Дар ҳар як соҳаи фаъолияти ҷомеа ҷавононе ҳастанд, ки бо дониш, масъулиятшиносӣ ва меҳнати содиқонаи худ дар пешрафти муассиса ва ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Яке аз чунин ҷавонони соҳибкасб Ибодуллоев Аслиддин сармуҳосиби Муассисаи давлатии "Маҷма“и фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”мебошад. Ӯ бо меҳнати пайваста, муносибати ҷиддӣ ба иҷрои вазифа ва муҳаббат ба касби интихобкардааш тавонистааст дар байни ҳамкорон обрӯву эътибор пайдо намояд.
Бале,агар инсон касби дӯстдоштаашро бо меҳру муҳаббат интихоб намуда, бо ҷаҳду талош фаъолият кунад, ҳатман ба муроду мақсади худ мерасад. Маҳз чунин ҷавонони соҳибкасбу масъулиятшинос дар ҳар як соҳа бо меҳнати содиқонаашон обрӯву эътибори худро касб мекунанд. Ҳангоми ворид шудан ба утоқи кории ҷавони серғайрату масъулиятшинос Ибодуллоев Аслиддин, аз нахустин лаҳзаҳо эҳсос гардид, ки ӯ ба касби интихобкардааш муҳаббати самимӣ дорад. Муҳити кории ӯ аз низому тартиб, масъулият ва меҳнати пайваста дарак медод. Рӯи мизи кориаш пур аз ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ, ҳисоботи молиявӣ, санадҳои зарурӣ, дастуру меъёрҳои соҳавӣ ва дафтарҳои ҷамъбастии ҳисобдорӣ буд, ки барои таҳия ва баррасии онҳо омода гардида буданд. Ҳар як ҳуҷҷат аз он шаҳодат медод, ки сармуҳосиби ҷавон ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ бо эҳсоси баланди масъулият муносибат намуда, барои иҷрои босифати кор саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.
Ибодуллоев Аслиддин Баҳодурович 15 декабри соли 1991 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Аз овони кӯдакӣ дар муҳити меҳнатдӯстиву масъулиятшиносӣ тарбия ёфта, ин хислатҳо минбаъд дар ташаккули шахсият ва фаъолияти касбии ӯ нақши муҳим бозидаанд. Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9- и шаҳри Хуҷанд қадамҳои нахустини фаъолияти меҳнатиашро дар ширкати хусусии инфродии “Қаюмов” ҳамчун хазинадор оғоз намуд. Фаъолият дар ин вазифа барои ӯ нахустин мактаби таҷрибаи амалӣ гардида, дар ин давра нозукиҳои пешбурди корҳои молиявӣ, муносибат бо ҳуҷҷатҳои ҳисобдорӣ ва масъулияти касбиро аз худ кард. Солҳои 2010 – 2012 қарзи муқаддаси шаҳрвандии худро адо намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кард. Давраи хизмати ҳарбӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва хислатҳои шахсии ӯ аз ҷумла интизом, масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва иродаи қавӣ нақши муассир гузошт. Ин таҷриба минбаъд дар фаъолияти меҳнатии ӯ ҳамчун омили муҳими пешрафт ва муваффақият хидмат намуд. Пас аз адои қарзи муқаддаси хизмати ҳарбӣ дар назди Ватан, соли 2013 Ибодуллоев Аслиддин ба Донишгоҳи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда. ихтисоси муҳосиботро интихоб намуд. Ӯ дар баробари таҳсил пайваста барои такмили дониши назариявӣ ва малакаи амалии худ кӯшиш мекард. Бо меҳнати пайгирона ва муносибати ҷиддӣ ба таҳсил донишгоҳро бо муваффақият хатм намуда, ҳамчун мутахассиси ҷавони соҳибтахасус ба фаъолияти касбӣ ворид гардид. Аз моҳи феврали соли 2014 фаъолияти меҳнатиашро дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” оғоз намуда, то имрӯз дар вазифаи сармуҳосиб содиқона фаъолият дорад. Дар ин муддат ӯ худро ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба, масъулиятшинос ва дақиқкор муаррифӣ намуда, дар пешбурди корҳои муҳосиботӣ, истифодаи самараноки маблағҳои муассиса, таҳияи ҳисоботи молиявӣ саҳми назаррас гузоштааст.Бо дониши касбӣ, меҳнати софдилона ва муносибати эҳтиёткорона ба вазифа тавонистааст эътимоди роҳбарият ва эҳтироми ҳамкоронро ба даст оварад. Худи ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки ҳамсоли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳамзамонӣ барои ӯ танҳо як тасодуфи тақвимӣ нест, балки рамзи пайванди зиндагии шахсӣ бо марҳилаи муҳими таърихи давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Ӯ бо ифтихор ба дастовардҳои даврони истиқлол назар афканда аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун бузургтарин неъмати зиндангӣ ёд мекунад. Ҳангоми сайру гашт дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ва тамошои ҷеҳраҳои хушҳоли мардум ӯ эҳсоси шукргузорӣ мекунад, ки дар чунин замони орому осоишта зиндагӣ ва фаъолият дорад. Ба гуфтаи худи ӯ маҳз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба ҷавонон имконият мезиҳад, ки бо дилпурӣ таҳсил намоянд, касб омӯзанд ва барои рушди Ватани маҳбуб саҳм гузоранд. Ин эҳсосот ба ӯ неруи тоза мебахшанд ва ӯро барои боз ҳам содиқона иҷро намудани вазифаҳои касбиаш рӯҳбаланд месозанд.
Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар сатҳи баланд ҷашни 100 солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҷлил гардид. Ин чорабинии муҳими фарҳангӣ дар Маҷмааи фарҳангии “Қоҳи Суғдиён” бо иштироки намояндагони соҳаи фарҳанг, меҳмонон ва кормандони муассисаҳои дахлдор баргузор шуда, ба ин муносибат ҷаласаи тантанавии бошукуҳ доир гардид. Дар рафти чорабинӣ як қатор кормандони соҳа фарҳанг барои саҳми назаррасашон дар рушди соҳа ва фаъолияти софдилона бо ифтихорномашо ва унвонҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудаанд. Дар қатори онҳо Ибодуллоев Аслиддин низ барои фаъолияти пурсамар, масъулияти баланди касбӣ ва саҳми арзандааш дар пешбурди корҳои муҳосиботии муассиса бо унвони фахрии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд. Ин қадрдонӣ на танҳо нишонаи эътирофи заҳмати чандинсолаи ӯст, балки далели равшан он мебошад, ки меҳнати софдилона, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб ҳамеша аз ҷониби давлат ва ҷомеа қадр карда мешавад.
Ҳамзамон Ибодуллоев Аслиддин узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Ӯ ҳамчун ҷавони фаъолу ташаббускор дар корҳои ҷамъиятӣ низ иштироки назаррас дошта, кӯшиш менамояд, ки дар миёни ҷавонон ғояҳои ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ тарғибу ташвиқ гардад. Ӯ дар мулоқоту вохӯриҳо бо ҷавонон пайваста таъкид мекунад, ки ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамгардидаи даврони истиқлол самаранок истифода бурда бо донишандӯзӣ, меҳнати софдилона ва масъулияти баланд дар пешрафти ҷомеа саҳм гузоранд. Ба андешаи ӯ нақши ҷавонон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ниҳоят муҳим мебошад. Бо ҳамин гуна мавқеи фаъол ва иштироки мунтазам дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ӯ кӯшиш менамояд, ки барои дигар ҷавонон намунаи ибрат бошад.
Дар маҷмӯъ, фаъолияти Ибодуллоев Аслиддин Баҳодуроич нишон медиҳад, ки ҷавони имрӯз метавонад бо меҳнати покдилона ва масъулияти баланди касбӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Ӯ дар тӯли фаъолияти худ дар соҳаи муҳосибот ҳамчун мутахассиси дақиқкор ва содиқ ба касб худро муаррифӣ намуда, сазовори эҳтиром гардидааст. Ҳаёт ва фаъолияти ӯ намунаи равшан он аст, ки интихоб ва дӯст доштани касб, ҳамроҳ бо меҳнату талошҳои пайваста инсонро ба муваффақият мерасонад.
Метавон гуфт, ки имрӯз ӯ низ бо эҳсоси баланди масъулият дар пешбурди корҳои муассисаи фарҳангӣ саҳм гузошта барои рушди пояҳои иқтисодиёт кӯшиш менамояд. Чунин ҷавонони соҳибмаърифат ва ватандӯст барои ҷомеа мояи ифтихор буда, дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши арзанда доранд.

Валӣ Набизод – котиби маркази иттилоотии
МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”