Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рубоб- мероси зиндаи мусиқии тоҷикон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Рубоб яке аз асбобҳои қадимӣ ва маъруфи мусиқии халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад. Ин сози мусиқӣ дар тӯли асрҳо дар ҳаёти фарҳангӣ ва маънавии мардум ҷойгоҳи хоса дошта, бо садои форам ва оҳангҳои дилнишини худ маъруф гардидааст. Рубоб на танҳо воситаи иҷрои мусиқӣ, балки як ҷузъи муҳими мероси фарҳангии миллат мебошад.
Таърихи рубоб бо рушди санъати мусиқӣ ва ҳунари созтарошии мардумони Шарқ алоқаманд аст. Ин асбоб дар тӯли замон шаклу сохтори гуногун пайдо карда, вобаста ба минтақа ва анъанаҳои мардумӣ намудҳои мухталифро ба вуҷуд овардааст. Дар фарҳанги тоҷикон низ рубоб ҳамчун яке аз созҳои суннатии миллӣ мақоми муҳим дорад. Садои рубоб дар ҷашну маросимҳо ба таври васеъ истифода мешавад.
Асбоби мусиқии рубоб садои нарм, дилнавоз ва пурҳис мебошад.Оҳанги он метавонад ба қалби инсон таъсири амиқ расонида, эҳсосоти гуногун аз шодиву сурур то ғаму андӯҳ ва ёди гузаштагонро бедор созад. Садои рубоб бо лаҳзаҳои гуногуни зиндагии инсон пайванди хос дорад ва метавонад, ҳолати руҳии инсонро ба таври нозук ифода намояд.
Бояд гуфт, ки пайдоиш ва таърихи рубоб ба замонҳои хеле қадим бармегардад. Рубоб ҳамчун яке аз суннатии мусиқии халқҳои Шарқ дар тӯли асрҳо ташаккул ёфта, дар ҳаёти фарҳангӣ ва маънавии мардум ҷойгоҳи муҳим пайдо кардааст. Дар осори таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва тасвирҳои қадимаи минтақаҳои Бохтару Суғд як қатор асбобоҳои мусиқии торӣ ба назар мерасанд, ки аз ҷиҳати шакл ва тарзи сохтор ба рубоб монандӣ доранд. Ин далелҳо нишон медиҳанд, ки созҳои торӣ аз давраҳои қадим дар байни мардумони ин минтақа маъмул буда, дар рушди санъати мусиқии онҳо нақши муҳим доштаанд.Бо гузашти замон шакл, сохтор ва тарзи навохтани рубоб такмил ёфта, он ба яке аз созҳои шинохтаи мусиқии суннатии тоҷикон табдил ёфтааст. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон, рубоб аз асрҳои VII-VIII мелодӣ дар минтақаҳои Хуросон, Бадахшон ва Балх роиҷ будааст.
Зикр намуд, ки номи рубоб ва маълумот дар бораи созҳои ҳамноми он дар осори мусиқишиносони асримиёнагӣ низ ба назар мерасад. Дар ин замина осори донишмандони бузурги Шарқ, аз ҷумла Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва Абдураҳмони Ҷомӣ аҳамияти махсус доранд. Онҳо дар асарҳои худ ба масъалаҳои назарияи мусиқӣ, хусусиятҳои садо, оҳанг, мақом ва созҳои мусиқӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамуданд. Абӯнасри Форобӣ дар асари машҳури худ “Китоб –ал- мусиқӣ- ал- кабир” масъалаҳои гуногуни илми мусиқиро ба таври муфассал баррасӣ карда, аз сохтор ва хусусиятҳои созҳои мусиқии замони худ низ сухан мегӯяд. Ин асар аз муҳимтарин рисолаҳои мусиқии асримиёнагӣ ба шумор рафта, ҳам ҷанбаҳои назариявӣ ва ҳам амалии мусиқиро фаро мегирад.
Дар осори Форобӣ ба табиати садо, таносуби оҳангҳо, тарзи пайдоиши нағма ва имкониятҳои гуногуни созҳои мусиқӣ диққати махсус дода шудааст. Аз ин ҷиҳат, ёд шудани рубоб ва созҳои ба он монанд, дар доираи чунин таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳад, ки ин гуна асбобҳои торӣ дар фарҳанги мусиқии Шарқ таърихи тӯлонӣ доштаанд. Рубоб бо имконияти тавлиди садоҳои гуногун ва иҷрои оҳангҳои мухталиф дар рушди мусиқии суннатии минтақа нақши муҳим гузоштааст.
