Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳамчун яке аз муҳимтарин мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифз, омӯзиш, эҳё ва муаррифии меромси таърихию фарҳангии миллати тоҷик нақши муҳим дорад. Қалъаи Хуҷанд, аз ҷумлаи ёдгориҳои дорои таърихи куҳан ба ҳисоб рафта, дар ташаккули таърихи кишвар нақши назаррас дорад.
Дар солҳои охир бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои васеи эҳё, барқарорсозӣ ва навсозии Қалъаи Хуҷанд анҷом дода шуда, маҷмаа ба яке аз мавзеъҳои муҳими фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд табдил ёфтааст.
Бо ибтикори дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 11 апрели соли 2024 баъди анҷоми корҳои барқарорсозӣ Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Имрӯзҳо МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар баробари ҳифзу нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ ба рушди фаъолияти осорхонавӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ, ташкили сайрҳои илмӣ, қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ ва муаррифии таърих, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии тоҷик саҳми назаррас мегузорад.
Бо назардошти аҳамияти таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии маҷмаа, инчунин натиҷаҳои назарраси фаъолияти муассиса, дастовардҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” метавонад, ҳамчун намунаи саҳми муассисаҳои фарҳангӣ дар рушди сайёҳӣ, ҳифзи мероси миллӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гарданд.
Яке аз дастовардҳои назарраси МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” дар самти густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва фарҳангӣ ин таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани Маркази сайёҳӣ ва иттилоотии байнидавлатии Тоҷикистону Фаронса мебошад.
Марказ бо ташаббуси Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд, “Алянс- Франсэзи Хуҷанд” дар ҳудуди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” таъсис дода шуда, имрӯз фаъолияти худро ба таври мунтазам ва пурра ба роҳ мондааст. Фаъолияти марказ барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистону Фаронса, табодули иттилоот дар бораи имкониятҳои сайёҳии ду кишвар, муаррифии мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Хуҷанд ва МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”, инчунин ҷалби сайёҳони фаронсавӣ ва дигар меҳмонони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат мекунад. Таъсиси чунин марказ дар ҳудуди маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” қадами муҳим дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Яке аз иқдомҳои навоварона ва дастовардҳои назарраси МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасонии сайёҳӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги шаҳри Хуҷанд, ҷорӣ намудани лоиҳаи аудиоспектакл- променди “Эхо Хуҷанд” мебошад. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон дар шакли гранти бебозгашт амалӣ гардида, барои муассиса имконияти истифодаи технологияи муосири аудиоиро дар раванди муаррифии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ фароҳам овардааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур 20 адад гӯшмонаки махсус барои хизматрасонии аудигид дастрас гардидааст. Моҳияти лоиҳа дар он ифода меёбад, ки меҳмонон ва сайёҳон метавонанд ҳангоми сайру тамошо дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ гӯшмонакро истифода намуда, мустақилона дар бораи таърих, фарҳанг,шахсиятҳои барҷаста ва ёдгориҳои таърихӣ муфассали аудоӣ дастрас намоянд. Яке аз бартариҳои муҳими “Эхо Хуҷанд” пешниҳоди иттилооти сайёҳӣ бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад, ки ба меҳмонон бидуни иштироки ҳатмии роҳбалади забондони алоҳида аз хатсайри сайёҳӣ истифода намуда, маълумоти заруриро мустақилона ва ба таври фаҳмо дастрас намоянд.
