Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сиккаҳои сулолаи Шайбониён

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Ганҷинаи тангаҳои мисин яке аз бозёфтҳои нодири таърихӣ ба шумор рафта, ба давраи ҳукмронии сулолаи Шайбониён тааллуқ дорад. Ин тангаҳо ба замони ҳукмронии Кучкунчи хон (1510–1513) мансуб буда, аз вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва рушди муомилоти пулии Мовароуннаҳр дар ибтидои асри XVI шаҳодат медиҳанд.

Қисми асосии ганҷинаро тангаҳое ташкил медиҳанд, ки дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд дар соли 919 ҳиҷрӣ (1513–1514 милодӣ) сикка зада шудаанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки Бухоро ва Самарқанд дар он давра аз марказҳои муҳими иқтисодӣ ва сикказании давлати Шайбониён ба ҳисоб мерафтанд. Дар баробари ин, шумораи ками тангаҳое низ мавҷуданд, ки дар Ҳисор ва Андиҷон дар соли 918 ҳиҷрӣ (1512–1513 милодӣ) сикка зада шудаанд.

Ганҷинаи мазкур ҳамчун дуюмин бозёфти нодири ин давра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, барои омӯзиши таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ ва нумизматикаи асри XVI аҳамияти бузурги илмӣ дорад. Таҳқиқи ин тангаҳо ба олимон имкон медиҳад, ки доир ба низоми пулӣ, робитаҳои тиҷоратӣ ва марказҳои сикказании давлати Шайбониён маълумоти арзишманд ба даст оваранд.

Зиёда аз ду ҳазор тангаи мисин аз ҷониби сокини ҷамоати деҳоти Қистакӯз (ҳоло Хистеварз) Раззоқов Абдусалом ҳангоми шудгори замин пайдо гардида, баъдан ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тақдим шудааст. Бо шарофати ин иқдоми ватандӯстона, ганҷина ҳифз гардида, имрӯз ҳамчун яке аз намунаҳои пурарзиши мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар осорхона нигоҳдорӣ ва ба маърази тамошои меҳмонон гузошта шудааст.

Сайфиева Шарифа - мудири шӯъбаи

оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСиккаҳои сулолаи Шайбониён
Scroll to Top