User Rating: 



/ 0
- Details
-
15.07.2026 13:36
-
Азназаргузаронӣ: 6
Таърихи ҳар миллат дар осори боқимондаи ниёгони он таҷассум меёбад. Ҳифзу муаррифии ин мероси гаронбаҳо яке аз вазифаҳои муҳимтарини осорхонаҳо ба шумор меравад. Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, аз ҷумлаи чунин марказҳои фарҳангию таърихӣ мебошад, ки бо нигоҳдорӣ ва ба намоиш гузоштани бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, меҳмононро бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ошно месозад. Ҳар як толори он саҳифае аз таърихи миллатро бозгӯ мекунад ва дар қалби бинанда ҳисси ифтихор аз гузаштаву тамаддуни тоҷиконро бедор месозад.
Имрӯзҳо даҳҳо нафар сокинону меҳмонони дохиливу хориҷӣ барои ошноӣ бо таърихи куҳани миллат аз толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан мекунанд. Ҳар як толори осорхона гӯё саҳифае аз китоби таърих буда, бозкунандагонро ба давраҳои гуногуни ташаккул ва рушди тамаддуни тоҷикон раҳнамоӣ мекунад.
Яке аз толорҳои ҷолибтарин ва сербинандаи осорхона “Толори таъриху тамаддуни халқи тоҷик” мебошад. Аввалин чизе, ки таваҷҷуҳи ҳар як меҳмонро ҷалб мекунад, фарши шишагини ин толор аст. Он аз шишаи гудохташудаи сахту мустаҳкам сохта шуда, ҳангоми қадам гузоштан инсон чунин эҳсос мекунад, ки гӯё шиша ҳамин лаҳза мешиканад. Аммо баъди чанд қадам нигоҳҳо ба олами пуррозе ҷалб мешаванд, ки дар зери ин шишаи шаффоф ҳаёти зинда ҷой гирифтааст.
Бале, дар зери фарши шишагӣ намунаҳои бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Кӯзаҳои сафолӣ, пораҳои устухонҳои қадима, тангаҳои таърихӣ, ашёи рӯзғор ва дигар бозёфтҳое, ки дар ҷараёни кофтуковҳои археологӣ аз ҳудуди вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон пайдо шудаанд, дар ин ҷо ҷой дода шудаанд.Ҳар яке аз ин бозёфтҳо аз таърихи ҳазорсолаи сарзамини тоҷикон, фарҳанги воло ва тарзи зиндагии ниёгон ҳикоят мекунанд. Маҳз ҳамин тарзи пешниҳоди бозёфтҳо ба тамошобин имкон медиҳад, ки худро ё дар макони воқеии ҳафриёти бостоншиносӣ эҳсос намуда, ба ҷаҳони пурғановати таърихи халқи тоҷик наздиктар гардад.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд
Шарҳ додан