Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Гулҳо дар гармои тобистон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Ҳар субҳ, вақте нурҳои офтоб аз уфуқ сар боло мекунанд, гулҳои рангоранги Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо таровати хоси худ ба истиқболи сокинон ва меҳмонони шаҳр мебароянд. Аммо паси ин зебоӣ дар рӯзҳои гарми тобистон заҳмати зиёд ва нигоҳбини пайвастаи дасти боғбонон меистад.
Тағийрёбии иқлим ва шиддат гирифтани гармои фасли тобистон дар солҳои охир ба муҳити зист таъсири худро бештар нишон медиҳад. Ҳарорати баланд, хушкшавии босуръати хок ва ниёзмандии бештари растаниҳо ба обёрӣ нигоҳ доштани гулзорҳо ва майдончаҳои сабзазорҳоро ба як кори масъулиятнок табдил додааст.
Дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз мавзеъҳои дӯстдоштаи истироҳати сокинон мебошад, гулҳои мавсимии гуногун, аз ҷумла гулҳои ороишии рангоранг бо вуҷуди шароити душвори ҳарорати баланди ҳаво нигоҳбини махсус талаб мекунанд. Боғбонон ҳар рӯз бо истифода аз таҷриба ва меҳнати худ барои ҳифзи ҳар як ниҳол талош меварзанд.
Дар чунин рӯзҳои гарм растаниҳо ба нигоҳбин бештар ниёз доранд. Обёрӣ бояд саривақт анҷом дода шавад, зеро ҳатто як рӯзи беобӣ метавонад ба ҳолати гулҳо таъсир расонад. Мо кӯшиш мекунем, ки маҷмааи фарҳангию фароғатӣ ҳамеша сабзу хуррам ва барои истироҳатӣ шаҳрвандон гуворо бошад – мегӯяд, Абдусалом Қурбонзода- директори боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ
Ба гуфтаи мутахассисон, шароити нави иқлимӣ водор месозад, ки дар интихоби навъҳои растаниҳо тарзи нигоҳбин ва истифодаи агротехникӣ муносибати оқилона ба роҳ монда шавад. Зеро кабудизорҳо на танҳо барои зебоӣ, балки барои беҳтар намудани ҳаво ва фароҳам овардани муҳити солим аҳамияти калон доранд.
Имрӯз ҳар як гӯшаи сабзи боғи фарҳангӣ бозгӯи меҳнати боғбононест, ки дар гармии тобистон барои нигоҳ доштани зебоии табиат заҳмат мекашанд. Зеро, ки рангҳои зиндаи гулҳои рангоранг, наҳкати фораму дилангези онҳо ва сояи салқини дарахтони сабз дар шомгоҳон дар назди фаввораҳо муҳити зебо ва оромбахшро ба вуҷуд меоранд. Ин манзара ба сокинону меҳмонон ҳисси оромӣ, болидахотирӣ ва нерӯи тоза мебахшад. Ҳамчунин,чунин макоҳо барои сайру гашт, истироҳат ва гузаронидани вақти хуш бо аҳли хонавода ва дӯстону наздикон хеле мувофиқ мебошанд.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГулҳо дар гармои тобистон
Scroll to Top