Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз саҳна то долони таърих

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Қалъаи таърихи Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ҳамчун яке аз гӯшаҳои нодири ҳифзкунандаи таъриху фарҳанги куҳани шаҳри Хуҷанд, ҳамеша барои шинохти мероси маънавии миллат аҳамияти хос дорад. Дар долони намоишии “Ҳунармандони машҳур”- и он акси чеҳраҳои маъруфи санъати тоҷик ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки ҳар кадом бо ҳунару истеъдоди худ дар таърихи фарҳанги миллӣ нақши мондагор гузоштаанд. Дар байни ин чеҳраҳои соҳибном симои Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, устоди Шашмақом Ҷӯрабек Набиев низ ҷойгоҳи шоиста дорад. Номи ӯ барои дӯстдорони мусиқии классикӣ танҳо номи як сароянда нест, балки рамзи садои пурқудрат, мактаби устодӣ ва садоқат ба мероси мусиқии тоҷикону ӯзбекон мебошад.
Воқеан, тамошобин ба ин долони намоишии “Ҳунармандони машҳур” ворид мешавад ва чеҳраи Ҷӯрабек Набиевро дар қатори дигар устодони санъат мебинад, эҳсос мекунад, ки таърихи мусиқии тоҷик танҳо дар китобҳо маҳфуз нест. Он дар чеҳраҳо, садоҳо, сурудҳо ва мероси ҳунарии фарзандони фарзонаи миллат зинда аст. Ҷӯрабек Набиев аз ҷумлаи он ҳунармандонест, ки номи худро бо санъати волои мусиқии классикӣ, бахусус Шашмақом пайванд додааст.
Ӯ 10 феврали соли 1941 дар деҳаи Ғулакандози ноҳияи Пролетар, имрӯз ноҳияи Ҷаббор Расулов ба дунё омадааст. Соли 1963 Донишкадаи омӯзгории Ленинободро хатм намуда, фаъолияти касбии худро дар соҳаи санъат идома додааст. Аз соли 1962 сарояндаи Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ буда ва солҳои баъдӣ дар рушди санъати саҳнавӣ ва мусиқии касбӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Ҳамзамон, Шашмақом дар фарҳанги мусиқии тоҷикону узбекон ҷойгоҳи махсус дорад. Ин танҳо маҷмӯи оҳангҳо ва сурудҳо нест, балки Шашмақом як ҷаҳонбинии бадеӣ, пайванди шеър ва мусиқӣ, тарбия ва маърифат аст. Дар он ашъори бузургтарин шоирони классикии Шарқ бо оҳангҳои нозуку пурмаъно ба ҳам меоянд. Устод, Ҷӯрабек Набиев ин санъати асилро на ҳамчун як василаи саҳнавӣ, балки ҳамчун рисолати маънавӣ қабул кардааст. Ӯ дар иҷрои мақомҳо ба маънии шеър, талаффузи дурусти калима, оҳанг, эҳсос ва руҳи асар аҳамияти махсус медиҳад. Репертуари устод хеле васеъ буда, беш аз 500 сурудро дар бар мегирад. Дар байни онҳо сурудҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва осори дигар халқҳо низ ҳастанд. Тибқи маълумоти Қалъаи таърихии Хуҷанд, дар эҷодиёти ӯ беш аз сад асар дар шеваҳои мақом, аз ҷумла барои Шашмақом ҷой гирифтааст. Аз ҷумла, “Бебокча”, “Сарахбори Оромиҷон”, “Бузургонӣ”,” Ушшоқ”,” Кашкарчаи Ушшоқи Содирхон”,”Муғулчаи Дугоҳ” ва “Гулузорам” аз намунаҳои маъруфи иҷрои ӯ мебошанд. Ин осор танҳо унвони чанд суруд нестанд, балки ҳар яке қисме аз таърихи мусиқии классикии минтақа аст. Вақте чунин асарҳо бо садои хоси устод иҷро мешаванд, онҳо ба шунаванда на танҳо лаззати мусиқӣ, балки эҳсоси пайванди наслҳо ва фарҳангҳоро мебахшанд. Яке аз хусусиятҳои муҳими фаъолияти устод, Ҷӯрабек Набиев ин робитаи қавии бо муҳити фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон мебошад.