Ҳунармандони тоҷик бо истифода аз чӯб, санг, гаҷ, сафол, мис, нуқра ва дигар маводҳо осоре меофариданд, ки ҳам аз ҷиҳати зебоӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷрои техникӣ беназир буданд. Санъатҳои кандакорӣ, наққошӣ, гаҷкорӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ аз маҳорати баланди онҳо шаҳодат медиҳад. Ҳар як нақшу нигор маъно ва рамзи худро дошта, ҷаҳонбинӣ, орзуву ормон ва эътиқоди мардумро инъикос мекард.
Зебоипарастии тоҷикон дар меъморӣ низ ҷойгоҳи хоса дошт. Қасрҳо, мадрасаҳо, масҷидҳо, корвонсаройҳо ва хонаҳои истиқоматӣ бо нақшу нигори нафис, кандакориҳои чӯбин, гаҷкориҳои мураккаб ва кошинкориҳои рангоранг оро дода мешуданд. Ҳар як унсури ороишӣ бо завқи баланд интихоб гардида, ҳамзамон дорои маънои рамзӣ буд. Ин анъанаҳои волои меъморӣ то имрӯз дар бисёр ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон ҳифз шудааст.
Маҳз ҳамин ҳисси баланди зебоипарастӣ боис гардид, ки тоҷикон дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта, мероси нодири моддӣ ва маънавиро барои наслҳои оянда ба ёдгор гузоранд. Имрӯз ин суннатҳои қадима идома ёфта, дар эҷодиёти ҳунармандони мардумӣ, рассомон, меъморон ва устоҳои кандакору наққош таҷассуми худро меёбад. Мисоли равшани он нақшу нигори толорҳои намоишии Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мебошад. Ҳунармандони чирадаст аз қабили Иномҷон Ахмедов, Бурҳон Алибоев, Солӣ Азизов, Толибҷон Зуҳуров, Абдураҳим Қодиров ва дигар устоҳои соҳибзавқ ҳунари волои худро бо завқи баланд ба таври бисёр зебо нишон додаанд, ки ин ба толорҳо шукӯҳу шаҳомат ва ҷаззобияти хос бахшидааст. Ҳар як унсур ва нақшу нигори ороишии толорҳо дорои мазмун ва рамзи хоси худ буда, ҷаҳонбинӣ, завқи баланди зебоипарастӣ ва суннатҳои деринаи халқи тоҷикро таҷассум менамояд. Ҳунармандони ин толорҳо асосан дар эҷодиёти худ нақшҳои ислимӣ, ҳандасавӣ ва дигар унсурҳои ороиширо истифода бурдаанд, ки онҳо бо ҳамоҳангии рангу шакл фазои бошукӯҳу дилнишинро ба вуҷуд овардаанд ва бо ин таваҷҷӯҳи бинандаро ба худ ҷалб менамояд.
Яке аз чунин нақшҳо ин “ситораи ҳаштгӯша” мебошад, ки ҳунармандон ин нақшро ҳам дар кандакорӣ, ҳам дар гаҷкорӣ ва ҳам дар сангтарошию фаршҳо ба таври васеъ истифода намудаанд. Ҳатто қисмати поёни фаввораҳои саҳни маҷмаа низ бо ин намуд оро ёфтаанд.
Умуман “ситораи ҳаштгӯша” яке аз унсурҳои асосии нақшу нигори миллӣ буда, дар ороиши толорҳои намоишии Қалъаи Хуҷанд мавқеи хосро ишғол мекунад. Ин нақш на танҳо барои зебоии толорҳо истифода шудааст, балки дорои мазмуни амиқи рамзӣ низ мебошад.
Дар фарҳанги тоҷикон ситораи ҳаштгӯша пеш аз ҳама рамзи ҳашт самти дунё аст. Ҳашт нӯги он ба чор самти асосӣ: шимол, ҷануб, шарқ ва ғарб ва чор самти мобайнӣ: шимолу шарқ, шимолу ғарб, ҷанубу шарқ ва ҷанубу ғарб ишора мекунад. Ин маънои ягонагӣ, ҳамоҳангӣ ва муназзамии оламро таҷассум месозад. Инчунин, баъзе аз муҳаққиқон ин рамзро бо тартиби коинот, яъне сайёраҳои низоми Офтоб, ки 8 адад мебошанд алоқаманд мекунанд.
Дар баъзе тафсирҳои исломӣ ситораи ҳаштгӯша инчунин ба ҳашт дари ҷаннат нисбат дода мешавад. Аз ин рӯ, дар меъмории давраи исломӣ ин нақш на танҳо унсури ороишӣ, балки рамзи маънавӣ низ маҳсуб меёфт.
Ҳамзамон, ситораи ҳаштгӯша рамзи камолот, нур, баракат ва сулҳу осоиш низ мебошад. Аз ин рӯ, ниёгони мо онро дар ороиши қасрҳо, мадрасаҳо, масҷидҳо ва хонаҳои бошукӯҳ истифода мебурданд. Бовар ба он буд, ки ин рамз ба макон файзу баракат мебахшад ва ҳусну назокати онро афзун мекунад.
Дар толорҳои намоишии Қалъаи Хуҷанд ҳунармандони тоҷик ин нақшро бо дигар унсурҳои ислимӣ ва ҳандасавӣ ба ҳам пайвастаанд. Ин ҳамоҳангӣ ва маорати баланди ҳунармандон, завқи зебоипарастии онҳо ва ҷаҳонбинии амиқи ниёгони тоҷик шаҳодат медиҳад.