User Rating: 



/ 0
- Details
-
22.07.2026 13:48
-
Азназаргузаронӣ: 7
Воқеан, аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки Маҳастии Хуҷандӣ зани хело хушрӯй, ҷамила ва ҳунарманде буда , дар миёни занон суханвари форсизабон бо тавоноии табъ ва завқи саршори худ мақоми шоиста пайдо кардааст.
Маҳастии Хуҷандӣ ҳамчун шоири рубоисаро ва зани донишманду соҳибистеъдод шинохта мешавад. Дар бораи зиндагии ӯ маълумоти дақиқи таърихӣ кам аст. Аз ҳамин сабаб дар тӯли асрҳо қиссаҳои гуногун дар бораи ӯ пайдо шуданд.Дар бораи замони зиндагии Маҳастӣ низ андешаҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ӯро ба давраи ҳукмронии Маҳмуди Ғазнавӣ ( 998-1030) нисбат медиҳанд. Ин назар бар асоси баъзе ривоятҳо ва ишораҳои адабӣ пайдо шудааст.
Гуруҳи дигар замони ӯро ба давраи Султон Санҷар (1118-1157) ва дарбори Салҷуқиён вобаста медонанд. Ин назар имрӯз бештар пазируфта мешавад, зеро баъзе сарчашмаҳо Маҳастиро ба муҳити адабии асри XII наздик мекунанд.
Ин табъи пурназокату баландпарвоз дар байни солҳои 502-508 ҳиҷрӣ ( 1108- 1115 мелодӣ ) дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Падараш одами бофазилати замон буда , духтарашро дар синни 14 – солагиаш ба мактаб мефиристад. Истеъдоди духтарак дар синни даҳсолагиаш маълум мешавад. Ӯ дар баробари илмҳои дигар илми мусиқишиносиро азхуд намуда то синни 20 – солагӣ дар шаҳри Хуҷанд умр ба сар мебарад. Маҳастӣ ҳам дар ҳусну малоҳат ва ҳам дар илму ҳунар ҳамтое надошт. Аз овони кӯдаки аз падараш сабақ гирифта омӯзиши илми замони худро аз худ намуда, бештар ба навохтани асбобҳои мусиқӣ чанг, борбату уд ва бо эҷодиёт машғул мешавад. Овози савти садои форами хуш дошт, ки ба кишварҳои Озорбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Мовароуннаҳр ва Хуросон тез паҳн мегардад. Баъди вафоти падараш ба зулми замона, хурофотпарастии атрофиёнаш тоб оварда натавониста , ҳамроҳи модараш ба ватани Низомӣ – шаҳри Ганҷа меравад. Подшоҳ Султон Санҷари Салҷуқӣ , ки дар Озорбойҷон ҳукмрони мекард, ӯро ба дарбор даъват мекунад. Маҳорати барҷастаи мутрибаи беназири Маҳастӣ дар санъати рубоигуй Умари Хайёму Адиб Собири Тирмизиро ва аҳли аркони давлати Султон Санҷари Салҷуқиро ба ваҷд оварда, қоил менамояд. Адабиётшиноси намоёни эронӣ Абдураҳмон Фаромарзӣ чунин гуфтааст:” Маҳастӣ аз шаҳсуворони майдони суханварӣ ва аз хушнавотарин булбулони фасоҳату балоғат аст. Ҳеҷ кас рубоиро мисли Маҳастӣ насохтааст”
Замоне, ки Маҳастихонум бо таклифи подшоҳ Султон Санҷари Салҷуқӣ ба дарбори қасри боҳашамат даъват мешавад, мебинад, ки як тараф мардҳо ва як тараф занҳо саф оростаанд ва дар байни мардҳо рубоисарони асри худ Умари Хайём ва Шамс Табрезӣ ҳузур доштанд. Ҳеҷ кас намедонад, ки подшоҳ онҳоро барои чӣ даъват кардааст ва ӯ чӣ мехоста бошад?. Подшоҳ аз саф каме болотар мебарояд бо як қарсак канизакро даъват мекунад, ки ба ӯ як лаъличаи мисин биёрад. Канизак даррав як тарафи мӯй пеш партофта , лаъличаро бо таъзим ба подшоҳ дароз мекунад. Боз қарсаки навбати дуюм канизакро даъват мекунад, ки як сӯзану ришта ба ӯ биёрад. Канизак бо ду қанғурок задаи мӯйи дар пеш партофта таъзимкунон сӯзану риштаро дароз мекунад. Подшоҳ каме пештар мобайни саф мебарояду лаъличаи мисинро рӯйи кафи даст мегираду сӯзанро мисли ақрабаки соат се маротиба такон медиҳад, ки ба ин сӯзан ҷавоб мегӯяд? Аз ин аломатҳои подшоҳ ҳеҷ кас намедонад, ки ӯ чӣ мехоҳад. Лаҳзаи хомӯши ҳеҷ кас ҷуръат намекунанд, ки ҳарфе бизананд. Дар ҳамин лаҳза Маҳастихонум аз саф мебароянд ва бо одоби ҳамидаи занона мегӯянд, ин азизон медонанд ба Умари Хайём ва Шамс Табрезӣ рӯ оварда, риштаву сӯзан , ки ба зан вобаста ман ҷавоб мегӯям?. Ба он канизаке ки лаъличаи мисин бо як тараф мӯй партофта баъдан ба ду тараф пеш мӯй партофта, сониян ба подшоҳ нигоҳ карда мегӯяд:
Он зулфи шикастаро зи рух ба як сӯ зан,
Бар ҳар ду тараф мазан, ту бар як сӯ зан.