Баъдтар, донишмандони дигар, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино ва Абдураҳмони Ҷомӣ низ ба масъалаҳои мусиқӣ ва созҳои он таваҷҷуҳ намуда, дар ташаккули андешаҳои назариявии мусиқии Шарқ саҳм гузоштанд.
Ҳунармандони мардумӣ асосан рубобро аз чӯби дарахтони маҳаллӣ, аз ҷумла тут, сарв, бед ва дар баъзе минтақаҳо аз чӯби дигар дарахтони босифат месозанд. Интихоби чӯб аҳамияти калон дорад, зеро сифати мавод ба устувории соз, зебоии зоҳирӣ ва хусусияти садо он таъсир мерасонад. Дар баъзе намудҳои рубоби бадахшонӣ истифодаи чӯби тут, чормағз ва зардолу низ ба назар мерасад. Сохтани рубоб маҳорати баланди усторо талаб мекунад. Созтарош бояд андозаи қисмҳо, шакли тана, ҷойгиршавии торҳо ва хусусияти маводи истифодашавандаро ба назар гирад. Аз ин рӯ,ҳунари сохтани рубоб танҳо як кори одии чӯбтарошӣ набуда, як навъи ҳунари мардумӣ ва мероси фарҳангӣ мебошад.
Метавон гуфт, ки рубоб вобаста ба минтақаи паҳншавӣ, анъанаҳои мусиқӣ ва тарзи сохт намудҳои гуногун дорад. Аз ҷумла, рубоби помирӣ, рубоби қошғарӣ, рубоби афғонӣ ва рубоби тоҷикӣ аз навъҳои маъруфи ин соз ба шумор мераванд. Ҳар яке аз онҳо аз ҷиҳати шаклу андоза, сохтори тана, шумораи торҳо, тарзи навохтан ва хусусияти садо аз ҳамдигар фарқ мекунад.
Албатта, дар мусиқии суннати тоҷикон рубоб ҷойи хос дорад, ки онро ҳам дар сурудҳои мардумӣ ва ҳам дар мусиқии касбӣ истифода мебаранд. Дар ансамблҳои фолклорӣ ва созҳои миллӣ рубоб яке аз асбобоҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Аз асрҳои XIX то имрӯз ҳунармандону устодони номдори тоҷик дар рушд, такмил ва нигоҳдории анъанаҳои навохтани созҳои миллӣ, аз ҷумла рубоб саҳми арзанда гузоштаанд. Дар ин раванд номи устодони маъруф, аз қабили Фазлиддин Шаҳобов, Абдураҳмон Ниёзов, Шариф Ҷӯраев ва дигарон бо рушди санъати мусиқии тоҷик пайванди ногусастанӣ доранд. Фаъолияти чунин устодон барои нигоҳ доштани услубҳои суннатии иҷро, тарбияи насли нави навозандагон ва густариши фарҳанги мусиқии миллӣ аҳамияти калон доштааст.
Имрӯз низ рубоб ҳамчун яке аз созҳои муҳими мусиқии миллӣ мавқеи худро нигоҳ дошта, дар марказҳои фарҳангӣ, муассисаҳои таълимии мусиқӣ, ансамблҳои ҳунарӣ ва устохонаҳои созтарошон истифода мешавад. Дар баробари навохтани рубоб, ҳунари сохтани ин соз низ ҳамчун як бахши муҳими ҳунарҳои мардумӣ идома дорад.
Ҳамзамон дар толори намоишии “Гӯшаи асбобҳои мусиқӣ”-и Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки дар он намудҳои гуногуни созҳои миллӣ, аз ҷумла рубоб ба маърази тамошобин гузошта шудааст. Дар ҳавлии дуредгарии Қалъаи таърихии Хуҷанд низ ҳунармандони мардумӣ ба офаридан ва барқарор намудани асбобҳои мусиқии миллӣ машғул ҳастанд. Чунин фаъолияти устоҳо барои идомаи анъанаи созтарошӣ, ҳифзи таҷрибаи ниёгон ва ба насли ҷавон омӯзонидани нозукиҳои сохтани созҳои миллӣ аҳамияти махсус дорад.Ҳар як рубоби сохтаи усто на танҳо як асбоби мусиқӣ, балки маҳсули меҳнат, таҷриба ва завқи бадеии ҳунарманд ба ҳисоб меравад.
