Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳикмати дарвозаи кушода

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
 Дарвозае, ки ҳар саҳар ба пешвози субҳи содиқ боз мешавад, ин оё ягон ҳикмат дорад? Бале, субҳи содиқ медамад, шаҳр оҳиста – оҳиста аз хоб бедор мешавад, хиёбону кӯчаву бозорҳо ба ҳаракат медароянд, садои автомошинаҳо, овози қадаммониҳои мардум баланд мешаванд, равзанаҳо боз мегарданд ва зиндагӣ бо як нафаси тозаи зиндагӣ оғоз меёбад. Лек, пеш аз он ки меҳмон ба даруни хона, коргоҳ ё як муассиса ворид шавад, миёни ӯ ва соҳиби макон як остона меистад, ки ин номаш - дарвоза.
Дар назари аввал кушодани дарвоза дар рӯзи аввали муборак кори одӣ менамояд. Як ҳаракати маъмулӣ, қулф кушода мешавад, ду табақаи дарвоза ба паҳлуҳо боз мешаванд , ки он маънои рамзӣ доранд. Дарвозаи кушода нишонаи эҳтиром, меҳмоннавозӣ, самимият ва дили кушода ба шумор меравад. Ин маънои зебои дарвозаи кушода имрӯз низ идома дорад, ки яке аз намунаҳои ҷолиби онро метавон, дар фаъолияти Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мушоҳида кард. Ҳар гоҳ меҳмонони олиқадр ба осорхона меоянд, барои пешвоз гирифтани онҳо ҳатман ду табақаи дарвоза ба рӯи меҳмон кушода мешаванд. Ин ҳаракат шояд ба назар одӣ намоянд, аммо дар худ маънои амиқи фарҳангӣ дорад. Гӯё худи дарвоза ба меҳмон мегӯяд:”Марҳамат намоед, хуш омадед!”, яъне ду табақа кушодани дарвоза ин рамзи истиқболи самимӣ ва эҳтиром ба меҳмон мебошад. Меҳмон ҳангоми аз ин дарвоза ворид шудан на танҳо ба як муассисаи фарҳангӣ, балки ба ҷаҳони таърих, фарҳанг ва хотираи мардум қадам мегузорад. Осорхона худ нигоҳдории осори гузаштагон аст, ки ҳар як нигора, ҳуҷҷат, асбоби рӯзгор ва намунаи фарҳанги моддӣ аз як давраи таърихӣ ҳикоят мекунад. Аммо пеш аз шиносоӣ бо ин мероси гаронбаҳо меҳмонро худи муҳити осорхона пешвоз мегирад. Дар ин лаҳза дарвозаи кушод ба як унсури зиндаи фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон табдил меёбад. Хусусан, кушодани ҳар ду табақаи дарвоза ҳангоми омадани меҳмон як ишораи рамзӣ ба назар мерасад. Дарҳои нимкушода эҳсоси интизорӣ ё эҳтиёткориро ба вуҷуд меоранд, аммо ду табақаи пурра бозшуда паёми равшан доранд, ки меҳмон бо эҳтиром пазируфта мешавад. Ин анъана моро ба гузашта низ мебарад. Дар шаҳрҳои қадимаи Суғди бостонӣ , бахусус дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд дарвозаҳо танҳо барои ҳифзи хона ва маҳалли зист сохта намешуданд. Онҳо як ҷузъи муҳими фарҳангӣ ва меъмори зиндагии мардум буданд, ки тарзи сохти даврвоза, андоза, нақшу нигор ва ороиши он метавонад, дар бораи завқи бадеӣ, ҳунармандӣ ва ҷаҳонбинии соҳибони он маълумоти зиёде пайдо кард.
Имрӯз, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ин фарҳангро ба таври дигар идома медиҳад, ки он дар муносибат бо меҳмон, дар тарзи истиқбол ва ҳатто дар кушода шудани дарвоза низ эҳсос мешавад. Пас, ҳар боре ки ду табақаи дарвозаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба рӯи меҳмон кушода мешаванд, бигзор онро танҳо як амали одии истиқбол надонем. Ин як ишораи хурд, вале пурмаъност, ки дар худ арзишҳои бузурги фарҳангиро таҷассум мекунад. Фарҳанге, ки дар он меҳмон азизу гиромӣ, таърих муқаддас ва мероси гузаштагон мояи ифтихор аст. Фарҳанге, ки меҳрубонӣ, эҳтиром ва самимиятро ба унвони рукнҳои асосии муносибатҳои инсонӣ мешиносанд ва дари дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро ҳамеша боз нигоҳ медоранд. Шояд, ҳамин гуна ишораҳои ба назар сода бошанд, лек чеҳраи воқеии як миллатро нишон медиҳанд, ки миллате ба гузашта арҷ мегузорад, имрӯзро бо муҳаббат месозад ва ба оянда бо умед менигарад.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲикмати дарвозаи кушода
Scroll to Top