Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷалби муҳассилини мактабҳо ба Осорхона

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

         Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз макони фарҳангӣ - маърифатӣ ба ҳисоб рафта, он дорои Осорхонаи таърихӣ, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи «Камоли Хуҷандӣ» ва «Қалъаи Хуҷанд» мебошад.

         Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамчун муассисаи илмӣ – тадқиқотӣ ва илмӣ – маърифатӣ дар толорҳои намоишии худ оид ба соҳаҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик маълумот дода, дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносӣ, эҳтиром ба мероси ниёгон саҳми арзанда мегузорад.

         Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тасмим гирифт, ки барои ҷалби муҳассилини мактабҳои миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузаронидани сайри илмӣ, ташкили лексияҳою дарсҳои кушод, ҳамчунин, дар давраи таътили зимистона қабули тамошобинонро бо сару либоси қаҳрамонони афсонавӣ «Бобои барфӣ» ва «Барфак» ба роҳ монда, намоиши «Номаҳои кушод» - ро, ки дар он номаҳои солинавии солҳои 70 – 80 – уми асри ХХ гузошта шудаанд, ташкил намояд.

         Аз рӯи маълумот дар як моҳи таътили зимистонаи муҳассилини мактабҳо аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 3375 нафар, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд 26 нафар, Хона – музейи Камолӣ Хуҷандӣ 568 нафар мактаббачагони мактабҳои миёнаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан намуданд.

         Бояд зикр намуд, ки нархномаи пардохти даромади осорхонаҳо ба муҳассилини МТМУ 1 – сомонӣ, ба сокинони шаҳру ноҳияҳо 2 – сомонӣ, барои меҳмонони хориҷии наздик 5 – сомонӣ ва барои меҳмонони хориҷии дур 10 – сомониро ташкил медиҳад.

 

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶалби муҳассилини мактабҳо ба Осорхона
Scroll to Top