Яке аз ҳунармандони мардумии диёр усто Муҳаммад Ниёзов мебошад, ки дар устохонаи худ ба сохтани асбобҳои мусиқии миллӣ, аз ҷумла рубоб, танбӯр, дутор ва дигар созҳои суннатӣ машғул аст. Фаъолияти ӯ танҳо ба сохтани созҳо маҳдуд намешавад, балки ба нигоҳдорӣ ва идомаи анъанаи созтарошии миллӣ равона шудааст. Ҳар як асбоби сохтаи усто маҳсули меҳнати дастӣ, таҷриба ва завқи баланди ҳунарӣ буда, дар он анъанаҳои қадимаи устодон таҷассум меёбанд. Усто Муҳаммадшариф Ниёзовро метавон на танҳо дуредгару созтарош, балки донандаи мусиқӣ ва ҳунарманди асил номид. Зеро барои сохтани як асбоби мусиқии хушсадо танҳо донистани нозукиҳои дуредгарӣ кофӣ нест. Созтарош бояд хусусияти садо, муносибати байни андозаи тана, гардана, торҳо ва дигар ҷузъҳои созро хуб дарк намояд.
Ногуфта намонад, ки Муҳаммадшариф Ниёзов аз хонадони ҳунарманд ва фарҳангпарвар баромадааст. Падари ӯ Боймуҳаммад Ниёзов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сарояндаи маъруф ва устоди “Шашмақом” буд. Боймуҳаммад Ниёзов умри худро ба омӯзиш, иҷро ва тарғиби мусиқии классикии тоҷик бахшида, солҳои зиёд ҳамчун устоди “Шашмақом” ва омӯзгори насли ҷавон фаъолият кардааст. Ҳамин пайванди устодиву хонаводагӣ аҳамияти хос дорад. Дар чунин муҳит фарзанд аз хурдӣ бо мусиқӣ, созҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ошно мегардад. Аз ин ҷиҳат , фаъолияти Муҳаммадшариф Ниёзовро метавон идомаи як анъанаи хонаводагӣ ва фарҳангӣ донист. Имрӯз низ намояндагони хонаводаи Ниёзов дар идомаи мероси ҳунарии устод Боймуҳаммад Ниёзов саҳм мегузоранд.
Ҳавлии ҳунарманди мардумии усто Муҳаммадшариф, имрӯзҳо ба як гӯшаи зиндаи таърих ва ҳунармандӣ табдил ёфтааст, на танҳо ҷойи кору фаъолият ва офариниши асбобҳои мусиқӣ, балки маркази ҷалби дӯстдорони фарҳанг ва мусиқии миллӣ мебошад. Бале, имрӯзҳо даҳҳо тамошобинон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ин макони ҳунармандӣ дидан карда бо таърихи асбобҳои миллӣ, аз ҷумла рубоб аз наздик шинос мешаванд.
Зикр намуд, ки ҳарчанд сохтани асбоби мусиқии рубоб асосан мардҳо ҳастанд, навозандагон метавонанд ҳам занон ва ҳам мардон бошанд. Ҳунари сохтан ва навозиши рубоб одатан тавассути омӯзишӣ амалӣ мегардад, ки аксар вақт дар доираи оила ва аз устод ба шогирд интиқол меёбад. Ҳавлии ин ҳунарманд гӯё осорхонаи зиндаи ҳунари мардумӣ аст, ки дар он садои тор ва бӯйи чӯби тут якҷоя нағмаи зиндагиро месароянд. Он анъанаҳои ниёгон, ҳунари падар ва илҳоми насли имрӯз дар як замина ҳамҷоя шуда, руҳи мусиқии тоҷикиро зинда нигоҳ медорад.
Дар асл, рубоб на танҳо як асбоби мусиқӣ, балки ҷузъи ҷудонопазири фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷикон мебошад. Садои он пайвандгари гузашта ва имрӯз буда, нағмаҳои ишқ, вафо ва зебоиро таҷҷассум мекунад. Нигоҳдорӣ ва эҳёи ин асбоби беназир вазифаи ҳар як дӯстдорони фарҳангӣ миллӣ мебошад.
Ёдовар бояд шуд, ки рубоб расман дар соли 2024 ба феҳрести мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудааст. Ин шомилшавӣ на танҳо арзиши фарҳангии рубобро эътироф мекунад, балки имкониятҳои ҳифз, рушди ҳунар ва интиқоли он ба наслҳои ояндаро месозад.
Валӣ Набизод – котиби
маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРубоб- мероси зиндаи мусиқии тоҷикон
Scroll to Top