Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Истиқлол ва варзиш – 35 қуллаи муваффақият

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар шаҳри Хуҷанд, бахшида Рӯзи варзишгарон бо баргузории чорабинии бошукӯҳи варзишӣ баргузор гардид.
Санаи 10 августи соли 2026 дар Маҷмааи варзишии “Суғд – арена”-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи варзишгарон ва дар доираи таҷлили 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии калони варзишӣ, таҳти унвони “35 – соли Истиқлол – 35 қуллаи варзишӣ”, барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки дастаҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, устодону мураббиён, собиқадорони соҳаи варзиш, донишҷӯён, намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногун, кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Ин лаҳзаи пуршукуҳ фазои чорабиниро боз ҳам тантанавӣ гардонида, эҳсоси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба Ватанро дар қалби иштирокчиён бедор намуд.
Сипас, Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода иштирокчиёни чорбиниро ба муносибати Рӯзи варзишгарон хайру мақдам гуфта, онҳоро бо ин санаи фархунда табрик намуданд. Дар суханронӣ таъкид гардид, ки рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати машқу тамрин ва омодагии варзишгарон тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд. Варзишгарони вилояти Суғд, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллаӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ шарафи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳимоя намуданд. Аз ин рӯ, баргузории чунин чорабиниҳо барои ҳавасманд намудани варзишгарони ҷавон ва тарбияи насли солиму неруманд аҳамияти хоса дорад.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи гуногуни варзишӣ миёни намояндагони дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардида, иштирокчиён маҳорати ҷисмонӣ, чолокӣ, қувва ва омодагии варзишии худро нишон доданд.
Яке аз лаҳзаҳои хотирмони чорабинӣ қадрдонии шахсоне буд, ки солҳои зиёд дар рушди соҳаи варзиш саҳми арзанда гузоштаанд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, як қатор устодону мураббиён ва собиқадорони варзиш бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ин қадрдонӣ рамзи эҳтироми ҷомеа ба заҳматҳои содиқонаи мураббиён ва собиқадорони соҳа мебошад. Зеро маҳз меҳнати фидокорона ва таҷрибаи устодону мураббиён барои ба камол расидани варзишгарони ҷавон ба даст овардани натиҷаҳои баланд ва парчамбардории номи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ замина мегузорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ пешкаш гардид. Ҳунармандони санъат бо иҷрои сурудҳои дилнишин ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшида, фазои идонаро боз ҳам ҷолибу хотирмон намуданд.
Валӣ Набизод – котиби
маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИстиқлол ва варзиш – 35 қуллаи муваффақият
Scroll to Top