Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хуми дугӯша- шоҳиди хомӯши таърихи тоҷикон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Осорхонаҳо ганҷинаи таърих ва фарҳанги ҳар миллат ба шумор мераванд. Дар онҳо нигораҳое ҳифз шудаанд, ки аз рӯзгори гузаштагон, ҳунари аҷдодон ва тарзи зиндагии онҳо ҳикоят мекунанд. Яке аз чунин нигораҳои арзишманд хуми гилини дугӯша дар толори намоишии “Ҳаёти халқи тоҷик дар давлати Шайбониён ( асри XVI)”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ин нигора на танҳо намунаи ҳунарибаланди кулолгарони тоҷикаст, балки аз фарҳанги рӯзгор ва сатҳи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар аҳди Шайбониён шаҳодат медиҳад.
Ин хуми қадима намунаи нодири санъати кулолгарии мардуми тоҷик буда, аз сатҳи баланди ҳунармандӣ ва таҷрибаи чандинсолаи устоҳои кулолгарии он давраро нишон медиҳад. Хум аз гили хушсифат омода гардида, дорои ду даста ё гӯшак мебошад. Ҳангоми тамошои ин нигора дар зеҳни бисёре аз тамошобинон саволе пайдо шавад: чаро ин хум дугӯша аст? Ба гуфти муҳаққиқон, ду гӯшаи хум пеш азҳама аҳамияти амалӣ дорад. Азбаски чунин хумҳо калон ва вазнин ҳастанд, бо дугӯш онҳоро бо ресмон ё бо дасти ду нафар бардоштану ҷойивазкунӣ осонтар мегардад. Ҳамчунин ду гӯшак барои нигоҳ доштани устувории хум ҳангоми интиқол ва истифода мусоидат мекунад.Илова бар ин мавҷудияти ду гӯшак аз такомули ҳунари кулолгарӣ дарак медиҳад. Кулолгарон зарфҳоро на танҳо барои нигоҳдории об, ғалла, равған ва дигар маҳсулот, балки бо назардошти роҳати истифода низ месохтанд.
Хуми мазкур бо шакли муносиб, деворҳои мустаҳкам ва коркарди босифати худ аз дигар зарфҳои рӯзгор фарқ мекунад. Дар қарнҳои гузашта чунин хумҳо бештар барои нигоҳдории об, ғалла, равған, шарбат ва дигар маҳсулоти ғизоӣ истифода мешуданд. Ҳаҷми калон ва устувории он имкон медиҳад, ки маводи ғизоӣ муддати тӯлонӣ бо сифати хуб нигоҳ дошта шавад.
Ин бозёфти нодири бостоншиносӣ на танҳо аз тарзи зиндагӣ ва рӯзгори мардум дар аҳди Шайбониён маълумот медиҳад, балки сатҳи рушди ҳунарҳои мардумӣ, бахусус кулолгариро низ инъикос менамояд. Бо шарофати чунин нигораҳо тамошобинон метавонанд бо фарҳанги моддӣ, анъанаҳои рӯзгор ва маҳорати ҳунармандони тоҷик дар асрҳои гузашта аз наздик ошно шаванд.
Имрӯз хуми дугӯша ҳамчун яке аз нигораи арзишманди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба маърази тамошо гузошта шуда, таваҷҷуҳи меҳмонон, муҳаққиқон ва дӯстдорони таъриху фарҳанги миллиро ба худ ҷалб менамояд.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХуми дугӯша- шоҳиди хомӯши таърихи тоҷикон
Scroll to Top