Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

НУРБАХШИ ДИЁРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Рӯзи 27 - июни соли 2026 кишвари маҳбуби мо — Тоҷикистон 29-солагии Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Бисту нӯҳ сол илҳом, озодӣ, созандагӣ ва ободӣ! Ин сана танҳо як рӯзи оддӣ дар тақвим нест, балки рамзи эҳёи миллат, пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва субҳи содиқи сулҳ аст, ки пас аз шаби тӯлонии хонаҷангии солҳои 90-уми асри гузашта ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ нуру сафо бахшид.

Агар ба таърихи на чандон дур назар андозем, дар хотир дорем, ки оғози солҳои мустақилият барои ватани мо чӣ қадар сангин ва даҳшатбор буд. Кишвар ба вартаи нестӣ кашида шуд, бародарон рӯ ба рӯи ҳам истоданд ва модари тоҷик ҷигарбандашро гум кард. Аммо хиради азалии ин миллати тамаддунсоз ва ҷасорати беназири Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъро тағйир дод. Ҳанӯз дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ (соли 1992) ин марди бузург қасам ёд карда буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам ва то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро ором ҳис намекунам!»

Маҳз ҳамин азму ирода ва нуҳ даври музокироти тӯлониву сангин боис гардид, ки 27 - июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истирори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо шавад. Сулҳи тоҷикон ба як падидаи нодир ва дарси ибрат барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Имрӯзҳо насли наве ба воя расидааст, ки даҳшати ҷангро надидааст. Онҳо ҷавонони даврони Ваҳдатанд — озод, босавод, ватандӯст ва боэътимод. Маҳз барои ҳамин ҷавонон даҳҳо донишгоҳҳои муосир, варзишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва технологияҳои наву муосир дар кишвар муҳайё карда шудаанд.

Ваҳдат ба мо имкон дод, ки фарҳангу тамаддуни деринаи худро эҳё кунем. Садои шашмақому фалак, ҷалоли Наврӯзу Меҳргон ва номи бузургони илму адаби мо имрӯз аз минбарҳои баландтарини ҷаҳонӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, танинандоз аст.

Шароити имрӯзаи ҷаҳон — таҳдидҳои геополитикӣ, бархӯрди қудратҳо ва нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра — моро ҳушдор медиҳанд, ки Сулҳ ва Ваҳдат гавҳари гаронбаҳое мебошанд, ки бояд чун гавҳари чашм ҳифз карда шаванд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи шумоёнро бо 29 - солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ муборакбод менамоям. Бигзор, ин сулҳу субот дар замини Тоҷикистони биҳиштосо ҳамешагӣ ва ҷовидонӣ бошад, то насли имрӯзу оянда дар фазои озоду обод барои фардои дурахшони Ватан хизмат намоянд.

Иди Ваҳдати миллӣ муборак!

Исобоев Даврон – мудири шуъбаи

дастхатҳо ва табъу нашри 

Осорхонаи таърихии вилояти Суғди

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНУРБАХШИ ДИЁРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Scroll to Top