Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз қаҳвамайдакунаки қадима то як пиёла қаҳва

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
 Дар асл, қаҳва яке аз маъмултарин нӯшокиҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки на танҳо барои бедорӣ, балки барои лаззати руҳӣ ва фарҳанги махсуси истеъмолаш қадр карда мешавад. Таърихи қаҳва садсолаҳо пеш оғоз ёфта, имрӯз ба як ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии ҳаррӯзаи инсон табдил ёфтааст.
Бояд гуфт, ки ватани аслии қаҳва кишвари Эфиопия ба шумор меравад. Маҳз дар ин сарзамин, тибқи ривоятҳои таърихӣ, аввалин бор инсонҳо хусусиятҳои нерӯбахши донаҳои қаҳваро кашф карданд. Яке аз қиссаҳои машҳур ба чӯпон бо номи Калдӣ марбут аст. Гуфта мешавад, ки ӯ пай бурд, ки бузҳояш баъди хӯрдани меваҳои дарахти қаҳва хеле фаъол ва пурэнергия мешаванд. Пас аз ин мушоҳида, одамон низ ба истифодаи ин донаҳо шуруъ карданд. Аз сарзамини Эфиопия қаҳва ба кишварҳои дигари Шарқи Наздик, махсусан ба Яман паҳн гардид. Дар он ҷо қаҳва аввалин бор ҳамчун нӯшокӣ омода шуда, тадриҷан маъруфият пайдо кард. Баъдан тавассути роҳҳои тиҷоратӣ, қаҳва ба Шарқи Наздик ва сипас ба Аврупо ва дигар қисматҳои ҷаҳон роҳ ёфтааст. Имрӯз қаҳва на танҳо як нӯшокӣ, балки қисми муҳими фарҳанг ва иқтисодии бисёр кишварҳо мебошад. Гарчанде ки қаҳва имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон паҳн шудааст ва қариб дар ҳама ҷо парвариш ва истифода мешавад, аммо кишвари Эфиопия ҳамчун ҷойе шинохта мешавад, ки қаҳва аввалин бор аз он сарчашма гирифтааст. Яъне, аз нигоҳи таърих, ватани аслии қаҳва маҳз Эфиопия ҳисоб мешавад.
Хусусияти муҳимтарини қаҳва дар он аст, ки дар таркибаш моддае бо номи кофеин дорад. Кофеин ба кори мағзи сари инсон таъсир мерасонад, инсонро бедор,серҳаракат, ҳушёр ва фаъолтар мекунад, хастагиро камтар ҳис мекунад. Илова бар ин, қаҳва дорои антиоксидантҳо буда, метавонад ба беҳтар шудани ҳолати умумии организм мусоидат кунад. Аммо, истеъмоли он бояд муътадил бошад, зеро истифодаи аз ҳад зиёди қаҳва метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад. Тарзи истеъмоли қаҳва дар кишварҳо ва фарҳангҳои гуногун фарқ мекунад. Баъзеҳо қаҳваро сиёҳ ва бе шакар менӯшанд, дигарон бошанд, онро бо шир, қаймоқ ё шакар омехта мекунанд. Навъҳои машҳури қаҳва, ба монанди экспрессо, капучино ва латте, ҳар кадом тарзи махсуси омодасозӣ доранд.
Дар шароити хона, барои омода кардани қаҳва аксар вақт аз дастгоҳи майдакунандаи ( кофемолка) махсус истифода мебаранд. Чунин дастгоҳ донаҳои қаҳваро майда- майда карда , мазза ва бӯйи аслии онро нигоҳ медорад. Дастгоҳи муосири барқӣ бошад, имкони танзими дараҷаи майдакуниро дорад, ки хеле майда намуда , барои эспрессо омода месозад.
Дар ҳудуди Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ҳавлии ҳунармандони мардумӣ ҷойгир аст, ки яке аз он ҳавлии тоҷир мебошад. Дар он намунаи нодири дастгоҳи қадимаи қаҳвамайдакунак, тааллуқ ба асри XIX, дар қатори дигар ашёҳои қадима нигоҳ дошта мешаванд. Ин дастгоҳ, ки беш аз сад сол таърих дорад, бо металли махсуси мисин сохта шуда, дастаки чархгардон дорад, ки бо дасти идора карда мешавад. Барои майда кардани донаҳои қаҳва, онро ба дохили дастгоҳ андохта бо чарх гардонидан майда мекунанд. Ин гуна ёдгориҳои таърихӣ на танҳо воситаи одии рӯзгор буданд, балки нишондиҳандаи сатҳи фарҳанг ва тиҷорати замони худ низ ба шумор мераванд. Имрӯз чунин дастгоҳи қадима барои тамошобинон ва сайёҳон ҳамчун намунаи мероси фарҳангӣ пешниҳод карда мешавад, ки таваҷҷуҳи зиёдеро ба худ ҷалб мекунад.
Ҳамин тавр, қаҳва аз як нӯшокии одӣ фаротар рафта, ба рамзи фарҳанг, таърих ва технология табдил ёфтааст. Аз дастгоҳи қадимаи дастӣ то таҷҳизоти муосири барқӣ роҳе, ки қаҳва тай намудааст, хело ҷолиб ва омӯзанда мебошад.
 
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз қаҳвамайдакунаки қадима то як пиёла қаҳва
Scroll to Top