Яке аз дастовардҳои назарраси МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, дар самти рушди сайёҳии байналмилаӣ, муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ баргузории Форуми дуюми байналмилалии сайёҳии “Суғд- чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим” дар ҳудуди Қалъаи таърихии Хуҷанд гардид. Форуми мазкур санаи 16-19 апрели соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар бахши сайёҳӣ, муаррифии имконияту захираҳои сайёҳии вилояти Суғд ва эҳёи мавқеи таърихии минтақа дар Роҳи бузурги Абрешим баргузор гардид. Дар кори форум намояндагони 12 давлатҳои соҳаи сайёҳӣ ва доираҳои дахлдори кишварҳои гуногун, аз ҷумла Ҷумҳурии Узбекистон,Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Хитой, Норвегия, Олмон, Белорус, ФедератсияиРусия ва дигар кишварҳо иштирок намуда, созишномаи муштараки“Меморандум ва шартномаҳои ҳамкорӣ” ба имзо расиданд. Дар доираи барномаи форум Қалъаи Хуҷанд ҳамчун яке аз мавзеъҳои асосии муаррифии мероси таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд ба иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ пешниҳод гардид. Баргузории чунин як ҳамоиши байналмилалӣ барои муассиса имконияти мусоид фароҳам овард, ки иқтидори сайёҳӣ, таъриху фарҳанги қадима, ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои хизматрасонии сайёҳии маҷмаа дар назди намояндагони кишварҳои хориҷӣ ба таври мустақим муаррифӣ карда шавад.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ ва байналмилалӣ, ки дар ҳудуди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ин баргузории Фестивали ҷаҳонии ҷавонони Наврӯз мебошад. Баргузории чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар Қалъаи Хуҷанд барои боз ҳамбаланд бардоштани нақши муассиса дар муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ҷавонони кишварҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овард. Фестивали мазкур бо иштироки ҷавонон, намояндагони созмонҳои ҷавонон, аҳли фарҳанг, меҳмонон ва намояндагони кишварҳои гуногун баргузор гардида ба таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва табодули фарҳангии ҷавонони ҷаҳон равона гардид. Интихоби Қалъаи Хуҷанд ҳамчун макони баргузории чорабинии мазкур аҳамияти хос дошта, имкон фароҳам овард, ки меҳмонони хориҷӣ дар фазои як ёдгории таърихию фарҳангии дорои аҳамияти миллӣ бо фарҳанги пурғановати тоҷикон ва анъанаи ҷашни Наврӯз аз наздик шинос шаванд.
Яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалии фарҳангӣ, ки дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд баргузор гардид, ин Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баргузории чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар фазои таърихии қалъа ба рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар ва муаррифии фарҳангу санъати халқҳои Федератсияи Русия дар Тоҷикистон мебошад. Дар доираи чорабинӣ ҳайати сершумори намояндагони соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ, санъат ва илму маърифат аз Федератсияи Русия ташриф оварда дар барномаҳои фарҳангӣ ва мулоқотҳои марбут ба Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳайати меҳмонон бо ҳузури намояндагони масъули соҳаи фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Мануҷеҳр Муртазо дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат варзиданд. Дар доираи барномаи Рӯзҳои фарҳангӣ, инчунин Ансамбли давлатии академии рақсии халқии “Налмэс”-и Ҷумҳурии Адигея бо роҳбарии Ходжаев Руслан Мурадинович ҳунарнамоӣ намуда, намунаҳои барҷастаи санъати рақсии миллӣ ва фарҳанги анъанавии мардуми Адигеяро ба тамошобинон пешкаш намуд.
Бо назардошти сатҳи меҳмонон,баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Қалъаи Хуҷандро метавон яке аз дастовардҳои назарраси муассиса дар самти густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ, муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва рушди сайёҳии фарҳангӣ арзёбӣ намуд.
Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзу нигоҳдории анъанаҳои миллӣ ва тарғибу муаррифии либосҳои миллии тоҷикӣ, дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Фестивал- озмуни вилоятии “Сад ранги чакан” баргузор гардид. Баргузории чунин як чорабинии фарҳангӣ барои муаррифии имкониятҳои фарҳангӣ ва сайёҳии маҷмаа аҳамияти хос дошта, фазои мусоидро барои намоиши ҳунарҳои миллӣ ва ҷалби доираи васеи сокинону меҳмонон фароҳам овард. Баргузории фестивал дар ҳудуди маҷмааи таърихию фарҳангӣ имкон дод, ки мероси моддии таърихӣ бо мероси ғайримодии фарҳангии тоҷикон дар як фазои ягона муаррифӣ гардад. Ин омезиш барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиб буда, метавонад ҳамчун яке аз унсурҳои муҳими рушди сайёҳии фарҳангӣ ва этгографӣ истифода шавад.
