Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қаламе, ки таърихро зинда медорад

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

(Нақше аз рӯзгор ва эҷодкории Валӣ Набизод)

Дар ҳар давру замон ҳастанд нафароне, ки бо қалами худ на танҳо воқеъаҳоро рӯйи қоғаз меоранд, балки таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллиро зинда нигоҳ медоранд. Валӣ Набизод аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои фарҳангдӯст ва эҷодкор аст, ки беш аз чаҳор даҳсола фаъолияти меҳнатии худро бо садоқат, масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба ватан сипарӣ намудааст.

Валӣ Набизод соли 1958 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Аз овони кӯдакӣ, меҳнатдӯстӣ, донишандӯзӣ ва эҳтиром бо арзишҳои инсонӣ дар сиришти ӯ ҷой гирифта, минбаъд ҳамин хислатҳо роҳи зиндагии фаъолияти ӯро муайян сохтанд.

Солҳои 1965-1975 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 ба номи “20-солагии Тоҷикистон” таҳсил намуда, баъд ан солҳои 1978-1980 хизмати муқаддаси ҳарбиро дар қӯшунҳои Армияи Советӣ адо кард.

Фаъолияти меҳнатии ӯ аз заводи аппаратураи шаҳри Хуҷанд собиқ (Ленинобод) оғоз гардида, солҳои 1980-1994 дар ин коргоҳ ҳамчун муҳандис бо масъулияти баланд фаъолият намуд. Ҳамзамон, солҳои 1981-1986 дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ( собиқ институти педагогии ба номи С.М.Киров) таҳсил намудааст. Инчунин дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру вилоят ба монанди Гимназияи рақами 2 ва 48 – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мактаби рақами 2- и шаҳри Бӯстон, мактаби рақамҳои 3, 31 – и шаҳри Хуҷанд ба ҳайси омӯзгори алифбои ниёгон дарс гуфтааст. 

Роҳи меҳнатии Валӣ Набизод пур аз таҷрибаҳои гуногун ва хизматҳои арзишманд аст. Ӯ дар ширкатҳои хусусӣ, мақомоти давлатӣ, Федератсияи Салиби Сурх, Созмони Милали Муттаҳид, марказҳои байналмиллалӣ ва корхонаҳои муҳими коммуналии шаҳри Хуҷанд фаъолият намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва байналмилали саҳми муносиб гузоштааст. Дар ҳар вазифае, ки фаъолият намудааст, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва муносибати самимии ӯ боиси эҳтироми ҳамкорону роҳбарият гардидааст.

Аммо фазилати барҷастаи Валӣ Набизод танҳо дар фаъолияти меҳнатии ӯ маҳдуд намешавад. Ӯ пеш аз ҳама шахси эҷодкор, нависандаи соҳибқалам ва дӯстдори таъриху фарҳанги миллат аст. Қалам барои ӯ танҳо воситаи навиштан нест, балки василаи бедор сохтани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба мероси ниёгон ва муаррифии арзишҳои миллӣ мебошад.

Аз моҳи сентябри соли 2022 то имрӯз ӯ дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” ба ҳайси котиби маркази иттилоот фаъолият дорад. Дар ин вазифа маҳорати баланди рӯзноманигорӣ ва истеъдоди эҷодии ӯ бештар ҷилвагар гардидааст. Бо қалами ӯ даҳҳо хабар, мақола ва гузоришҳои ҷолиб рӯйи чоп омада, фаъолияти муассиса дар фазои иттилооти ба таври шоиста муаррифӣ гардиданд. Сомонаи муассиса маҳз бо талошҳои пайваста ва эҷодкории ӯ мунтазам ғанӣ гардида, ба яке аз минбарҳои муаррифии таърих ва фарҳаги тоҷикон табдил ёфтааст.

Ҳар сатри навиштаи ӯ аз таъриху фарҳанг, худшиносии миллӣ ва муҳаббат ба ватан аҷргузорӣ ба таърихи куҳанбунёди тоҷикон ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ шаҳодат медиҳад. Ӯ бо маҳорати суханварӣ воқеаҳои фарҳангиро ба таври инъикос менамояд, ки хонанда худро ҳамсафари он рӯйдод эҳсос мекунад. Ин хислат ӯро ҳамчун нависандаи соҳибзавқ ва корманди эҷодкор миёни ҳамкасбон муаррифӣ намудааст.

Имрӯз устод Валӣ Набизод на танҳо корманди соҳаи фарҳанг, балки ҳомии мероси таърихӣ, тарғибгари фарҳанги миллӣ ва шахсияти соҳибқаламе мебошад, ки бо заҳмати шабонарӯзии худ дар ҳифз ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷик саҳми арзанда мегузорад. Зиндагиномаи ӯ ибрат барои ҷавонон буда, фаъолияти эҷодиаш собит месозад, ки қудрати қалам метавонад хотираи таърихро ҷовидона нигоҳ медорад.

Ҳамзамон, дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш, бахшида ба 80-солагии фаъолияти корхонаи “Хуҷандобуканал”, китоб бо номи “Қадри об” (2014), ба ифтихори 25-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Ҳамду шукри Истиқлол” (2016), “Шаҳри ман” (2018), “Дунёи маърифат” (2021), “Қалъаи ман” (2023), “Маркази шаҳри Хуҷанд” (2023), “Қимати вақт” (2025) ва “Сад барги заррин”( 2026) ба нашр расидааст.

Қаламе, ки муҳаббат ба ватан неру мегирад, ҳамеша зинда мемонад. Валӣ Набизод аз зумраи чунин соҳибқаламонест, ки осори эҷодӣ ва фаъолияти пурмаҳсулаш дар саҳифаҳои таърих ва фарҳанги тоҷик нақши мондагор хоҳад гузошт.

 

Дилрабо Яҳёева - сардори шуъбаи

кадрҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚаламе, ки таърихро зинда медорад
Scroll to Top