User Rating: 



/ 0
- Details
-
30.07.2026 10:24
-
Азназаргузаронӣ: 2
Тозагӣ ва ободонӣ аз нишонаҳои асосии фарҳанги ҷомеа ба шумор мераванд. Нигоҳдории муҳити тоза на танҳо ба зебоии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ меафзояд, балки эҳтиром ба мероси ниёгон ва ғамхорӣ нисбат ба меҳмонону сайёҳонро низ таҷассум мекунад.
Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аз ҷумлаи муҳимтарин марказҳои ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба ҳайати он Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот ба номи академик Нӯъмон Негматов, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Мақбараи рамзии Камоли Хуҷандӣ ва Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ шомил мебошанд. Ҳар яке аз ин бахшҳо дар нигоҳдорӣ, тарғиб ва муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик саҳми арзанда мегузоранд.
Барои таъмини тозагӣ, ободонӣ ва фароҳам овардани муҳити гуворо ба меҳмонон ва сайёҳон, ҳар субҳи барвақт рӯбандагони муассиса фаъолияти худро оғоз мекунанд. Онҳо роҳравҳо, ҷӯйборҳо, саҳнаҳо, гулгаштҳо, ҳудуди қалъаи таърихӣ ва боғи фарҳангиро бодиққат рӯбучин намуда, партовҳоро ҷамъоваришударо ба қуттиҳои махсуси партовпарто мепартоянд. Ин заҳмати ҳаррӯза имкон медиҳад, ки ҳар як меҳмон аз зебоӣ ва муҳити ороми ин макони таърихӣ баҳравар гардад. Ободонӣ танҳо ба тозагӣ маҳдуд намешавад, балки боғбонони муассиса ҳамзамон ба нигоҳбини гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтон, сабзазорҳо ва дигар унсурҳои муҳити боғи фароғати аҳамияти махсус медиҳанд. Бо чунин ғамхорӣ симои маҷмаа ҳамеша зебову дилнишин боқӣ мемонад ва барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, қабули меҳмонон ва истироҳати сокинон шароити мусоид фароҳам меорад.
Заҳмати кормандони бахши ободонӣ, гарчанде бештар паси парда анҷом дода шавад, лек ҳусну назокати тозагии ҳар як гӯшаи маҷмаа баръало равшан ба назар мерасад.. Бо вуҷуди заҳмати шабонарӯзии кормандони муассиса, баъзе шаҳрвандон ва меҳмонон ҳанӯз ҳам ба қоидаҳои одитарини тозагӣ риоя намекунанд. Гарчанде дар ҳудуди маҷмаа дар ҷойҳои мувофиқ, қуттиҳои партовгузорӣ гузошта шудаанд ва истифодаи онҳо барои ҳамагон дастрас аст, бархе аз истироҳаткунандагон пасмондаи ғизо, зарфҳои яккаратаи пластикӣ, халтаҳои салафанӣ ва дигар партовҳоро дар роҳравҳо, ҷӯйборҳо, майдончаҳо ё зери дарахтон мепартоянд. Чунин рафтор на танҳо ба намои зебои маҷмаа халал мерасонад, балки меҳнати ҳаррӯзаи рӯбандагонро низ нодида мегирад. Тозагӣ танҳо вазифаи рӯбандагон нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Агар ҳар як нафар пас аз истироҳат партови худро ба қуттиҳои махсус партояд ва ба муҳити атроф бо эҳтиром муносибат намояд, тозагӣ ва зебоии ин макони таърихию фарҳангӣ ҳифз гардида, барои дигарон низ фазои мусоид ва гуворо фароҳам меоварад. Ин амали нек далолат аз эҳтиром ба макони ҷамъиятӣ ва мероси фарҳангӣ аз фарҳанги баланди шаҳрвандӣ ва ҳисси масъулияти ҳар як шахс шаҳодат медиҳад.
Дар ҳифзи тозагӣ ва ободонии ҳар як гӯшаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чуноне ки дар боло қайд гардид, саҳми кормандон хело назаррас мебошад. Аммо нигоҳ доштани муҳити зист ҳамбастагиро мехоҳад, ки тозагӣ аз фарҳанги ҳар як инсон оғоз мегардад. Агар ҳар як сокин ва меҳмон ҳангоми истироҳат қоидаҳои одии тозагиро риоя намуда, партови худро ба қуттиҳои махсус партояд ва ба моликияти ҷамъиятӣ бо эҳтиром муносибат намояд, ин макони таърихию фарҳангӣ ҳамеша бо симои зебо ва фазои дилнишини худ меҳмононро истиқбол хоҳад гирифт.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан