Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ВАҲДАТ - КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Мардуми тоҷик дар таърихи тӯлонии худ давраҳои сангинеро сипарӣ намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна бӯҳронҳои ичтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёфтааст. Мисоли равшани он ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки соли 1991 пас аз соҳибистиқлол гардидан, кишвар ба мушкилоти зиёди сиёсӣ ва ичтимоӣ рӯ ба рӯ шуд. Ихтилофҳои дохилӣ боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд, ки солҳои 1992 - 1997 идома ёфт. Дар ин давра ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, бисёр оилаҳо аз ҳам ҷудо шуданд ва иқтисоди кишвар зарари калон дид. 

Барои хотима бахшидан ба ҷанг, гуфтушунидҳои сулҳ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва неруҳои мухолифин бо миёнравии созмонҳои байналмиллалӣ ва давлатҳои дӯст баргузор шуданд. Пас аз чанд соли музокирот, 27 июни соли 1997 Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ин санади таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошт. 

Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои халқи тоҷик ба шумор меравад. Маҳз ба туфайли Ваҳдати миллӣ дар ҷомеа сулҳу оромӣ таъмин гардида, барои зиндагии осоишта ва рушди давлат шароити мусоид фароҳам омад. 

Барои ноил гардидан ба ин неъмати бебаҳо саҳми марди ҷасур, қавиазму соҳибирода, роҳбари оқилу дурандеш, ватандӯсти асил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Ҳанӯз дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ, ки дар Хуҷанд баргузор гардида буд, пас аз интихоб гардидан ба ҳайси раиси он, ӯ бо қатъият изҳор карда буд, ки “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хонава оила барҷарор шудани сулҳ равона карда, барои гул гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат кунам”. Пас аз барқарор гардидани сулҳ, барои бозгашти гурезаҳо ба Ватан, таҳкими ваҳдати ҷомеа, эҳёи иҷтисодиёт, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва бунёди роҳу пулҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти муҳим корҳои зийде анҷом дода шуданд. 

Инчунин, ваҳдат ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи фарҳанг, забон ва анъанаҳои тоҷикон мусоидат намуд. Тоҷикистон тавонист муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои худро бо давлатҳои ҷаҳон густариш диҳадва ҳамчун давлати сулҳҷӯ дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи худро мустаҳкам созад. 

Муҳим аз ҳама, Ваҳдати миллӣ ба мардум эътимод ба фардо, ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ягонагиро эҳдо кард. Ҳар як дастоварди Тоҷикистон самараи сулҳу ваҳдат мебошад. Имрӯзҳо мо дар арафа ҷашни 29-умин солгарди Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва месазад, ки ин неъмати бебаҳоро қадр намоем ва барои рушди ҷомеа саҳмгузор бошем. 

Ваҳдати миллӣ бақои миллат аст, 

Устувор аз муддаои миллат аст

 

Дилором Саидова – корманди илмии шӯъбаи таърихи

Осорхонаи таърихии вилояти 

Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОВАҲДАТ - КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН
Scroll to Top