Гар оташи ишқи ту фитад як сӯзан,
Як сӯ ҳама мард сӯзаду як сӯ зан.
Аз ҳозирҷавобии Маҳастихонум аҳли дарбор дар ҳайрат монда аз ҷониби подшоҳ инъоми бузург ҳадя карда мешавад.
Номи шоираро муҳаққиқон Манижа, Маниҷа, Мӯниса, Мӯнияча ва тахаллусашро Маҳастӣ, Меҳситтӣ, Меҳистӣ ва Маҳсатӣ ном бурданд, ки сазовори шоиста пайдо намудааст.
Бале, намунаҳои ашъори асили ӯ, ки аз манобеи муътабар ва боэътимод то ба мо расиданд, дасти қавии ин сухансарои озодандешаро дар таълифи чаҳорпораҳои суннатӣ собит мекунанд ва имкон медиҳанд, ӯро дар радифи беҳтарин шуарои рубоисарои ҷаҳон ҷо бидиҳанд. Ба ин далоил Маҳастӣ бо тамоми шӯридасароиву зарофатгӯй, ҳозирҷавобу тундзабонӣ дар адаби форсӣ қобили эътироф ва аҷр гузоштааст.
Маҳастии Хуҷандӣ дар замоне зиндагӣ кардааст, ки шеъри форсӣ, бахусус дарии рубоигӯиро аз сар мегузаронд. Дар рубоисароӣ бузургмардони зиёде чун Умари Хайём, Маъсуди Саъди Солмон, Амир Муиззаву Саноӣ, Рашиди Ватвоту Асириддини Ахсикатӣ, Ҳоқонӣ ва даҳҳо нафари дигар гӯи сабқат аз дигарон бурда буданд ва панҷа задан бо эшон барои як нафар зан кори саҳлу сода набуд.Лек, Маҳастӣ тавонист таваҷҷуҳи ҳамагонро сӯи ашъори худ кашад ва бовар кунонид, ки дар адабиёт на ба хотири зан буданаш, балки ба хотири ҳунари волояш эътироф шудааст.
Кор аз лаби хушку дидаи тар бигузашт,
Тири ғами ӯ зи ҷону дил бар бигузашт.
Обем тунук намуд бас оташи ишқ,
То бигзорамаш фиғон, ки аз сар бигузашт.
Ҳамин тариқ, зани соҳибҷамол ва соҳибфазл, шӯхтабъу зарифа, ҳакимаву дабира Маҳастӣ дар салосати баён ва фасоҳати маънӣ, илму дониш ва иффату покдоманӣ чунон шахсияти нодир ва рӯшане будааст, ки ногузир таваҷҷуҳи аҳли адабро дар тӯли қарнҳо баъди зиндагиаш ба худ кашида, боиси ба қалам омадан ва интишор ёфтани даҳҳо қиссаву ривоят, ғазалу достон шудааст. Аз ашъори Маҳастӣ эҳсос мешавад, ки вай на танҳо ба мавзуъҳои ишқ ва зебоӣ таваҷҷуҳ дошт, балки ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ахлоқ ва риёкории замон низ ишора меравад. Забони осори ӯ содаву дилнишин ва пур аз ташбеҳ, истиора ва лутфу сухан аст. Мутаассифона қисми зиёди мероси адабии Маҳастӣ ба сабабҳои гузашти асрҳо ва нооромии таърихӣ аз байн рафтааст, ки чанд қитъа, байт ва рубоии пароканда бо заҳмати муҳаққиқон гирдовари ва ҳифз шуданд. Бо вуҷуди ин ҳамон пораҳои боқимонда басандаанд, то ки симои як зани шоираи бофазлу донишманд ва озодандешро дар пеши назар тасвир кард.
