Дар толори бостоншиносии Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, барои тамошобинон яке аз бозёфтҳои ҷолиби таърихӣ косаи гилин, ки тааллуқ ба асрҳои VI – III пеш аз мелод дорад, дар зершишаи муҳофизатӣ ба намоиш гузошта шудааст. Ин бозёфти нодир аз ҳудуди ноҳияи Ашти вилояти Суғд, дарёфт гардида, ҳамчун яке аз нишонаҳои фарҳанги моддии сокинони қадимии минтақа арзиши бузурги илмӣ ва таърихӣ дорад.
Ноҳияи Ашт, яке аз ҷумлаи минтақаҳои дорои ёдгориҳои зиёди бостоншиносӣ ба шумор меравад. Дар қаламрави он осори гуногуни таърихӣ ва дигар бозёфтҳои қадимӣ пайдо шуданд, ки аз зиндагӣ ва фарҳанги мардумии бостонӣ шаҳодат медиҳанд. Ин бозёфти қадим нишон медиҳад, ки дар ин сарзамин ҳанӯз дар давраҳои қадим одамон зиндагӣ карда бо ҳунармандӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ ва дигаре бо фаъолиятҳои иқтисодӣ машғул буданд.
Ҳамзамон, косаи гилини ёфтшуда ин намунаи равшани ҳунари кулолгарии мардуми қадим ба ҳисоб меравад. Он аз гили пухта сохта шуда шакли мутаносиб ва деворҳои нисбат борик дорад.Бо вуҷуди гузаштани ҳазорсолаҳо ин косаи гилин то имрӯз шакли худро нигоҳ доштааст, ки аз сатҳи баланди маҳорати ҳунармандони кулолгарии он замон гувоҳӣ медиҳанд. Эҳтимол, чунин зарфҳо дар гузашта барои нигоҳдорӣ ё истеъмоли ғизо ва нӯшокиҳо истифода мешуданд.
Имрӯз ин бозёфти арзишманд дар толори бостоншиносии қалъаи таърихӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.Ин бозёфти нодир гувоҳи равшани фарҳанг, ҳунар ва зиндагии ниёгони миллати тоҷик мебошад. Он на танҳо як ашёи бостонӣ, балки порчае аз таърихи пурғановати халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Фурсате ҳаст, ки ҳамаи ташобинон, муҳаққиқон ва дӯстдорони таърих метавонанд, аз ин имконияти нодир истифода бурда, аз наздик бо ин ёдгории беназир шинос шаванд. Тамошои он ба ҳар бинанда имкон медиҳад, ки бештар дар бораи тамаддун, ҳунар, урфу одат ва мероси гаронбаҳои ниёгон маълумот пайдо намоянд.
Бале, бозёфти мазкур барои дӯстдорони таърих ва фарҳанг на танҳо ҷолиб, балки омӯзанда низ мебошад, зеро он саҳифае аз гузаштаи пурифтихори миллатро бозгӯ мекунад. Бинобар ин ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ба толори бостоншиносӣ ташриф оварда , аз наздик бо ин мероси нодири таърихӣ ошно гардиданд. Тамошои чунин бозёфтҳои арзишманд ба ҳар як бинанда имкон медиҳад, ки ба ҷаҳони пурғановати гузашта назар афканда, бо тарзи зиндагӣ, ҳунар ва фарҳанги ниёгони худ бештар шинос шаванд.
Албатта, ин гуна ёдгориҳо на танҳо арзиши илмӣ ва таърихӣ доранд, балки барои бедор намудани ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ низ аҳамияти бузург доранд. Онҳо ба мо хотиррасон мекунанд, ки ниёгони мо дорои тамаддуни қадимӣ, фарҳанги бой ва ҳунарҳои воло будаанд, ки то имрӯз барои наслҳои имрӯзу оянда манбаи омӯзиш ва ифтихор ба шумор мераванд.
Аз ин рӯ, нигоҳдорӣ ва муаррифии чунин мероси гаронбаҳо вазифаи муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Умед аст, ки чунин иқдомҳо таваҷҷуҳи мардум, бахусус ҷавононро ба омӯзиши таърих ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ боз ҳам бештар намуда, ҳисси эҳтиром ва қадршиносии онҳоро нисбат ба мероси ниёгон тақвият мебахшад.

Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”