Ҳамзамон, ногуфта намонад, ки аниқтараш 11 апрели 2023 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе, давраи ҷамъбастии Озмуни фестивали ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” баргузор гардида буд. Дар ин озмун аз ҷониби Раиси комиссияи ҷумҳуриявӣ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Зиёзода Сулаймон номинатсияи “Гулпарвари беҳтарин”, Абдусалом Қурбонзода директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо дипломи дараҷаи II –юм сарвароз гардонида шуд. Санаи 18 апрели соли 2023 ҷамъбасти озмун дар вилояти Суғд, аз рӯйи 8 номинатсия баргузор гардид, ки дар номинатсияи “Гулпарвари беҳтарин” дар фестивали гулҳо, таҳти унвони “Сайри гули лола”, Абдусалом Қурбонзода директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ қадрдонӣ гардид. Инчунин санаи 17 январи соли 2024 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ байни муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд ҷамъбаст гардид, ки аҳли ҷомеаи меҳнатии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” аз ҷониби Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, ҳамчун “Муассисаи беҳтарин” бо диплом сазовор дониста шуд.
Ба ифтихори 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шашмақомхонон, таҳти унвони “Ушшоқи Раҳмонӣ” дар саҳнаи Қалъаи таърихии Хуҷанд баргузор гардид. Дар ин чорабини ҳунармандони варзидаи шашмақомхонон, устодони санъат ва мусиқишиносони маъруф. аз Ҷумла кишварҳои Фаронса, Озарбойҷон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ин радиф, яке аз ситораҳои овозхони машҳури итолявӣ ва ҷаҳонӣ, ки бо овози тенори худ дар мусиқии классикии итолявӣ Стефано Мурина ва Павло Каррерӣ дар саҳнаи Қалъаи таърихии Хуҷанд бо иштироки мухлисони мусиқӣ ҳунарнамои намуданд.
Дар маҷмуъ, фаъолияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар солҳои охир ба ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, рушди сайёҳии фарҳангӣ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи муассиса дар самти муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ равона гардидааст. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассиса ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар ин замина таъсис ва фаъолияти Маркази сайёҳӣ ва иттилооти барои пешниҳоди иттилооти сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Боиси хурсандиовар аст, ки таҷлили ҷашни 100 солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки моҳи майи соли равон ба яке аз рӯйдодҳои муҳими сарнавишти тақдирсоз 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Ин рамзи ҳамзамонӣ чун рамзи пайванди ногусастании таъриху истиқлол, гузашта ва имрӯз, инчунин хотираи таърихӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Дар ин замина Осорхонаи таърихии вилояти Суғд фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи замон густариш дода, бо таҷдиду навсозии экспонатҳо, истифодаи усулҳои муосири осорхонадорӣ, рақамикунонии маводҳои фонди осорхона ва тақвияти корҳои илмию таҳқиқотӣ ба яке аз муассисаҳои фаъоли давлатии таърихиву фарҳангии кишвар табдил ёфтааст. Осорхона дар баробарои ҳифзу нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ ба муаррифии арзишҳои миллӣ, тарғиби таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ва баланд бардоштани маърифати таърихии ҷомеа низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менавояд.
Ҳамасола осорхона китоби илмӣ – таҳқиқотии “Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-ро ба нашр расонида, дар он мақолаҳои илмӣ, натиҷаҳои таҳқиқоти кормандони осорхона, маводи нодири таърихӣ ва маълумоти марбут ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар гирдоварӣ мешаванд. Ин нашрия дар муаррифии мероси таърихии вилояти Суғд ва рушди муассисаи давлатӣ аҳамияти муҳим дорад.Ба муносибати 100 солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд китоби тозанашри “Сад барги заррин” аз чоп баромад. Дар ин асар таърихи фаъолияти садсолаи осорхона, роҳи тайкардаи он, саҳми кормандони соҳа дар ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин намунаҳои нодири экспонатҳои осорхона инъикос ёфтаанд. Китоби “Сад барги заррин” ҳамчун дастоварди арзишманди фарҳангӣ на танҳо барои кормандони соҳа, балки барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳамаи дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ сарчашмаи муҳим ба шумор меравад.
