Бо вуҷуди ҳарорати баланди фасли тобистон, корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо маром идома дорад. Кормандони бахши боғдорӣ бо меҳнати содиқона ва ҳисси баланди масъулият барои боз ҳам зебову дилнишин гардидани муҳити фарҳангию таърихи саҳми арзанда мегузоранд.
Дар доираи корҳои мавсимӣ дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Қалъаи таърихии Хуҷанд ва Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ садҳо бех гулу гулбуттаҳои мавсимӣ, аз ҷумла гулҳои катарантус ва марҷонггул шинонида мешаванд. Ин гулҳо бо ранорангӣ, тобоварӣ ба гармии тобистон ва шукуфоии тӯлонӣ муҳити боғу гулгаштҳоро боз ҳам назаррабо намуда, ба сокинону меҳмонони дохиливу хориҷӣ руҳияи болида мебахшанд.
Корҳои ободониву кабудизоркунӣ таҳти роҳбарии Қурбонзода Абдусалом - директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба роҳ монда шуда, ба нигоҳбини пайвастаи гулу гулбуттаҳо, обёрӣ, нармкунии хок, тоза намудан аз алафҳои бегона ва нигоҳдории муҳити сабзу хуррам таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Бо вуҷуди гармии шадиди рӯзҳои тобистон, боғбонон аз субҳи барвақт то шом бо масъулияти баланд фаъолият намуда, барои ҳифзи нигоҳдории зебоии ин маконҳои таърихиву фарҳангӣ саъю кӯшиш менамоянд.
Бояд таъкид кард, ки ободонии чунин мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ танҳо ба баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат накарда, балки барои ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ низ аҳамияти калон дорад. Ҳар як гули шинонидашуда ва ҳар як гӯшаи сабзу хуррам нишонаи меҳнати софдилона ва завқи баланди боғбонон мебошад.
Имрӯз Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Қалъаи таърихии Хуҷанд ва Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ бо гулҳои рангоранг, сабзазориҳои зебо ва муҳити орому форам меҳмононро истиқбол гирифта, ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштатарини истироҳату сайру сайёҳати сокинон ва меҳмони шаҳри Хуҷанд табдил ёфтааст.


Валӣ Набизод – котиби маркази иттилоотии
МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”