«Ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва нигоҳдории муҳити зист яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа мебошад.»
Эмомалӣ Раҳмон
Таъриху фарҳанг ва табиати нотакрори Тоҷикистон ду рукни асосии ҳувияти миллии тоҷикон ба шумор мераванд. Кишвари беназири Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланди осмонбӯс, дарёҳои мусаффо, мамнуъгоҳҳо ва минтақаҳои махсус муҳофизатшавандаи табии буда, ҳамчун кишвари дорои табиати ғанӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Маҳз ба ҳамин хотир, таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, нигоҳдории гуногуни биологӣ ва муаррифии мероси табии дар меҳвари сиёсати давлат қарор доранд.
Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “ Қалъаи Хуҷанд” дар баробари муаррифии таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, инчунин дар тарғибу сарватҳои нодири табии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳми арзишманд мегузорад. Яке аз намунаҳои ҷолиби толори намоишии “ Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ” мусаввараи Мамнуъгоҳи давлатии табиии “Бешаи палангон“ мебошад. Ин асар аз ҷониби рассоми мардумии Тоҷикистон А. Убайдуллоев бо маҳорати баланди касбӣ ва бо завқи эҷодӣ офарида шудааст. Андозаи мусаввара 145х195 см буда, бо таркиби бадеӣ, рангубори зебо ва инъикоси манзараҳои нотакрори табиати мамнуъгоҳ диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Асар на танҳо арзиши баланди бадеӣ дорад, балки ҳамчун воситаи муаррифии мероси табии Тоҷикистонро касб намуда, дар баланд бардоштани маърифати экологӣ ва эҳсоси ифтихори миллӣ миёни тамошобин нақши муассир мегузорад. Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Бешаи палангон», аз ҷумлаи нахустин минтақаҳои махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон буда, он соли 1938 таъсис ёфта, дар соҳили дарёи Вахш, дар қисми ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ҳадафи асосии таъсиси он ҳифз ва нигоҳдории нодири туқайӣ, олами бойи набототу ҳайвонот ва захираҳои табии ин минтақа мебошад. Ин сарзамин барои нигоҳдории мувозинати экологӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва омӯзиши илмии захираҳои табии аҳамияти калон дорад. Ҳамзамон, дар гузашта ин минтақа макони зисти паланги тӯронӣ ба шумор мерафт. Мутаассифона, тибқи маълумотҳои илмӣ, паланги тӯронӣ дар натиҷаи тағйир ёфтани муҳити зист, коҳиш ёфтани захираҳои ғизоӣ ва таъсири фаъолияти инсон аз табиат комилан нест гардидааст. Бо вуҷуди ин номи мамнуъгоҳ то имрӯз ҳамчун рамзи арзиши таърихӣ ва табии минтақа бо номи “Бешаи палангон” боқӣ мондааст. Гузашта аз ин дар ҳудуди мамнуъгоҳ даҳҳо намуди ҳайвоноти ширхӯр, ҳазорон намуди парандагони муқимӣ ва муҳоҷир, инчунин растаниҳои нодир мавҷуд буда, аз зарурати ҳифзи ҳайвоноти нодир ва нигоҳдории ҷангалҳои туғайи барои нигоҳ доштани тавозуни экологии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Аз ин лиҳоз, мамнуъгоҳи давлатии табиии «Бешаи палангон» на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ арзиши баланди илмӣ ва экологӣ дорад. Бале, асаре ки дар толори намоишии “ Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ”-и Қалъаи Хуҷанд ба намоиш гузошта шудааст, бо истифода аз рангҳои табии зебоии манзараҳои туғайӣ, дарахтони сарсабз, соҳилҳои дарёи Вахш ва фазои орому фараҳбахши табиатро инъикос менамояд. Ҳар як ҷузъиёти асар аз муҳаббати рассом ба Ватан ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки асари мазкур на танҳо намунаи санъати тасвирӣ, балки воситаи муассири тарбияи экологӣ низ ба шумор меравад. Тамошобин зимни дидани он дарк мекунад, ки ҳифзи табиат вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи муҳити зист ҷойгоҳи махсус дорад, ки Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд:«Табиат неъмати бебаҳои Худованд буда, ҳифзу нигоҳдории он қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.»
Ин дастуру ҳидоятҳо аҳамияти баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати экологии ҷомеаро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, дар баробари муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, осорхонаҳо низ дар ташаккули ҷаҳонбинии экологӣ, тарғиби муносибати оқилона нисбат ба табиат ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ саҳми назаррас мегузоранд. Толорҳои намоишии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” имрӯз ба яке аз маконҳои муҳими муаррифии фарҳанг ва табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Дар ин толорҳо осори таърихиву фарҳангӣ, намунаҳои санъати тасвирӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва нигораҳои марбут ба мероси табии кишвар ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Расми Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Бешаи палангон» низ аз ҷумлаи чунин асарҳои арзишманди санъати тасвирӣ ба ҳисоб меравад. Ин асар бо тасвири зебои манзараҳои табии мамнуъгоҳ, гуногунии олами набототу ҳайвонот ва муҳити нотакрори он тавонистааст дар замири бинанда, ҳисси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба табиат ва масъулиятшиносиро нисбат ба ҳифзи сарватҳои табии бедор намояд. Дар замони муосир, ки ҷаҳон бо мушкилоти ҷиддии экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, нобудшавии баъзе намудҳои нодири набототу ҳайвонот ва коҳиши гуногунии биологӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ҳифзи минтақаҳои махсус муҳофизатшавандаи табии аҳамияти хос пайдо мекунад. Мамнуъгоҳе чун “Бешаи палангон” на танҳо намудҳои нодир, балки ҳамчун мероси гаронбаҳои табии барои наслҳои оянда арзишманд мебошанд. Аз ин рӯ, муаррифии чунин мавзеъҳои нодири табии тавассути осорхонаҳо, асарҳои рассомӣ, намоишгоҳҳо ва барномаҳои фарҳангию маърифатӣ аҳамияти бузург дорад. Ин гуна ташаббусҳо ба баланд бардоштани маърифати экологӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ташаккули муносибати масъулона нисбат ба муҳити зист дар байни ҷомеа, бахусус насли наврас мусоидат менамояд.

Шоирахон Атаева - роҳбалади
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”