Санаи 28-29 майи соли 2026, ҳайати расмии меҳмонони Ҷумҳурии Исломии Эрон, таҳти роҳбарии Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби Аббос Алиободӣ бо сафари расмӣ ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.
Дар доираи барномаи фарҳангӣ ҳайати меҳмонони олимақомро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуда, аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Қалъаи таърихии Хуҷанд, ҳавлии ҳунармандони мардумӣ, Мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ ва инчунин аз Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ боздид ба амал оварданд.
Ҳайати гуруҳи меҳмонони Ҷумҳурии Исломии Эронро дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Иброҳим Иброҳимов самимона пешвоз гирифта, ба меҳмонон оид ба таърихи куҳан, тамаддун ва фарҳанги ғании миллати тоҷик маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Сипас, меҳмононро роҳбаладони ботаҷрибаи муассисаи мазкур аз толорҳои намоишии осорхонаи таърихӣ гузар намуда, доир ба бозёфтҳои нодири таърихӣ, осори қадима, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангии халқи тоҷик маълумоти бештар дода шуд, ки меҳмонон аз таърихи чандинҳазорсолаи тоҷикон ва нақши шаҳри бостонии Хуҷанд дар рушди тамаддуни миллати тоҷик таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Ба ҳайати меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки осори ба намоиш гузошташуда бозгӯи таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва ҳунари волои ниёгони тоҷик буда, ҳар як нигора арзиши баланди таърихиву фарҳангӣ дорад.
Сипас, меҳмонон аз бинои боҳашамати қалъаи таърихӣ гузар намуда, аз санъати нотакрори толорҳои намоиши ва ҳамчунин аз муҷассамаҳои шоирону адибони маъруфи тоҷик боздид намуда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмиву адабии онҳо маълумоти муфассал гирифтанд. Зимни шиносоӣ меҳмонон аз ҳифзу муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик баҳои баланд доданд.
Сипас, роҳбари ҳайати меҳмонон, ҷаноби Аббос Алиободӣ дар китоби “меҳмонони фахрии”, таассуроти неки хешро иброз намуда, аз сатҳи баланди ҳифз ва муаррифии мероси таърихиву фарҳангии миллати тоҷик изҳори хушнудӣ кард. Мавсуф дар қайди худ аз таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни волои мардуми тоҷик ёдовар шуда, чунин боздидҳоро дар таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳои Тоҷикистону Эрон муҳим арзёбӣ намуд.
Баъдан, пас аз тамошои толорҳои намоишии Қалъаи Хуҷанд, ҳайати меҳмонон аз мақбараи рамзии шоири бузурги форсу тоҷик Шайх Камоли Хуҷандӣ зиёрат намуданд. Меҳмонон зимни боздид аз фазои орому маънавии ин макони муқаддас аз зиндагӣ ва осори гаронбаҳои шоир маълумоти муфассал гирифта ба мақому манзалати ӯ дар рушди адабиёти классикии форсу тоҷик арҷ гузоштанд. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки мероси адабии шоир то имрӯз аҳамияти бузурги маънавию фарҳангии худро нигоҳ дошта, дар тарбияи ахлоқӣ, худшиносии миллӣ ва густариши забону адабиёти классики форсу тоҷик нақши арзанда дорад.
Сипас, онҳо аз ҳавлии Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ гузар намуда бо тарҳи анъанавии меъморӣ, ҳуҷраи тадрисгоҳ, намунаҳои рӯзгори гузашта ва китобҳои нодири қадима шинос гардиданд. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки осори ниёгон ва дастхатҳову китобҳои қадима ҳамчун ганҷинаи фарҳангии миллат бо эҳтиёткорӣ ҳифз карда мешаванд. Ҳайати меҳмонон ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ баҳои баланд дода, чунин иқдомҳоро дар самти муаррифии тамаддуни тоҷикон муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми боздид меҳмонон ба роҳбарияти муассисаи фарҳангӣ барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии гарму шоиста изҳори қаноатмандӣ намуда, ба сатҳи баланди ташкилу баргузории чорабинӣ баҳои баланд доданд.
Зикр гардид, ки чунин мулоқоту боздидҳо барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, густариши ҳамкориҳои адабию маънавӣ ва муаррифии арзишҳои муштараки таърихии ду миллати ҳамзабон аҳамияти бузург доранд. Таъкид шуд, ки ин гуна иқдомҳо ба рушди дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, табодули таҷриба миёни аҳли фарҳангу адаб, инчунин эҳёи суннатҳои деринаи фарҳангии мардумон мусоидат менамоянд.









Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”