Дар ҳақиқат, ном ӯ дар байни дӯстдорони мусиқии суннатии Узбекистон хело маъруф аст. Худи устод дар як нишасти суҳбат нақл карда буданд, ки соли 1973 бо гуруҳи театрӣ ба кишвари Ҷумҳурии Узбекистон сафар карда, баъди ҳунарнамоӣ дар шаҳри Тошканд ба телевизион даъват шудааст. Дар он ҷо барномаи тақрибан 40 дақиқаина бо иҷрои сурудҳои тоҷикӣ, узбекӣ ва дигар таронаҳо сабт гардидааст. Баъдтар ӯ дар шаҳрҳо ва навоҳии гуногуни Узбекистон ҳунарнамоӣ карда, байни мардум ҳаводорон ва мухлисоне зиёде пайдо кардааст. Ҳоло дар урфият мегӯянд: “санъат сарҳад надорад”, ки дар ҳақиқат санъати ҳақиқӣ забону сарҳадро намешиносад. Бале, садои ҳунарманди асил метавонад аз як шаҳр ба шаҳри дигар, аз як кишвар ба кишвари дигар роҳ ёбад. Вақте ҳунарманд бо эҳсоси самимӣ ва истеъдоди баланд месарояд, шунаванда пеш аз ҳама инсон ва ҳунари ӯро қабул мекунад. Устод, Ҷӯрабек Набиев аз ҳамин ҷиҳат яке аз чеҳраҳои намоёни пайванди фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон ба шумор меравад. Вай дар муҳити фарҳангии ду кишвар ҳунарнамоӣ карда, ба дӯстдорони мусиқӣ имконият додааст, ки зебоии суруду мақоми тоҷикӣ ва узбекиро ва садои як ҳунарманди соҳибмактаб эҳсос намоянд.
Устод баъди фаъолияти пурмаҳсули эҷодӣ дар соҳаи таълиму тарбияи ҳунармандони ҷавон низ саҳм гузоштааст. Ӯ солҳои зиёд бо муассисаҳои олии таълимии соҳаи фарҳанг ҳамкорӣ дошта, аз ҷумла дар Консерваторияи шаҳри Тошканд фаъолият кардааст. Дар солҳои охир низ ба таълиму тарбияи ҷавонон дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд машғул будааст. Ин ҷиҳати фаъолияти устод аҳамияти бузург дорад, зеро ҳифзи Шашмақом танҳо бо сабти сурудҳои устодони гузашта таъмин намешаванд. Барои зинда нигоҳ доштани он мактаби мусиқӣ лозим аст, омӯзгор зарур аст, шогирд лозим аст.Дар ин маънӣ устод, Ҷӯрабек Набиев на танҳо сарояндаи Шашмақом, балки яке аз давомдиҳандагони мактаби устодии он мебошад.Худи устод дар бораи таъсири устодони гузашта ба эҷодиёташ ёдовар шуда, аз ҷумла Барно Исҳоқоваро( марҳум) яке аз сарчашмаҳои илҳоми худ дар омӯзиши Шашмақом медонад. Ин эътирофи як устод ба устоди дигар нишон медиҳад, ки санъати классикӣ чӣ гуна аз насл ба насл мегузарад. Яке аз сирҳои маҳбубияти Ҷӯрабек Набиев муносибати махсуси ӯ ба каломи бадеӣ мебошад. Дар репертуари ӯ ашъори шоирони бузурги классикии форсу тоҷик ҷойгоҳи муҳим дорад. Ӯ аз ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар суханварони бузург истифода бурдааст. Худи устод мегӯянд, ки ҳанӯз дар солҳои баъдӣ низ ба ҷустуҷӯи ғазалҳои нав машғул буда ба ашъори Камоли Хуҷандӣ оҳанг бастанро идома додааст. Вақте ӯ ғазали классикиро месарояд, калимаҳо аз саҳифаи китоб берун омада, ба эҳсоси шунаванда табдил меёбад. Ин аст ҳунари сарояндаи асил, шеърро хондан не, балки эҳсос кардан ва ба шунаванда эҳсосонидан аст.
