Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нақши роҳбалад дар омӯзиши осори ниёгон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Ҳар фарде, ки аз сарнавишт, таърихи гузашта, дастовардҳои фарҳангию сиёсӣ, шахсиятҳои оламшумули миллати хеш огоҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди ватани хеш шуда наметавонад.

Осорхона на танҳо макони нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад, балки марказҳои фаъоли таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ низ маҳсуб меёбад. Дар ин раванд роҳбалади осорхона (экскурсавод) ҳамчун шахси калидӣ дар муоширати мустақим байни осорхона ва ҷомеа баромад мекунад. Роҳбалад воситаи асосии интиқоли дониш, тафсили илмии экспонатҳо ва ташаккули ҷаҳонбинии фарҳангии боздидкунандагон мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯзиши саҳм ва вазифаҳои роҳбалад дар фаъолияти осорхона аз нигоҳи илмӣ аҳамияти махсус дорад.

Осорхона дар илми муосир ҳамчун муассисаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ муайя гардида, вазифаи асосии он ҷамъоварӣ, ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси моддӣ ва ғайримоддии инсоният мебошад. Фаъолияти осорхона асосан дар се самт равона карда шуда аст:

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ;

Фаъолияти нигаҳдорӣ ва ҳифзи экспонатҳо;

Фаъолияти маърифатӣ ва таълимӣ

Маҳз дар самти сеюм – фаъолияти маърифатӣ ва таълимӣ нақши роҳбалад махсусан бузург аст. Роҳбаалад пайвандгари илм ва ҷомеа буда, натиҷаҳои таҳқиқиоти илмиро ба забони фаҳмо, содда ба омма пешниҳод менамояд. Роҳбалади осорхона мутахассисест, ки дониши илмӣ, фарҳангӣ ва муоширатиро дар худ муттаҳид мекунад. Ӯ шахсест, ки бо истифода аз усулҳои педагогӣ ва услубҳои муосири муошират мазмун ва арзиши экспонатҳоро ба шунаванда мерасонад.

Вазифаиҳои роҳбалади осорхона гуногунҷанба буда, ӯ маълумоти илмии дақиқ ва санҷидашударо дар бораи таърих, пайдоиш, аҳамият ва хусусияҳои экспонатҳо пешниҳод менамояд. Ин вазифаи пурҷабҳа талаб мекунад, ки роҳбалад пайваста дониши худро такмил диҳад ва бо таҳқиқиоти нав ошно бошад.

Тавассути экскурсия роҳбалад ҳисси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба гузашта, масъулият дар назди мероси фарҳангиро дар шунавандагон ташаккул медиҳад. Роҳбалад бояд бо гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, синну сол ва сатҳи дониш муоширати самаранок дошта бошад. Қобилияти суханварӣ ва равонбаёнӣ дар ин самт муҳим аст, ки роҳбаладони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дорои ин қобилиятҳо мебошанд.

Дар фарҷоми сухан метавон хулоса кард, ки роҳбалади осорхона шахси калидӣ дар фаъолияти маърифатӣ ва тарбиявии осорхона мебошад. Саҳм ва вазифаи ӯ на танҳо дар пешниҳоди маълумот, балки дар ташаккули фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ҷаҳонбинии ҷомеа ифода меёбад.

Мутриба Мамадҷонова – мудири шуъбаи таърихи

Осорхонаи таърихии вилояти Суғди

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНақши роҳбалад дар омӯзиши осори ниёгон
Scroll to Top