Санаи 27 майи соли равон ҳайати намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо сарварии Ноиби Президенти бонк Марк Боуман бо намояндагони Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигар шахсони масъул ҳамроҳи намуда аз Қалъаи таърихии Хуҷанд боздид намуданд.
Меҳмононро Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов Иброҳим Сангинович пешвоз ва харумақдам намуд.
Сипас меҳмононро роҳбалади муассисаи мазкур Мирзоева Иноят бо толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ шинос намуда аз санъати қадимаи миллати тоҷик маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар ҷараёни боздид Ноиби Президенти бонк Марк Боуман дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таасуроти неки худро иброз намуд.
Баъди боздиди толорҳои намоиши ҳайати меҳмонон аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ ба монанди, наққошӣ, қолинбофӣ, дуредгарӣ,кулолгарӣ ва дигаре бо ҳунари мардумӣ аз наздик шинос гардиданд. Аз ин ҳунари волои гузаштагони миллати тоҷик хело ба ваҷҳ омада ба ҳунари аҷдодии касбӣ баҳои баланд доданд. Дар фарҷоми боздид меҳмонон ба роҳбарият ва аҳли кормандон барои эҳтироми самимӣ барои меҳмоннавозӣ миннатдорӣ изҳор намуданд.







Шовазир Муродҷони – роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”