Пайдоиши санги тарозу ба давраҳои қадими рушди ҷомеаи инсонӣ рост меояд. Бо густариши тиҷорат зарурати муайян намудани вазни молҳо ба миён омад. Дар давлатҳои қадими Шарқ, аз ҷумла Бобул, Миср, Эрон ва Мовароуннаҳр низоми муайяни вазнченкунӣ амал мекард.
Дар Осиёи Марказӣ истифодаи тарозу ва сангҳои вазнӣ аз замонҳои қадим маълум аст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ аз шаҳрҳои қадимаи Панҷакент, Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд далели истифодаи чунин воситаҳо мебошанд. Дар асрҳои IX–X, замони ҳукмронии Сомониён, рушди савдо ва ҳунармандӣ талаб мекард, ки вазнҳои дақиқ ва ягона мавҷуд бошанд. Аз ҳамин сабаб давлат ба назорати воситаҳои ченкунӣ аҳамияти махсус медод.
Давраи Сомониён яке аз марҳилаҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва фарҳангии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Дар ин давра шаҳрҳои бузург ба марказҳои тиҷоратӣ табдил ёфта буданд. Савдои дохилӣ ва хориҷӣ ба воситаи роҳҳои корвонӣ амалӣ мегардид.
Барои таъмини дурустии муомилоти тиҷоратӣ сангҳои тарозу бо меъёрҳои муайян сохта мешуданд. Баъзе аз онҳо дорои навиштаҷот ва муҳрҳои давлатӣ буданд. Аз ҷумла, санги тарозуе маълум аст, ки дар он номи Исмоили Сомонӣ ҳаккокӣ шудааст. Ин бозёфт аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат ба масъалаи назорати вазн ва таъмини адолат дар бозорҳо диққати ҷиддӣ медод. Сохтани санги тарозу яке аз навъҳои ҳунарҳои амалӣ ба шумор мерафт.
Пас аз интихоби мавод усто онро бо асбобҳои махсус тарошида, ба шакли зарурӣ медаровард. Шаклҳои маъмултарини сангҳои тарозу мудаввар, силиндршакл, конусмонанд ва чоркунҷа буданд.
Муҳимтарин марҳилаи кор муайян намудани вазни дақиқ ба ҳисоб мерафт. Барои ин устоён аз намунаҳои расмии вазн истифода мекарданд. Ҳар як санг бояд ба меъёрҳои муайян мутобиқ мебуд.
Баъди анҷоми коркарди асосӣ дар рӯи баъзе сангҳо рақамҳо, аломатҳо, навиштаҷот ё номи ҳокимон ҳаккокӣ карда мешуд. Ин амал на танҳо арзиши бадеӣ, балки аҳамияти ҳуқуқӣ низ дошт.
Имрӯз сангҳои тарозу ҳамчун манбаъҳои муҳими таърихӣ арзёбӣ мешаванд. Онҳо дар бораи сатҳи рушди иқтисодӣ, ҳунармандӣ ва фарҳанги ҷомеа маълумоти арзишманд медиҳанд. Навиштаҷот ва нақшу нигорҳои рӯи онҳо барои омӯзиши таърихи давлатдорӣ, хаттотӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти бузург доранд.
Дар осорхонаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя намунаҳои гуногуни сангҳои тарозу нигоҳдорӣ мешаванд, ки қисми муҳими мероси фарҳангии халқҳои минтақа ба ҳисоб мераванд. Ҳамин гуна акси санги тарозу бо навиштаҷот, ки номи Исмоили Сомонӣ дарҷ гардидааст дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар мавзуи Маданияти халқҳои Осиё Миёна дар X-XI ба намоиш гузошта шудааст.
Юлдошева Умеда - роҳбалади