Санаи 02 июли соли 2026 , дар доираи мотосафари байналмилалии “Роҳи кӯчманчиён” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон корвони бузурги мотосаворон, ки аз 40 нафар иштирокчӣ аз кишварҳои дуру наздик иборат аст,ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ворид гардиданд.
Ин сафар ҳамчун як иқдоми муҳими байналмилалӣ дар самти таҳкими робитаҳои дӯстӣ миёни мотосаворон ва рушди сайёҳии байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Тибқи нақшаи сафар аввалин шаҳри бузурге, ки корвони мотосаворон ба он ворид гардиданд, шаҳри Хуҷанд мебошад. Ин ташаббус бо ибтикори Ҳофиз Сайдуллоев, узви Ассотсиатсияи мотосаворони Осиёи Марказӣ роҳандозӣ гардида ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мотосайёҳӣ ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, иштирокчиёни мотосафари байналмилалии “Роҳи кӯчманчиён” аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”дидан намуданд. Ин боздид ҳамчун як қисми барномаи фарҳангии сафар бо мақсади шиносоии ғании таърихию фарҳангии халқи тоҷик ташкил карда шуд.
Дар ҷараёни сайёҳати илмӣ, роҳбалади муассисаи мазкур Султонзода Шаҳноза меҳмононро бо толорҳои намоишии маҷмаа шинос намуд. Ӯ ба иштирокчиён дар бораи таърихи ташаккули қалъа, аҳамияти он дар давраҳои гуногуни таърихӣ ва нақши он дар рушди шаҳри Хуҷанд маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Меҳмонон бо шавқу рағбати зиёд бо намоишгоҳҳои толорҳо шинос шуданд.Онҳо аз осори санъати тасвирӣ, намунаҳои кундалкорӣ,кандакорӣ, ашёҳои нодири таърихӣ ва маводҳои фарҳангии ҳифзшуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Пас аз шиносоии Қалъаи таърихии Хуҷанд, қисмати дуюми боздиди илмӣ ва фарҳангиро роҳбалади ботаҷриба Аминов Абубакр роҳнамоӣ намуд. Ӯ меҳмононро ба ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ шинос кард, ки дар онҳо суннатҳои қадимии зиндагии тоҷикон таҷассум ёфтаанд. Дар ҷараёни сайёҳат меҳмонон аз ҳавлии тоҷир, инчунин ҳавлии дуредгар боздид намуданд ва бо тарзи ҳаёт ва ҳунарҳои анъанавии гузаштагон аз наздик ошно гардиданд. Ба меҳмонон ҳавлии дуредгар таъсири амиқ гузошт, ки дар он ҳунарманд Муҳаммадшариф Ниёзов бо эҷоди асбобҳои мусиқии миллӣ машғул буд. Ӯ дар ҷараёни намоиш аз асбобҳои сохтаи худ оҳангҳои ҷаззобу дилнишин иҷро намуд, ки таваҷҷуҳи меҳмононро ҷалб кард. Иштирокчиёни мотосафар бо завқ ба ин оҳангҳо ҳамовоз шуда, фазои гарму дӯстонаи фарҳангӣ ба вуҷуд оварданд.
Дар ҷамъбасти барномаи боздид дар саҳнаи Қалъаи Хуҷанд акси хотиравӣ бо иштироки ҳамаи меҳмонон гирифта шуд, ки ҳамчун рамзи хотираи нек аз ин сафари фарҳангӣ боқӣ мемонад.





Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”