Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Инъикоси рӯзгори ниёгон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Осорхонаҳо яке аз муҳимтарин муассисаҳои ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии ҳар як миллат ба шумор меравад. Дар онҳо ёдгориҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва намунаҳои фарҳанги моддию маънавии мардум нигоҳдорӣ шуда, ба наслҳои оянда мерос мемонанд.
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, аз ҷумлаи чунин муассисаҳои бонуфуз буда, бо экспонатҳои нодир ва толорҳои ҷолиби худ меҳмонони зиёдеро ҷалб мекунад. Яке аз гӯшаҳои диққатҷалбкунандаи он намунаи хонаи қадимаи гилини тоҷикӣ буда, дар он зиндагӣ ва рӯзгори ниёгони миллати тоҷик хеле равшан инъикос ёфтааст.
Дар яке аз кунҷҳои толори намоишии “Маданият, илм ва адабиёти асри XIX ва ибтидои асри XX”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд , намунаи хонаи қадимаи гилин ҷойгир шудааст. Ин гӯша бо риояи хусусиятҳои меъмории анъанавии тоҷикон бунёд гардида ба бинанда имкон медиҳад, ки тарзи зиндагии мардумро дар гузашта аз наздик мушоҳида намояд. Ҳангоми ворид шудан ба ин гӯша пеш аз ҳама танӯри гилин, ки дар тарафи рости даромадгоҳ ҷойгир аст, диққати ҳар касро ба худ ҷалб мекунад. Танӯр яке аз муҳимтарин ҷузъҳои ҳар як хонадони тоҷик маҳсуб ёфта, дар он нон, ки рамзи баракат ва фаровонӣ аст, пухта мешуд. Дар баробари он аз тарафи дигари даромадгоҳ ошдон бо деги анъанавӣ ҷой гирифтааст. Дар ошдон таомҳои миллӣ омода мешуданд ва он яке аз марказҳои муҳими зиндагии хонаводагӣ ба ҳисоб мерафт. Дар дохили хона лавозимоти гуногуни рӯзгор, аз ҷумла токчаҳои гаҷкоришуда,кӯзаҳои сафолӣ, табақу косаҳо, асбобҳои пухтупаз, сандалӣ, сандуқ, кӯрпаю кӯрпачаҳо, қолинҳои дастибофташуда, сару либосҳои миллӣ,гаҳвора, инчунин асбоби мусиқии дутор ва дигар ашёҳои маишӣ гузошта шудаанд. Дар ҳар хонадон чуноне, ки ишора рафт, асбоби мусиқӣ дутор ҷойгоҳе махсусе дошт. Дутор на танҳо як сози мусиқӣ, балки рамзи фарҳанг, меҳру муҳаббат ва ҷамъомади аҳли хонадон ба шумор мерафт. Шомгоҳон, пас аз анҷоми корҳои рӯзмарра, аъзоёни оила ва ҳамсояҳо гирди ҳам омада бо навои форами дутор хушҳолӣ ва сурудҳо мехонданд ва лаҳзаҳои шодиро якҷо мегузарониданд. Овози нарму дилнишини дутор фазои хонаро пур аз гармӣ ва меҳрубонӣ мекард. Дутор ҳамчун ёдгории ҳунари қадимаи ниёгон буда, мардумро ба ҳам меовард,ҳисси дӯстӣ ва ягонагиро қавӣ мегардонид.
Аз ҷониби дигар, шифти хона бо кундалкорӣ, вассачӯб ва нақшу нигори қадима оро дода шудааст, ки яке аз зеботарин намунаҳои ҳунари анъанавии меъморӣ ба ҳисоб меравад.Дар рӯйи шифт кандакориҳои нозук ва дақиқ бо шаклҳои гулдор, баргҳо, нақшҳои геометрӣ ва рамзҳои миллӣ иҷро шуданд. Вассачӯбҳои чӯбин бо тарҳи махсус ҷойгир шуда ба хона ҳусни хос ва гармии табиӣ мебахшанд. Нақшу нигори қадимаи он аз завқи баланди устоҳои ҳунарманд дарак медиҳад, ки ҳар як ҷузъи ороишӣ бо сабру меҳнати зиёд сохта шуда, таърихи фарҳанг ва анъанаҳои мардумиро инъикос мекунад. Рангҳои мулоим, тарҳҳои мувозинатнок ва зебоии кандакории чӯбӣ фазои хонаро пур аз ҳашамат ва оромӣ мегардонад. Чунин шифт на танҳо як қисми сохтмони хона, балки асари санъати меъморӣ аст, ки бинандаро ба ҷаҳонӣ зебоӣ, ҳунари қадим ва мероси фарҳангӣ мебарад. Он ҳар касеро, ки ба хона ворид мешавад бо нозукӣ ва зебоии худ мафтун месозад.
Намунаи хонаи қадима нишон медиҳад, ки гузаштагони тоҷик бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуд муҳити зисти худро хеле оқилона ташкил мекарданд. Деворҳои гилин дар фасли тобистон хонаро салқин ва дар зимистон гарм нигоҳ медоштанд.
Ин гӯшаи осорхонаи таърихӣ, танҳо намоиши ашёҳои рӯзгор нест, балки мактаби зиндаи саҳифаи таърих мебошад. Сокинону меҳмонони дохиливу хориҷӣ, донишҷӯён, хонандагон тавассути он бо урфу одат, фарҳанг, таърих, ҳунарҳои мардумӣ ва тарзи зиндагии ниёгони миллати тоҷик ошно мегарданд. Ҳангоми тамошои ин хонаи қадима бинанда худро гӯё дар муҳити зиндагии чандин даҳсолаҳо ва ҳатто асрҳои пеш эҳсос мекунад.
Бале, хонаи қадимаи гилин, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба намоиш гузошта шудааст, яке аз ҷолибтарин гӯшаҳои осорхона ба шумор меравад. Тамошои ин гӯша дар дили ҳар як тамошобин эҳсоси ифтихор аз гузашта, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти ҳифзи мероси фарҳангиро бедор месозад.
Аз ин рӯ, ҳифз ва муаррифии чунин ёдгориҳо барои нигоҳдории таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқи тоҷик аҳамияти бузург дорад. Ин ёдгориҳо ҳамчун сарчашмаи муҳими омӯзиши гузашта, намунаи ҳунару меъмории ниёгон ба наслҳои имрӯза ва оянда хизмат мекунанд. Нигоҳ доштани онҳо имкон медиҳад, ки мероси бойи фарҳангии тоҷикон ҳифз гардида ба ҷаҳониён муаррифӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳангӣ миллӣ дар ҷомеа бештар тақвият мебахшад.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИнъикоси рӯзгори ниёгон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top