Ҳамзамон, Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҷиҳати муаррифӣ, тарғиб ва инъикоси фаъолияти худ бо воситаҳои ахбори омма ҳамкории густурда ва мунтазам ба роҳ мондааст. Ин ҳамкориҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассиса ба ҳисоб рафта, барои расонидани иттилоотии саривақтӣ дар бораи фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ, чорабиниҳои маърифатӣ, дастовардҳо ва иқдомҳои созандаи маҷмаа ба аҳли ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин замина, кормандони масъули муассиса бо шабакаҳои телевизонии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, аз ҷумла телевизонҳои “Сайёҳӣ”, “Сафина”,”Шабакаи -1”, “СТВ-Суғд”, “ НТВ- АЗИЯ”, “СМ-1”,”7- ситора” ва дигар расонаҳои иттилоотӣ ҳамкории доимӣ доранд. Дар доираи ин ҳамкориҳо оид ба фаъолияти муассиса мусоҳибаҳо, гузоришҳои телевизонӣ, барномаҳои фарҳангӣ – маърифатӣ ва маводи иттилоотӣ таҳия ва пахш мегарданд. Ҳамкории муассиса танҳо бо телевизон маҳдуд нашуда, бо рӯзномаҳо ва нашрияҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ низ мунтазам идома дорад. Аз ҷумла, дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии “Фарҳанги Тоҷикистон”, “Мероси ниёгон”, “Азия +” ва нашрияҳои шаҳриву вилоятии “Ҳақиқати Суғд”, “ Согдийская правда”,”Суғд ҳақиқатси”,”Тирози ҷаҳон”,”Сухани халқ”,”Шафақ”,”Кошонаи умед”, АМИД “Ховар” ва дигар воситаҳои ахбори омма маводи гуногунҷанба доир ба фаъолияти муассиса, таъриху фарҳангии фаъолияти муассиса, баргузории чорабиниҳои илмӣ- фарҳангӣ ва дастовардҳои кормандон ба табъ мерасанд. Илова ба ин оид ба ҳамкории муассиса бо воситаҳои ахбори омма, ки дар доираи ҳамкориҳои муассиса бо расонаҳои дохилӣ маҳдуд нашуда, бо шабакаҳои телевизонҳои хориҷӣ низ густариш ёфта истодааст. Аз ҷумла, дар доираи муаррифии имкониятҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд, таваҷҷуҳи шабакаҳои телевизони Федератсияи Русия низ ба Қалъаи Хуҷанд ва дигар мавзеъҳои таърихии шаҳр зиёд гардидааст. Аз ҷумла, ҳайати эҷодии барномаи маъруфи фарҳангию сайёҳии “Поедем, поедим!” аз шабакаи телевизонии “НТВ”-и Федератсияи Русия зимни сафари расмӣ ба шаҳри Хуҷанд аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд боздид намуда, аз таърих, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва тарзи пухтани таомҳои миллии тоҷикона ошно ва наворбардорӣ намуданд. Ҳамчунин дар соли 2026 барномаи маъруфи телевизони “Повара на колёсах”-и “Первый канал”-и Федератсияи Русия низ ба шаҳри Хуҷанд. бахши ошпази бо истифода аз маҳсулотҳои маҳаллӣ муаррифӣ гардиданд. Пахши чунин барномаҳо дар шабакаҳои телевизионии бонуфузи Федератсияи Русия барои муаррифии шаҳри Хуҷанд, ҳамчун яке аз шаҳрҳои қадимаи дорои мероси ғании таърихию фарҳанги аҳамияти муҳим дошта ба боло рафтани маъруфияти мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Қалъаи Хуҷанд дар байни тамошобинони хориҷӣ мусоидат менамояд.
Воқеан, таҷлили ду санаи муҳим – як асри фаъолияти Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки ба арҷгузорӣ ба гузашта, барои ҳифзи таърих ва тарбияи наслҳои оянда масъулияти бештар эҳсос намоем. Имрӯз дар ин муассисаи бонуфуз зиёда аз 150 нафар кормандони соҳибтаҷриба ва масъулиятшинос фаъолият намуда, дар ҳифзу нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ, омӯзиши осори гузаштагон ва муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик саҳми худро мегузоранд.
Қобили зикр аст, ки аз миёни кормандони муассиса 12 нафар бо унвони фахрии “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” сарфароз гардида, 22 нафар барои фаъолияти самаранок ва хизматҳои шоиста бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд. Ин дастовардҳо далели онанд, ки кормандони муассиса бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касбу кори худ барои ҳифзу мероси таърихию фарҳангии миллат ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа пайваста талош менамоянд. Онҳо бо меҳнати созандаашон дар тарғиби таърихи пурифтихори миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Бо итминон метавон гуфт, ки чунин фаъолияти шоиста дар замони соҳибистиқлолии кишвар боз ҳам густариш ёфта, барои наслҳои имрӯза ва оянда ҳамчун мактаби омӯзиши таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ хизмат хоҳад кард.