User Rating: 



/ 0
- Details
-
22.07.2026 14:10
-
Азназаргузаронӣ: 7
Агар ба саргузашти таърихи ҳунармандони мардумӣ, бахусус ба ҳунари касбии бофандагӣ назар афканем, дар замони худ басо паҳн ва равнақ ёфта будааст. Дар ҳолати шуруъ ба кор чархи ресмонресиро бофандагон бо даст ба ҳаракат медароварданд, ки сохтораш хело сода сохта, устоҳои чархсоз асосан аз чӯби дарахти зардолу, тут , чормағз ва арча сохта ба истифода медоданд. Албатта, шакли пайвастшавии чарх ба кундаи душоха насб карда мешавад, ки пояҳои он парра ва тирро нигоҳ медорад. Ресандабофон тавассути таноб дукаро ( лӯнда) дар чархак ҷой дода, онро дастӣ давр мезанонанд. Риштаҳои ресидашуда баъдан аз дук ба найчаҳои калону хурд печида мешаванд. Найчаҳои калон тута ё милут номгузорӣ карда шудааст, ки маъмулан дар онҳо ришта барои тор печида мешаванд.
Дигаре, найчаи хурд барои печидани риштаи пуд ба моку гузошта мешавад. Ресидани ришта асосан шуғли заҳматталаб буда, вақти зиёдро талаб мекунад. Ҳунармандони касбӣ дастгоҳи бофандагиро, монанди чархи гардун ба гардиш медароранд, ки аз он риштаҳои бофташуда барои коркард ба монанди матоъҳои пахтагин, абрешимӣ ва нимаабрешимӣ истифода бурда мешаванд.
Нигораи нодире, ки таваҷҷуҳи меҳмононро дар ҳавлии тоҷири Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”ба худ ҷалб мекунад, чархи ресмонресӣ бо аломати қайди моликият мебошад. Ин бозёфти нодир таҳти №142 дар фонди осорхона ба қайд гирфта шуда , ба асри IX мансуб мебошад.
Аз ҷониби бофандагони касбӣ риштаи истеҳсоли матоъҳои пашмӣ, ки” рағза” номида мешавад, барои дӯхтани чакман истифода бурда мешуданд. Албатта, бо пешрафти тараққиёти муосири технологияи бофандагӣ, дар баъзе ҷойҳои минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷониби ҳунармандони касбӣ бофтани матоъҳои борики пашмӣ, барои омода намудани лавозимоти зиндагӣ, ба монанди шолча, чодар, пойтоба, халтаи борбарӣ- хӯрҷин ва ғ. бофта ба истифода дода мешаванд, ки чунин матоъҳо дар растаю мағозаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар дидан мумкин аст.
Дар ҳар давру замон шуғли ҳунарҳои мардумӣ, бахусус, касби ресандагӣ дар қатори дигар ҳунарҳои миллӣ ҳамчун яке аз машғулиятҳои ифтихорӣ ва арзишманди мардумӣ ба шумор меравад. Ин ҳунари қадима аз насл ба насл гузашта, ҳамчун қисми муҳими фарҳанг ва таърихи халқ нигоҳ дошта шудааст. Арзиши касби ресандагӣ танҳо дар фаъолияти меҳнатӣ маҳдуд намешавад.Он дар худ таърихи зиндагӣ, урфу одат, ҷаҳонбинӣ ва завқи ҳунарии мардумро таҷассум менамояд
Дар замони муосир бо вуҷуди рушди босуръати технологияҳои саноатӣ, касби ресандагӣ аҳмияти худро аз даст надодааст. Баръакс. Таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун як қисми мероси фарҳангӣ бештар гардида,барои эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди ҳунармандӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Маҳсулоти дастии ҳунармандон имрӯз на танҳо арзиши истифодаӣ, балки арзиши таърихӣ ва фарҳангӣ низ доранд. Аз ин рӯ, ҳунармандони ресандагӣ бо маҳорати баланд ва меҳнати пурзаҳмат маҳсулоти зебо ва босифат офарида, ин ҳунари аҷдодиро зинда нигоҳ медоранд.
Валӣ Набизод-котиби маркази
иттилоолии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан