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ осорхонаҳои таърихии Тоҷикистон роҳи пуршарафи рушдро тай намуда, ба марказҳои муҳими ҳифзи мероси фарҳангӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон табдил ёфтанд. Дастгирии пайвастаи давлат имконият фароҳам овард, ки осорхонаҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, фаъолияти илмӣ ва фарҳангии онҳо густариш ёбад. Осорхонаҳо имрӯз на танҳо макони нигоҳдории ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ,балки кӯпруки мустаҳками пайванди гузашта, имрӯз ва фардои миллат мебошанд. Онҳо таърихи пурғановат, фарҳанги бостонӣ ва дастовардҳои моддиву маънавии ниёгонро ҳифз намуда ба наслҳои имрӯз ва оянда мерос мегузоранд. Тавассути осорхонаҳо ҷавонон аз таърихи халқи худ огоҳ гардида, ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиро дар худ ташаккул медиҳанд.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванд эҳтиром ба мероси таърихӣ, дастгирии фаъолияти осорхонаҳо ва ба наслҳои оянда расонидани ин сарвати бебаҳои миллӣ мебошад.Зеро миллате, ки таърихи худро пос медорад, ояндаи худро низ бо эътимод месозад.
Валӣ Набизод – котиби
маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООсорхонаҳои Тоҷикистон дар масири 35 соли Истиқлол
Scroll to Top