Маҳастии Хуҷандӣ на танҳо дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ҷойгоҳи хосае дорад, балки ҳамчун рамзи ҳузур ва саҳми занон дар рушди фарҳанг ва суханварӣ дар даврае, ки ҷомеа бештар мардсолор буд, ба ҳисоб меравад.
Маҳастии Хуҷанди соли 578- 585 ҳиҷрӣ (1183- 1189 ) дар деҳаи Ҳамадон , тахминан ҳафт километр дуртар аз Ганҷа дар мулки Низомии Ганҷавӣ воқеъ аст, дафн мекунанд.
Ӯ бо мероси маънавии худ исбот намуд, ки истеъдод ва сухани ноб маҳдуд ба ҷинсият нест ва ҳар касе, ки бо дили соф ва қалами ҳассос ба эҷод мепардозад, метавонад дар саҳифаҳои таърих ҷовидон бимонад.
Дар толори намоишии “Ҳавзаи илмии адабии шаҳри Хуҷанд”- и Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хучанд”, яке аз асарҳои арзишманди санъати тасвирӣ, симои шоираи мумтози тоҷик Маҳастии Хуҷандӣ, ки аз ҷониби Рассоми халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳмат Ботуралиев офарида шудааст, ҷойгоҳи хос дорад. Ин асари пурмуҳтаво бо маҳорати баланди рассомӣ, интихоби рангҳои мувофиқ ва бозтоби чеҳраи пурмаънои шоира ба толор ҳусну таровати тоза бахшида, фазои маънавию фарҳангии онро ғанӣ мегардонад.
Нигораи гузошташуда на танҳо симои зоҳирии Маҳастии Хуҷандиро таҷассум мекунад, балки ҷаҳони маънавӣ, заковат, илму адабдӯстӣ ва мақоми баланди ӯро дар таърихи адабиёти форсу тоҷик низ ифода менамояд. Ҳар як бинанда бо тамошои ин асар метавонад ба бузургии мероси адабии Маҳастии Хуҷандӣ ва саҳми ӯ дар рушди фарҳанги миллӣ бештар ошно гардад.
Мавҷудияти чунин асарҳои баландмазмун дар толори “Ҳавзаи илмӣ – адабии шаҳри Хуҷанд” дар баробари дигар нигораҳо ва маълумоти таърихию адабӣ ба муаррифии шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанги Хуҷанд мусоидат намуда, эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии ниёгонро дар дили ҳар як тамошобин тақвият мебахшад.
Имрӯз номи Маҳастии Хуҷандӣ дар фарҳанги тоҷик ва умуман миёни мардуми форсизабон ҳамчун рамзи зани донишманд, суханвар, озодфикр ва соҳибмаърифати асрҳои гузашта бо эҳтироми хос ёд мешавад. Ӯ яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик ба шумор рафта, бо ғазалҳои пурмазмун, андешаҳои амиқ ва ҷаҳонбинии васеи худ дар таърихи адабиёт мақоми шоиста пайдо кардааст.
Мероси адабии Маҳастии Хуҷандӣ имрӯз низ ҳамчун намунаи баландии маърифату фарҳанг,эҳтиром ба дониш ва арзишҳои инсонӣ мавриди омӯзиш ва арҷгузорӣ қарор дорад. Зинда нигоҳ доштани номи чунин шахсиятҳои бузург барои наслҳои имрӯз ва оянда аҳамияти муҳим дошта аз эҳтироми мардум ба таърихи пурғановати фарҳанги миллӣ дарак медиҳад.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки дар маркази шаҳри бостонии Хуҷанд ба хотири гиромидошти ин чеҳраи маъруфи адабиёт лавҳаи фахрии нимпайкараи Маҳастии Хуҷандӣ гузошта шудааст. Ин ёдгорӣ на танҳо як нишонаи эҳтиром ба шоираи бузург аст, балки рамзи пайванди ногусастании мардуми Хуҷанд бо таъриху фарҳанги пурғановати хеш мебошад. Он ба сокинону меҳмонони шаҳр имконият медиҳад, ки бо шахсияти барҷастаи Маҳастии Хуҷандӣ бештар ошно гардида аз мақоми ӯ дар адабиёти форсу тоҷик огоҳ шаванд.
Ҳамчунин, дар яке аз маҳаллаҳои Раззоқи шаҳри Хуҷанд, кӯчае бо номи Маҳастии Хуҷандӣ номгузорӣ гардидааст.Ин иқдом нишонаи арҷгузории ҷомеа ба хизматҳои фарҳангии шоираи маъруф ва саҳми ӯ дар рушди илму адаб мебошад. Номи шоираи ширинсухан Маҳастии Хуҷандӣ дар кӯчаву ёдгориҳои шаҳрӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба занони донишманд ва аҳли фарҳанг ҳамеша боқӣ хоҳад монд.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан