Дар шароити рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии захираҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии кишвар аҳамияти махсус пайдо мекунад. Яке аз воситаҳои муҳими муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат табиати нотакрор, иқлими мусоид ва ҳудуду мавқеъи он мебошад. Бо ин мақсад дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд харитаи ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми ҷузъиёташ ба намоиш гузошта шудааст, ки на танҳо воситаи омӯзиши ҷуғрофияи кишвар, балки сарчашмаи муҳими иттилоотӣ барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии кишвари биҳиштосои мо мебошад.
Харита яке аз муҳимтарин воситаҳои тасвирии омӯзиши ҳудуд, табиат ва захираҳои иқтисодиву фарҳангии ҳар як давлат мебошад. Дар харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҷуғрофии он, марзҳои давлатӣ, вилоятҳо, шаҳрҳо, роҳҳои нақлиётӣ, қаторкӯҳҳо, дарёҳо ва кӯлҳои асосӣ инъикос ёфтаанд. Ин маълумот ба тамошобинон ва меҳмонон имкон медиҳад, ки дар бораи гуногунии табиӣ ва мавқеи минтақаҳои сайёҳии кишвар тасаввуроти васеъ пайдо намоянд.
Мутобиқи он харита Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҷанубу шарқии Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, бо давлатҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Чин ва Афғонистон ҳамсарҳад аст. Масоҳати умумии ҷумҳурӣ 143,1 ҳазор километри мураббаъ буда, зиёда аз 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ин хусусият Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои нодири кӯҳистонии ҷаҳон табдил додааст. Қаторкӯҳҳои Помир ва Фон барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва варзишӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ҳамзамон, кӯлҳои машҳури Искандаркӯл, Сарез ва Қарокӯл ҳамчун ёдгориҳои нодири табиӣ ҳамасола таваҷҷуҳи ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб менамоянд.
Дар харита инчунин шаҳрҳои таърихӣ ва марказҳои фарҳангии мамлакат нишон дода шудаанд, ки барои рушди сайёҳии фарҳангӣ ва таърихӣ аҳамияти калон доранд. Ин маълумот ба сайёҳон имконият медиҳад, ки самтҳои гуногуни сафарро интихоб намуда, бо мероси бойи таърихию фарҳангии тоҷикон шинос гарданд.
Харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани маърифати ҷуғрофӣ ва сайёҳии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, нақши муҳим мебозад. Толибилмон ва донишҷӯён тавассути омӯзиши харита бо хусусиятҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ шинос шуда, ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба сарватҳои миллӣ дар онҳо тақвият меёбад.
Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд харитаи Тоҷикистон ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими омӯзишӣ ва иттилоотӣ хизмат намуда, ба меҳмонон захираҳои бузурги сайёҳии кишварро муаррифӣ менамояд.

Юлдошева Умеда – роҳбалади Осорхонаи таърихии
вилояти Суғди МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд