Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фарҳанг аз тозагӣ оғоз мешавад

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Тозагӣ яке аз арзишҳои баланди маърифати ҳар як инсон ба шумор меравад. Ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус муассисаҳои фарҳангиву таърихӣ, симои миллат ва сатҳи баланди маърифати ҷомеаро муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани тозагӣ ва истифодаи бофарҳанги ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ на танҳо вазифаи кормандони муассиса, балки масъулияти ҳар як меҳмон ва шаҳрванд мебошад.Аз ин рӯ, риояи қоидаҳои одии беҳдоштӣ мо метавонем, муҳити тоза, солим ва гуворо фароҳам оварда, нисбат ба меҳнати дигарон ва обрӯи муассиса эҳтиром зоҳир намоем.
Имрӯзҳо Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии“Қалъаи Хуҷанд”, яке аз ҷумлаи мавзеъҳои сертамошобин ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза даҳҳо нафар меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро қабул менамояд. Ҳар як меҳмон аз ёдгориҳои таърихӣ дидан намуда, аз фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик таассуроти нек мебардорад. Аммо симои муассиса на танҳо бо осори таърихӣ, балки бо сатҳи хизматрасонӣ, тозагӣ ва тартибот низ арзёбӣ мегардад.
Бо назардошти ин дар ҳудуди муассиса ҳоҷатхонаҳои замонавӣ мавриди истифода қарор доранд. Онҳо бо тамоми шароити зарурии санитариву беҳдоштӣ, аз ҷумла қоғазҳои санитарӣ, ҳавотозакунак, собуни моеъ, воситаҳои безараргардонӣ, оби гарму хунук ва хушккунаки барқии даст таъмин гардидаанд. Ин имкониятҳо барои роҳати меҳмонон ва риояи талаботи беҳдоштӣ муҳайё шудаанд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин имкониятҳо нигоҳ доштани тозагӣ танҳо вазифаи кормандони муассиса нест. Фаррошони муассиса ҳар рӯз ду маротиба ҳоҷатхонаҳоро пурра тоза ва безарар мегардонанд. Аммо агар баъзе истифодабарандагон ба тозагӣ беэътиноӣ кунанд, меҳнати онҳо самараи дилхоҳ намедиҳад. Маданияти истифодаи ҳоҷатхона аз амалҳои одӣ оғоз меёбад, тоза гузоштани ҷойи истифодашуда, сарфакорона истифода бурдани обу қоғази санитарӣ, инчунин собуни моеъ ҳангоми шустани дастҳо ва эҳтиёткорона муносибат намудан бо таҷҳизотҳои мавҷуда мебошад. Ин амалҳои одӣ нишон медиҳанд, ки инсон то чӣ андоза бофарҳанг ва маданиятшинос аст.
Дар гузашта ба зиндагии гузаштагон назар кунем, ниёгони мо аз қадимулайём ба тозагӣ аҳамияти хоса медоданд. Дар байни мардум чунин одат вуҷуд дошт, ки ҳангоми ба хостгорӣ рафтан, калонсолон пеш аз ҳама ба ду ҷойи хона таваҷҷуҳ мекарданд: ошхона ва ҳоҷатхона. Агар ин ду ҷой тозаву озода, ботартиб ва нигоҳбиншуда мебуданд, чунин меҳисобиданд, ки аҳли хонавода соҳиби фарҳанги баланд, тарбияи нек ва завқи хуби рӯзгорӣ мебошанд. Аз ҷиҳати тозагӣ ба духтари ин хонадон ва тарбияи ӯ баҳои баланд медоданд. Ин анъана нишон медиҳад, ки тозагӣ дар фарҳанги тоҷикон на танҳо талаботи беҳдоштӣ, балки меъёри ахлоқ, одоб ва тарбия ба шумор мерафт.
Ҳамзамон, ҳар як меҳмон бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ моли умум аст. Тозаву озода нигоҳ доштани он эҳтиром ба дигарон ба муҳити зист ва ба худи инсон мебошад. Агар ҳар яки мо ин фарҳангро риоя кунем, на танҳо симои муассиса, балки обрӯи ҷомеаи мо низ боз ҳам баландтар мегардад.
Дар асл, тозагӣ танҳо вазифаи фаррош нест, балки фарҳанги зиндагии ҳар як инсон аст. Агар ҳар яки мо аз худ оғоз намоем ва ҷойҳои ҷамъиятиро мисли хонаи худ тозаву озода нигоҳ дорем, муҳити солиму гуворо фароҳам омада, меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз фарҳанги баланди мардуми тоҷик таассуроти нек хоҳанд гирифт. Зеро, фарҳанг аз тозагӣ оғоз мешавад.
Валӣ Набизод – котиби
маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФарҳанг аз тозагӣ оғоз мешавад
Scroll to Top