User Rating: 



/ 1
- Details
-
04.08.2026 11:15
-
Азназаргузаронӣ: 19
Дар асл, сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими муаррифии таърих, фарҳанг ва ҳунари миллии ҳар як кишвар ба ҳибоб меравад. Ҳангоми сафар меҳмонон на танҳо аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дидан мекунанд, балки мехоҳанд бо худ як нишонаи хотирмон аз макони боздид бурда бошанд. Дар ин замина армуғонҳои хотиравӣ нақши муҳим дошта, ҳамчун пайванди фарҳангӣ байни меҳмон ба сарзамини дидашуда хизмат мекунад.
Дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар баробари дигар растаҳои ҳунарҳои мардумӣ растаи чаканафурӯшии армуғонҳои хотиравӣ низ фаъолият дорад, ки барои меҳмонон, бахусус сайёҳони хориҷӣ. шароити мусоид фароҳам оварда шудаст. Ин растаҳо барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ имконияти мусоид фароҳам меорад, ки пас аз тамошои осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихӣ арғумоне мувофиқи табъ интихоб ва харидори намоянд.
Ҳамзамон, дар ин раста навъҳои гуногуни арғумонҳо, аз ҷумла магнитҳо, нишонҳо, ҷузвдонҳои ороишӣ, расмҳои хотиравӣ, намунаҳои хурди ёдгориҳои таърихӣ ва дигар мааҳсулоти дастии ҳунармандон ба фурӯш гузошта шудаанд. Аксари онҳо ҳаҷми хурд дошта, барои ҷойгир намудан дар ҷайб ё бағоҷ хеле қулай мебошанд. Маҳз ҳамин хусусият онҳоро барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиб мегардонад. Зеро онҳо метавонанд бе душворӣ армуғонҳоро бо худ ба кишвари худ баранд ва ҳамчун ёдгорӣ ё туҳфа ба наздикону дӯстонашон тақдим намоянд.
Фаъолияти чунин растаҳо на танҳо ба меҳмонон хизмат мерасонад, балки барои рушди соҳибкории хурд, дастгирии ҳунармандони мардумӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон низ мусоидат мекунад. Ҳар як армуғони хотиравӣ бозгӯи таърих, ҳунар ва анъанаҳои миллӣ буда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои фарҳанги ғанӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Бале, ташкили чунин растаҳо дар ҳудуди “Қалъаи Хуҷанд” як иқдоми нек дар роҳи рушди сайёҳӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба меҳмонон мебошад. Арғумонҳои хотиравӣ на танҳо маҳсулоти фурушӣ, балки василаи муаррифии фарҳанги миллӣ ва пайвангари дӯстии байни миллатҳо ба ҳисоб меравад. Ҳар як ашёи хурди хотиравӣ дар худ нақшу нигор, завқи ҳунармандӣ ва арзишҳои фарҳангии миллати тоҷиконро таҷассум намуда, метавонад барои меҳмонон ҳамчун нишонаи хотирмон аз кишвари Тоҷикистон боқӣ гузорад. Маҳз тавассути чунин армуғонҳо сайёҳон бо як гӯшаи фарҳангу ҳунари тоҷикон шинос шуда, онҳоро ба дигарон муаррифӣ менамоянд. Онҳо ҳамчун пайвандгари дӯстӣ ва робитаи байни миллатҳо хизмат карда, барои таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ миёни халқҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Аз ин рӯ, фаъолияти растаи армуғонҳо дар “Қалъаи Хуҷанд” на танҳо ба рушди хизматрасонии сайёҳӣ мусоидат мекунад, балки дар ҳифз, тарғиб ва муаррифии мероси фарҳанги миллӣ низ нақши муҳим дорад. Ҳар як арғумоне, ки меҳмон бо худ мебарад, як пора хотира аз Хуҷанди бостонӣ ва нишонаи меҳмоннавозии мардуми тоҷик буда, гӯё як гӯшаи фарҳанги моро ба кишвари худ мебаранд, ки ба шинохти бештари фарҳангҳо мусоидат мекунад.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан