User Rating: 



/ 0
- Details
-
21.08.2026 14:31
-
Азназаргузаронӣ: 16
Дастурхони тоҷикона яке аз нишонаҳои барҷастаи фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Дар зиндагии тоҷикон дастурхон танҳо ҷойи хӯрокхӯрӣ нест, балки рамзи баракат, дӯстӣ, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Аз қадим тоҷикон бо меҳмоннавозӣ, саховатмандӣ ва эҳтиром ба меҳмон машҳур буданд.
Дар фарҳанги мардум гуфта мешавад: «Меҳмон раҳмати Худост». Аз ин рӯ, ҳар хонадон кӯшиш мекунад, ки меҳмонро бо рӯи кушода, сухани ширин ва дастурхони пурнозу неъмат пешвоз гирад. Меҳмоннавозӣ дар тоҷикон на танҳо дар хӯрок, балки дар рафтор, одоб ва муносибати самимӣ зоҳир мегардад.
Яке аз анъанаҳои ҷолиби дастурхони тоҷикона гузоштани 7 навъ мева мебошад. Рақами «7» дар фарҳанги мардум рамзи муқаддас ва баракат ба ҳисоб меравад. Ба дастурхон одатан себ, анор, ангур, нок, биҳӣ, зардолу (қоқ), мавиз ё хурмо мегузоранд. Ин меваҳо рамзи фаровонӣ, саломатӣ, неъмат ва зиндагии пурбаракат мебошанд.
Дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ намунаи дастурхони тоҷикона бо 7 мева ба намоиш гузошта шудааст. Ин экспонат на танҳо як намоиши рӯзгор, балки инъикоси тафаккур, урфу одат ва арзишҳои маънавии тоҷикон мебошад. Меҳмонон, хонандагон ва сайёҳон ҳангоми боздид аз осорхона бо фарҳанги ғизо, анъанаҳои миллӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон аз наздик шинос мешаванд.
Дастурхони тоҷикона насли имрӯзро ба эҳтиром ба гузашта, нигоҳ доштани анъанаҳо ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад. Ҳифзи чунин анъанаҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла осорхонаҳо мебошад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ нигоҳдорӣ ва муаррифии дастурхони тоҷикона ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ аҳамияти махсус дорад. Зеро маҳз тавассути чунин анъанаҳо фарҳанг, таърих ва рӯҳи миллат ба наслҳои оянда мерос мемонад.
Тошматова Таҳмина - роҳбалади
Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ
Шарҳ додан