Дар ҷомеа шахсоне ҳастанд, ки бо меҳнати содиқона, меҳнатдӯстӣ ва муносибати нек ба кор дар рушди соҳае, ки интихоб намуданд, саҳми арзанда мегузоранд. Фаъолияти ҳаррӯзаи чунин инсонҳо намунаи ибрат буда, таҷриба ва роҳи тайкардаи онҳо барои наслҳои оянда аҳамияти муҳим дорад.
Яке аз чунин шахсиятҳо Мирмуҳаммедова Биомина мебошад, ки фаъолияти меҳнатии худро бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба вазифаи хеш пеш бурда дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳамчун корманди масъул фаъолияти пурсамар дорад.
Мирмуҳаммедова Биомина 28 –уми ноябри соли 1966 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ӯ аз овони кӯдакӣ дар муҳити меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия ёфта ба касбомӯзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд. Солҳои 1974 – 1984 дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 17-и шаҳри Хуҷанд таҳсил намуда, давраи муҳими ташаккули шахсияти худро сипарӣ намудааст. Дар солҳои таҳсил ӯ ҳамчун хонандаи фаъол ва кӯшишманд барои ба даст овардани донишҳои зарурӣ талош менамуд. Пас аз хатми мактаби миёна Мирмуҳаммедова Биомина фаъолияти меҳнатии худро оғоз намуда, дар фабрикаи дӯзандагии ба номи “Крупская”-и шаҳри Хуҷанд ба ҳайси мудири анбор ба кор пардохтааст. Дар ин давра ӯ ҳамчун корманди масъул таҷриба андӯхта, вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо бо масъулияти баланд иҷро менамуд.Бо сабабҳои тақозои замон бозмондани корхона ӯ роҳи меҳнатии худро идома дода, соли 1996 дар корхонаи дӯзандагии муштараки ба номи “Сино” ба ҳайси дӯзанда фаъолият намуд. Меҳнатдӯстӣ, малакаи касбӣ ва муносибати ҷиддӣ ба кор аз сифатҳои асосии фаъолияти ӯ ба шумор мерафтанд. Пас аз барҳам хӯрдани корхонаи мазкур, соли 2015 Мирмуҳаммедова Биомина фаъолияти меҳнатии худро дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” оғоз намуд. Айни замон ӯ дар ин муассиса ба ҳайси оростакор фаъолият намуда дар пешбурди меҳнатиаш саҳми худро мегузорад.
Қобили зикр аст, ки бахшида ба таҷлили 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки моҳи майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Коҳи фарҳангии Суғдиён” бо иштироки меҳмонон, устодон, донишмандон ва таърихшиносон дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид, Мирмуҳаммедова Биомина барои саҳми арзанда ва фаъолияти пурсамараш аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд.
Дар баробари фаъолияти меҳнатии пурсамар, Биомина ҳамчун зани хоксор, хушмуомила ва меҳнатдӯст миёни ҳамкорон соҳиби обрӯю эътибори баланд дорад. Чеҳраи ҳамеша кушод ва табассуми самимии ӯ ба муҳити корӣ гармӣ бахшида, муносибати некаш бо кормандон боиси эҳтироми ҳамагон шудааст. Ӯ ба тозагӣ ва тартибу низом аҳамияти махсус дода, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамояд. Масъулиятшиносӣ, меҳрубонӣ ва муносибати содиқона ба вазифа аз хислатҳои барҷастаи ӯ ба шумор меравад. Яке аз машғулиятҳои дӯстдоштаи Биомина гулпарварӣ мебошад, ки завқи баланди ӯ ба парвариши гулҳо бозгӯи меҳри зебопарастӣ ва таваҷҷуҳ ба ободию таровати муҳити атроф аст. Гулҳои сабзидаву шукуфони парвардаи ӯ на танҳо зебогии муҳити атрофро таъмин менамояд, балки ифодагари табъи зебопарастӣ ва қалби пурмеҳри ӯ мебошад. Биомина аз гулҳои парваришкардаи худ ба шахсони наздик ва дӯстону шиносон ҳадя мекунад, ки ин амали нек гувоҳи меҳрубонӣ, самимият ва хоҳиши ба дигарон бахшидани шодиву зебоӣ мебошад.
Ҳамин тавр, роҳи тайкардаи зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии Мирмуҳаммедова Биомина намунаи ибрат барои ҳар як инсони меҳнатдӯст мебошад. Ӯ бо заҳмати ҳалол, масъулиятшиносӣ ва муносибати самимӣ ба кор тавонистааст, дар байни ҳамкорон соҳиби эҳтиром ва эътибор гардад. Имрӯз низ Биомина бо нерӯи тоза ва ҳисси баланди масъулият дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” фаъолияти худро идома дода, дар ҳифзу тарғиби арзишҳои фарҳангӣ, тозаву озода нигоҳ доштани толорҳои намоишӣ саҳми арзанда мегузорад. Меҳнати софдилона, ахлоқи ҳамида ва зани солеҳа чун корманди намунавӣ ва шахси нексиришт муаррифӣ менамояд.
Албатта, роҳи пуршарафи меҳнат ва садоқати Мирмуҳаммедова Биомина ба касби интихобкардааш гувоҳи он аст, ки меҳнати ҳалол ва муҳаббат ба кор ҳеҷ гоҳ беқадр намемонад. Ӯ бо фаъолияти пурсамар ва хислатҳои неки инсонӣ тавонистааст дар байни ҳамкорон обрӯю эътибори баланд касб намояд.
Бешубҳа, заҳмати чунин инсонҳои меҳнатдӯст ҳамеша сазовори қадрдонӣ буда, зиндагӣ ва фаъолияти онҳо барои наслҳои ҷавон ва ҳамагон намунаи ибрат мебошад. Орзу дорем, ки Биомина минбаъд низ бо неруи тоза, сиҳатмандӣ ва руҳияи созанда фаъолияти пурсамари худро идома дода ба комёбиҳои меҳнатӣ боз ҳам бештар ноил мегардад.