Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Кӯдакон неъмати бебаҳои зиндагӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Кӯдак неъмати бебаҳои зиндагӣ, чароғи хонадон, ифтихори падару модар ва ояндаи дурахшони миллату давлат мебошад. Ҳар табассуми кӯдак паёми сулҳу меҳрубонӣ, ҳар қадами ӯ нишонаи фардои ободу пешрафтаи Ватан аст. Аз ин рӯ, ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа ба шумор меравад.

Имрӯз боиси ифтихор аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ, рушди истеъдод ва дастгирии ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Зеро маҳз насли наврас ояндасозони миллат ва идомадиҳандагони арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик мебошанд.

Дар ин рӯзи фархунда ба ҳамаи кӯдакони азиз саломатии бардавом, бахту саодати зиндагӣ, хотири ҷамъ, дили шод, муваффақиятҳои беназир дар таҳсил ва рӯзгори пур аз шодиву нишот орзу менамоем. Бигзор ҳар як кӯдак дар фазои сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат ва ғамхории падару модар ба камол расида, бо донишу маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намояд.

Орзуманди онем, ки хандаи беғаши кӯдакон ҳамеша фазои Тоҷикистони азизро мунаввар гардонида, орзуҳои поки онҳо ҷомаи амал пӯшанд ва зиндагии ҳар як кӯдак пур аз муҳаббат, файзу баракат ва хушбахтӣ бошад.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бод!

Бо эҳтиром,

Маъмурият ва кулли кормандони

Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКӯдакон неъмати бебаҳои зиндагӣ
Scroll to Top