Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чинидон – мероси нодири ҳунари ниёгон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
 Осорхонаҳо ганҷинаҳои таърих ва фарҳанги ҳар миллат ба шумор мераванд. Дар онҳо ёдгориҳое нигоҳдорӣ мешаванд, ки аз рӯзгор, ҳунар, расму ойин ва ҷаҳонбинии гузаштагон нақл мекунанд. Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ дорои чунин нигораҳои нодир буда, ҳар яке аз онҳо саҳифае аз таърихи пурғановати халқи тоҷикро таҷассум месозад.
Дар толори намоишии “Таърих ва фарҳанги халқи тоҷик дар асрҳои XIV- XV “-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, яке аз нигораҳои нодир ва ҷолиби диққат, чинидон ба маърази тамошои меҳмонон гузошта шудааст. Ин ашёи арзишманди рӯзгор аз чарми сахт ва босифат дӯхта шуда, барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиёла истифода мегардид. Чинидон дар гузашта ҷузъи муҳими лавозимоти сафари тоҷирон, косибон ва ё дар манзил нигоҳ дошта мешуд. Ба туфайли устувории чарм ва маҳорати баланди ҳунармандон он пиёларо аз шикастан ва осеб ҳангоми сафар эмин нигоҳ медошт. Дар баробари вазифаи амалӣ, чинидон бо нақшу нигори зебо, тарзи дӯзандагӣ ва ороиши худ сатҳи баланди ҳунари чармгарии ниёгони тоҷикро низ таҷассум мекунад.
Ин нигора на танҳо намунаи ҳунари волои чармгарӣ, балки гувоҳи фарҳанги рӯзгор, одоби меҳмондорӣ ва анъанаҳои зиндагии мардуми тоҷик дар асрҳои XIV –XV мебошад. Мавҷудияти чунин ашё дар толори намоишӣ ба тамошобинон имкон медиҳад, ки бо мероси моддӣ ва ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аз наздик ошно гардида, арзиши таърихию фарҳангии онро амиқтар дарк намоянд.
 
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧинидон – мероси нодири ҳунари ниёгон
Scroll to Top