Албатта, хидматҳои Ҷӯрабек Набиев борҳо бо унвонҳо ва ҷоизаҳои давлатӣ ва фарҳангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ӯ соли 1980 ба унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистон мушарраф гардида, соли 1982 ба Ҷоизаи Комсомоли Ленинобод сазовор шудааст. Ҳамчунин дар фаъолияти ҳунариаш ба кишварҳои гуногуни Осиё ва Аврупо сафарҳои эҷодӣ анҷом додааст. Яке аз нишонҳои шинохти байналмиллалии фаъолияти ӯ ба сабтҳои ширкати “Мелодия” вобаста аст. Эҷодиёти ӯ дар шакли сабтҳои граммофонӣ паҳн гардида, барои саҳми ҳунарӣ соҳиби “Диски тиллоӣ” гардидааст.
Устод,Ҷӯрабек Набиев борҳо дар чорабиниҳои бузурги фарҳанги Хуҷанд ва кишвар дар баробари дигар устодони маъруфи санъат ҳунарнамоӣ кардааст. Масалан, дар яке аз консертҳои устодони санъат дар саҳнаи Қалъаи таърихии Хуҷандӣ МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар қатори дигар ҳунармандони маъруф борҳо баромад намуда, бо суруду таронаҳои худ ҳозиринро шод гардонидааст.
Ва имрӯз дар Қалъаи таърихии Хуҷанд, акси Ҷӯрабек Набиев дар долони намоишии “Ҳунармандони машҳур” ҷой гирифтааст, шояд барои баъзеҳо ин танҳо як акси ҳунарманд бошад, аммо барои аҳли фарҳанг ин тасвир маънои васеътар дорад. Он акс ба ҳар бинанда мегӯяд, инҳо фарзандони фарҳанги миллати тоҷик ҳастанд, инҳо садои як давру замонро ба наслҳои оянда расонидаанд. Дар чунин муҳит ҷой додани акси устод, Ҷӯрабек Набиев басо рамзӣ мебошад, зеро ки қалъа худ рамзӣ таърих аст, ӯ бо садои худ як бахши таърихи фарҳангии асри моро зинда нигоҳ доштааст.Бинандае, ки имрӯз акси ӯро мебинад, шояд фардо яке аз сурудҳояшро ҷустуҷӯ кунад. Ҷавоне метавонад аз зиндагиномаи ӯ илҳом гирад ва ба омӯзиши Шашмақом рӯ оварад. Меҳмонони дохиливу хориҷӣ метавонанд дар бораи ин ҳунарманд пурсон шаванд ва тавассути садои ӯ бо як бахши фарҳанги тоҷик ошно шаванд. Ин андешаи шахсии ман аст, зеро санъат танҳо барои кафкӯбӣ нест. Санъат бояд инсонро андеша кардан, зебоиро эҳсос намудан ва қадри фарҳанги худро донистанро меомӯзонад. Шояд, ҳамин садои мондагор бошад, ки имрӯз ҳам аз долонҳои таърих садои Шашмақом ба гӯши дили ҷавонон мерасад, ки устод Ҷӯрабек Набиев номе дар таърих, садое дар хотир , мактабе барои фардо ва садоқат ба ҳунар меистад, ки арҷ гузоштан ба ҳунарманд ва эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик мебошад.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз саҳна то долони таърих
Scroll to Top