Санаи 28 майи соли 2026 ба муносибати Рӯзи сарҳадчиён, бо ташаббуси Муқимҷон Қобилов, раиси Шӯрои Иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист дар вилояти Суғд, аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.
Дар даромадгоҳи қалъаи таърихӣ омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов меҳмононро гарму самимӣ пешвоз гирифта, онҳоро ба муносибати иди касбӣ табрику муборакбод намуд.
Сипас, роҳбаладони ботаҷриба меҳмононро ба гуруҳҳо ҷудо намуда, бо эҳтироми баланд аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ шинос карданд. Дар ҷараёни боздид ба онҳо дар бораи бунёд ва кандакории қалъа, тасвирҳои қадима, ашёҳои нодир, дастхатҳои қадимӣ ва дигар экспонатҳои арзишманд маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Баъди боздид онҳо аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ, ки бо тарзи қадима бунёд ёфтааст, дидан намуданд. Роҳбаладон меҳмононро бо хусусaятҳои ин ҳавлиҳо, ки бо лавозимоти қадима оро дода шуданд, шинос карданд. Махсусан ба меҳмонон ҳавлии дуредгар, ки дар он ҳунарманд ба сохтани асбобҳои миллӣ машғул буд, хеле писанд омад. Ҳунарманд аз асбоби сохтаи худ рубоб навохта, байти пурмазмуни шашмақомро бо садои зинда иҷро намуд, ки он ба меҳмонон ҳаловати хос бахшид.
Ногуфта намонад, ки дар ин боздид як гуруҳи меҳмонон аз шаҳри Душанбе низ иштирок доштанд, ки онҳо бо сарварии Саидаҳмад Давлатов, намояндаи ташкилоти “Борис Громов – байни амалиёти ҷангӣ” ин сафарро ҳамроҳӣ ва ташкил намуданд. Ҳузури ин гуруҳи меҳмонон ба чорабинӣ мазмуни хос дода, фазои вохӯриро боз ҳам гарму самимӣ гардонид. Меҳмонон аз тамошои макони таърихиву фарҳангӣ хеле қаноатманд гардида, бо эҳсоси хушҳолӣ ва таассуроти амиқ ин ҷойҳоро дидан намуданд. Онҳо аз ғановати пурасрори таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва шароити муҳайёгардида изҳори хушнудӣ намуда, чунин маконҳоро муҳим ва арзишманд барои шинохти таърих ва худогоҳи миллӣ арзёбӣ карданд.
Аз ин таассуроти хотирмон меҳмонон ба роҳбарият ва роҳбаладон изҳори миннатдорӣ намуда, дар фазои кушоди саҳни Қалъаи таърихии Хуҷанд аксҳои хотиравӣ бардоштанд. Ин лаҳзаҳои хотирмони фаромӯшнашаванда ҳамчун ёдгории нек аз ин боздид ба макони таърихӣ дар саҳифаи зиндагӣ нақши мондагор хоҳанд гузошт ва ҳамеша бо эҳсоси гарму самимӣ дар хотир боқӣ мемонанд. Ин сафари боздид на танҳо як дидор бо таърих, балки як таҷрибаи руҳбахш ва илҳомбахш буд, ки маънои амиқ ва арзиши махсуси худро барои ҳаёт хоҳад дошт.






Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”