User Rating: 



/ 0
- Details
-
25.08.2026 09:32
-
Азназаргузаронӣ: 5
Санаи 19 августи соли 2026, дар доираи сафари расмӣ ба вилояти Суғд, намояндагони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус бо ҳамроҳии шахсони масъул аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.
Меҳмононро дар остонаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов самимона истиқбол намуда, хайрумақдам гуфт. Зимни истиқболи меҳмонон таъкид гардид, ки чунин боздидҳо барои муаррифии таъриху фарҳанги бостонии Хуҷанд, шинос намудани меҳмонони хориҷӣ бо мероси гаронбаҳои ниёгон ва таҳким робитаҳои дӯстона миёни халқҳо аҳамияти хоса дорад.
Пас, аз истиқболи расмӣ меҳмонон таҳти роҳбаладии Мирзоева Иноятхон, аз толорҳои намоишӣ ва экспозитсияҳои илмӣ- маърифатии муассиса дидан намуданд. Роҳбалад зимни сайри илмӣ меҳмононро бо таърихи қадимаи миллати тоҷик, марҳилаҳои муҳими ташаккули тамаддуни кишвар, бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, намунаҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии мардуми тоҷик шинос намуд. Барои меҳмонони хориҷӣ бахусус шиносоӣ бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ашёи рӯзгори ниёгон ҷолиб ба назар мерасид. Зеро чунин нигораҳо на танҳо арзиши таърихӣ доранд,балки аз тарзи зиндагӣ ва маҳорати ҳунармандии мардум дар давраҳои гуногуни таърихӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар идомаи боздид меҳмонон аз Қалъаи таърихии Хуҷанд низ дидан намуданд. Қалъаи Хуҷанд яке аз рамзҳои муҳими таъриху фарҳанги шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, имрӯз дар доираи фаъолияти маҷмааи фарҳангию таърихӣ ҳамчун макони сайёҳӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ бам меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонад. Боздид аз қалъаи таърихӣ барои меҳмонони намояндагони Ҷумҳурии Белорус имкон фароҳам овард, ки бо таърихи шаҳрсозӣ ва низоми мудоифиавии Хуҷанди қадим,нақши қалъа дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии аз наздик ошно гардиданд. Дар ҷараёни боздид аз толрҳои намоишӣ ба маълумоти пешниҳодшуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд, оид ба таърихи нигораҳ,санъати тасвирӣ, кадакорӣ, кундалкорӣ саволҳо пешниҳод карданд. Ба саволҳои онҳо роҳбалад ва масъулини муассиса посухҳои муфассал доданд.
Дар фарҷоми боздид меҳмонон таассуроти хуби худро аз тамошои осори таърихию фарҳангӣ ва шиносоӣ бо мероси бостонии Хуҷанд дар китоби "меҳмонони фахрӣ" баён намуда, барои пазироии самимӣ ва сайри пурмуҳтаво ба масъулини муассиса изҳори сипос карданд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Шарҳ додан