Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ДЕВОН»-И ШАМСИ ТАБРЕЗӢ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 “Девон”-и Шамси Табрезӣ – маҷмӯаи ашъори адиб ва шоири бузурги адабиёти классикии форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) мебошад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ин асарро ба устоди рӯҳонии худ – Шамси Табрезӣ (1185-1248) бахшидааст. Ин асар инчунин бо номи “Девони Кабир” машҳур аст. Баъди вохӯрии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо Шамси Табрезӣ зиндагии маънавии ӯ пурра дигаргун мешавад. Ӯ Шамси Табрезиро ҳамчун устоди худ мешинохт ва бахшида ба Шамси Табрезӣ шеърҳо эҷод мекард.

Масалан:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

      Яке аз нусхаҳои “Девон”-и Шамси Табрезӣ дар Фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҳти рақами 3940 маҳфуз аст. Китоби мазкур чопи сангӣ буда, дар матбааи Нувал Кишури Лакҳнави Ҳиндустон ба табъ расидааст. Дар ин китоб 789 ғазали Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ оварда шудааст ва забони асар форсӣ мебошад. Китоб соҳиби 428 саҳифа буда, андозааш 16х24 см мебошад. Дар ҳар як саҳифа 23 сатр оварда шудааст ва муқоваи китоб аз картони оддӣ сохта шудааст. Зоҳиран, чанд саҳифаи охир ва тарқимаи китоб аз байн рафтааст, инчунин, саҳифааҳои фарсуда низ дорад.

Мавзӯи асосии “Девон”-и Шамси Табрезӣ аз муҳаббати Илоҳӣ, ишқи ирфонӣ, покии қалб, ваҳдати вуҷуд ва рафтан аз зоҳир ба ботин иборат аст.

“Девон”- Шамси Табрезӣ яке аз бузургтарин девонҳо ва маҷмӯаи ашъори адабиёти классикии форсу тоҷик ба ҳисоб меравад. “Девон”-и Шамси Табрезӣ яке аз баландтарин қуллаҳои шеъри ирфонии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Он ба ғайр аз адабиёти форсу тоҷик, инчунин ба адабиёти туркӣ, урду ва ҳатто адабиёти Ғарб таъсири бузург расонидааст. 

      Аминов Абубакр - корманди илмии

шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашри

Осорхонаи таърихии вилояти Суғди

МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДЕВОН»-И ШАМСИ ТАБРЕЗӢ
Scroll to Top