Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамасола аз соли 1997 рӯзи 27-уми июн ботантана таҷлил мегардад. Ин рӯз рамзи сулҳ, дӯстӣ, ягонагӣ ва ҳамбастагии мардуми кишвар мебошад, ки баъд аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омадааст.
Ба муносибати ин ҷашни таърихӣ дар толори пазироии “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” гӯшаи намоишӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – василаи осоиши миллат” ташкил гардид.
Дар гӯшаи намоишӣ маводҳои гуногун аз китобхонаи илмии осорхона, аз ҷумла, китобҳои С.Мирзошоҳ, Ш.Ҳаниф “Меъмори Ваҳдат”, А.Шарифзода, С.Фаттоев “Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдат”, “Назария ва методологияи Ваҳдати миллӣ”, “Баёзи Ваҳдат”, “Бунёдгузори давлати миллӣ – Пешвои миллат”, “Ваҳдат, давлат, Президент” ҷилдҳои I, IV, V, VI ва ғайраҳо, суханрониҳои Пешвои миллат ва дигар маводҳои таълимӣ, ки ба Ваҳдати миллӣ тааллуқ дорад, ҷой дода шудааст.
Ҳадафи асосии ташкили гӯшаи намоишӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ин ба хонандагон ва тамошобинон расонидани аҳамияти сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳамчунин гӯшаи намоишӣ як воситаи муҳими тарбиявӣ ба ҳисоб рафта, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро дар дили ҷавонон қавӣ мегардонад.

Бузурукова Н.
Китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”