User Rating: 



/ 0
- Details
-
25.08.2026 09:44
-
Азназаргузаронӣ: 4
Дар ҳудуди Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки ҳар гӯшаи он аз таърихи чандинсола ва фарҳанги ғании шаҳри Хуҷанд дарак медиҳад, акнун чанд дарахти нисбатан ношинос барои сокинону меҳмонон қад мекашад. Ин дарахтҳо “павловния” ном доранд, ки бо баргҳои калон, қомати босуръат рушдкунанда ва гулҳои зебои худ таваҷҷуҳи инсонро ба худ ҷалб мекунанд. Павловнияро дар кишварҳои гуногун ҳамчун яке аз дарахтони зудрас мешиносанд. Тибқи таҳқиқоти илмӣ, ин дарахт ба гуруҳи дарахтони зудрас дохил шуда, барои кабудизоркунӣ ва истифодаҳои гуногуни иқтисодӣ парвариш мешаванд. Аммо пайдо шудани дарахти павловния дар Қалъаи таърихии Хуҷанд, танҳо як масъалаи кабудизоркунӣ нест. Шояд саволе ба миён ояд?: - Чаро маҳз дар ҳудуди қалъа шинонида шудааст? Оё иқлими Хуҷанд барои рушди он мувофиқ аст ва ин дарахтони ҷавон баъди чанд сол чӣ гуна симо хоҳанд гирифт? Бале, имрӯз ин ниҳолҳо дар назди бинои боҳашати қалъаи таърихӣ ҳанӯз хурд ба назар расанд, аммо агар ба хусусиятҳои полвония назар кунем, маълум мешавад, ки онҳо метавонанд дар солҳои наздик ба як ҷузъи намоёни манзараи қалъа табдил ёбанд. Тақдири ин дарахтони навшинонида бошад, метавонад барои таҷрибаи минбаъдаи сабзкорӣ ва интихоби навъҳои дарахтон дар муҳити шаҳрии Хуҷанд низ ҷолиб бошанд.
Пайдо шудани чанд дарахтони павловния дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд, дар назари аввал метавонад як иқдоми одии кабудизоркунӣ намояд. Аммо вақте сухан аз чунин як унсури нави муҳити он метавонад саволҳои зиёдеро ба миён оварад. Зеро ин ҷо танҳо масъалаи сабз намудани як ҳудуд нест, балки сухан дар бораи ҳамоҳангии муҳити табиӣ бо фазои таърихию фарҳангӣ меравад.
Дарахти павловния бо суръати баланди рушд ва баргҳои калону паҳнаш таваҷҷуҳро ҷалб мекунад, лекин барои рушди хуб ба рӯшноии кофӣ, хоки муносиб ва махсусан дар давраи аввали нашъунамо ба обрасонии дуруст ниёз дорад.
Ҳамзамон, натиҷаи парвариши он дар минтақаҳои гуногун яксон нест ва ба шароити иқлимӣ, хусусияти хок ва тарзи нигоҳубин вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, шинонидани павловния дар Қалъаи Хуҷанд метавонад як таҷрибаи ҷолиб барои мушоҳида бошад. Агар ниҳолҳо дуруст нигоҳубин карда шаванд ва ба шароити маҳаллӣ мутобиқ гарданд, эҳтимол аст, ки аз ҷониби боғбонон дар солҳои минбаъда онҳо ба як ҷузъи намоёни манзараи қалъа табдил ёбанд. Баргҳои бузург ва тоҷи васеи ин дарахтон метавонанд ба муҳити атроф симои тоза бахшанд ва фазои сабзу дилнишин ба вуҷуд оваранд. Посухи саволҳои дар боло зикршударо,фақат вақт хоҳад нишон дод. Вале имрӯз метавон гуфт, ки ин ниҳолҳои ҷавон як навъ таҷрибаи зиндаанд, ки муносибати дарахтони и нав бо муҳити таърихӣ мушоҳида шаванд. Баъди мутобиқшавии натиҷаи он метавонад барои ояндаи кабудизоркунии дигар мавзеъҳои боғи истироҳатӣ сабақ шуда метавонад.
Дар ниҳоят таърих танҳо бо девору хишт зинда намемонад. Онро муҳити атроф, фазои сабзу хуррам, муносибати инсон ба мероси гузашта ва нигоҳе, ки ба оянда дорад, онро пурратар месозад. Агар дарахтони полвонияи Қалъаи Хуҷанд ба муҳити он мувофиқ оянд, солим рушд кунанд ва нигоҳубини дуруст бубинанд, шояд баъди чанд сол меҳмонони қалъа ба дарахте назар кунанд, имрӯз танҳои инҳо ниҳолҳои ҷавон ҳастанд. Ва он вақт ин “меҳмонони нав” шояд аллакай ба як қисми табиии манзараи қалъаи куҳан табдил хоҳанд ёфт.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан