Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қуллаи Исмоили Сомонӣ — баландтарин нуқтаи Тоҷикистон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Қуллаи Исмоили Сомонӣ баландтарин қуллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар тамоми минтақаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур мебошад. Баландии он 7 495 метр аз сатҳи баҳрро ташкил медиҳад, ки қулла дар қаторкӯҳҳои Помир, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шудааст. Ин кӯҳ қуллаи Исмоили Сомонӣ яке аз рамзҳои нотакрори табиати Тоҷикистон буда, бо зебоии нотакрор, пиряхҳои бузург ва манзараҳои ҳайратангез шуҳратёр гардидааст, ки Помирро аксар вақт «Боми ҷаҳон» меноманд. Табиати ин минтақа бо иқлими хеле сард, шамолҳои сахт ва пиряхҳои калон фарқ мекунад. Таърихи омӯзиши ин қуллаи мазкур ба асри XX рост меояд. Соли 1933 гурӯҳи кӯҳнавардони шӯравӣ бори аввал ба қулла баромаданд, ки ин воқеа дар таърихи кӯҳнавардии ҷаҳон саҳми муҳиме гузошт. Қулла то солҳои гуногун бо номҳои дигар — «Сталин» ва «Қуллаи Коммунизм» — маълум буд. Баъди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он номи асосгузори давлати Сомониён — «Қуллаи Исмоили Сомонӣ» номгузорӣ карда шуд.Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, ин қулла барои омӯзиши пиряхҳо, иқлим ва равандҳои тектоникӣ аҳамияти калон дорад. Олимон тағйирёбии ҳаҷми пиряхҳоро дар ин минтақа мушоҳида мекунанд, ки бо гармшавии глобалӣ алоқамандӣ дорад. Ин тағйирот метавонад ба захираҳои оби минтақа таъсири ҷиддӣ расонад. Имрӯз қуллаи Исмоили Сомонӣ на танҳо объекти илмӣ, балки макони ҷолиби сайёҳӣ ва кӯҳнавардӣ мебошад. Кӯҳнавардони касбӣ аз кишварҳои гуногун барои фатҳи ин қулла ба Тоҷикистон меоянд, ки фатҳи он омодагии ҷиддӣ, таҷриба ва таҷҳизоти махсусро талаб мекунад .Дар толори “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амали”- и Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии " Қалъаи Хуҷанд " мусаввараи ” Кӯҳҳои Помир" , ки офаридаи рассоми мардумӣ А. Хокиров мебошад, пешкаши тамошобинон гузошта шудааст. Андозаи асар 145х195 см буда, бо маҳорати баланди рассомӣ манзараи зебои табиати нотакрори Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Дар мусаввара теппаҳои сабзу хуррам, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи қисман барфпӯш, осмони софу беғубор, инчунин кӯлҳои мусаффо ва арчазорҳои зебо бо рангорангии ҷолиб тасвир ёфтаанд. Ҳамоҳангии рангҳо ва тарзи тасвири манзара ба асар ҳусну таровати хос бахшида, ҳисси оромӣ, зебопарастӣ ва муҳаббат ба табиати Ватанро дар қалби бинанда бедор ва диққати ҳар як тамошобинро ба худ ҷалб месозад.

Султонзода Шаҳноза - Роҳбалади МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚуллаи Исмоили Сомонӣ — баландтарин нуқтаи Тоҷикистон
Scroll to Top