Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхона дар масири садсола

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаи 18 майи соли 2026 дар тамоми кишварҳои мухталиф ҷашни “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо” таҷлил карда мешаванд. Ин санаи фархунда барои қадршиносӣ аз осорхонаҳо ва саҳми онҳо дар ҳифзи мероси фарҳангии башарият хело муҳим мебошад. Барои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ин рӯзи шараф хотирмон буд, зеро 100 солагии осорхона дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо масъулияти баланд, дар ҳузури меҳмонони олимақом ва бо талошҳои пайвастаи роҳбарияту кормандон бо заҳмати шабонарӯзи чорабинӣ дар сатҳи баланди хотирмон баргузор гардид.

Гуфтан ба маврид аст, ки бо заҳмати содиқонаи кормандон, аз ҷумла,саҳми Олимова Нодирахон, Сайфиева Шарифахон, Мутрибахон Мамадҷонова, Фаридахон Исҳоқӣ, Мирзоева Иноятхон, Шовазир Муродҷони, Даврон Исобоев, Бузурукова Наргисахон, Мавҷуда Бойматова, Даврон Тошматов, Дилрабо Яҳёева, Дилором Саидова, Муҳаррам Ҳоҷаева, Дилором Самадова, Гулҷеҳра Мусоева, ва дигарон кормандони фаъол басо назаррас буданд. Онҳо дар омодасозии намоишгоҳҳо, буклетҳо, ороишӣ саҳна, табрикоту даъватномаҳо ва ғайраро ба тартиб даровардани нигораҳои таърихӣ, ташкили барномаҳои фарҳангӣ ва истиқболи меҳмонон бо ҳисси баланди масъулият фаъолона саҳми беназир гузоштанд. Ҳамчунин кормандон барои ба роҳ мондани фаъолияти эҷодӣ ва фарҳангии осорхона кӯшиши зиёд намуда, дар муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ нақши арзанда гузоштанд. Маҳз бо талошу кӯшишҳо онҳо фаъолияти барномаҳои эҷодӣ боз ҳам ҷоннок намуда бо руҳияи созандагӣ тавассути ин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ таваҷҷуҳи ҷомеаро бештар намуданд.

Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва тамоми намояндагони воситаҳои ахбори омма, сармуҳаррирони рӯзномаҳои шаҳриву вилоятӣ, телевизиони Суғд барои ҳамкории судманд ва инъикоси саривақтии чорабиниҳо бахшида ба 100 солагии осорхона изҳори минатдорӣ менамоянд. Мақолаҳо, гузоришҳои мухталиф ва маводҳои таҳлилнамудаи рӯноманигорон дар муаррифии таъриху фаъолияти осорхона ва расонидани аҳамияти ин ҷашни таърихӣ ба ҷомеа нақши муҳим бозиданд. Бо шарофати қалами пурэҷод ва муносибати масъулонаи аҳли матбуот, чорабиниҳои ҷашнӣ дар фазои иттилоотӣ васеъ инъикос ёфта, таваҷҷуҳи хонандагон ва дӯстдорони таъриху фарҳангро бештар намуданд. Ин ҳамкорӣ бори дигар собит сохт, ки воситаҳои ахбори омма дар тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ нақши муассир доранд.

Ҳамзамон, роҳбарият ва кормандони осорхона таърихӣ ба Баҳром Раҳматзода-директори Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”барои таҳрезӣ ва таҳияи китоби ҷадид таҳти унвони “Сад барги заррин” арзу сипосу минатдории самимӣ менамоянд. Заҳмату кӯшишҳои пайвастаи эшон дар роҳи рушди фарҳангу маърифат, ҳифз ва тарғиби мероси гаронбаҳои адабӣ шоистаи таҳсин буда, ин асари тозанашр саҳми арзандае дар ғанӣ гардонидани ганҷинаи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад Ба эшон дар фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ комёбиҳои нав ба нав, саломатии бардавом ва тавфиқи рӯзгор таманно дорем. Инчунин ба роҳбарият ва аҳли кормандони полиграфии Матбааи “Ношир” – дар шаҳри Хуҷанд барои саҳмгузорӣ ва ҳамкории самаранок дар нашри саривақтии китоби тозанашри “Сад барги заррин”, ки ба ифтихори 100 солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида шудааст, изҳори минатдории самимӣ менамоем. Ин китоби арзишманд саҳифаҳои муҳими таърихии осорхона, фаъолияти чандинсолаи кормандон, дастовардҳои илмӣ ва фарҳангии муассисаро дар бар гирифта, ҳамчун туҳфаи маънавӣ ба дӯстдорони таърих ва фарҳанг пешкаш хоҳад гашт. Нашри чунин асари гаронмоя барои омӯзиш ва ҳифзи таърихии осорхона аҳамияти бузург дорад. Ба аҳли кормандони матбааи “Ношир” барору саломатӣ орзумандем.

Инчунин ба ташкилкунандагони намоиши "ретро автомобилҳо" таҳти унвони "Нигоҳдорандагони мероси ниёгон" бо роҳбарии Усмонов Нозимҷон изҳори миннатдорӣ менамоем.

Албатта, роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маҷммаи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” изҳори умедворӣ менамояд, ки ҳамкории судманд бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои нашриявӣ дар оянда ҳамкории зичро ба роҳ хоҳад монд, ки барои муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар ин радиф, барои саривақт омода ва пешниҳоди филми мустанади кӯтоҳмуддати “Ганҷинаи як аср”, ки бо маҳорати баланд ва завқи эҷодӣ аз ҷониби блогери ботаҷриба Диловар Сафаров таҳия гардидааст, ба муаллиф изҳори минатдорӣ ва сипоси самимӣ баён менамоем. Дар филми мазкур оид ба ҳифзи ҷамъоварии маводҳои нодир аз ҳаёт ва фаъолияти Ҳоҷӣ Антиқа муаррифи гардида, бозтоби дастовардҳои таърихӣ саҳми арзанда гузошта, таваҷҷуҳи тамошобинонро ба ганҷинаи маънавии миллат бештар ҷалб намуданд.

Инчунин, филми мустанади “Ганҷинаи асрҳо”, ки ба ифтихори 100 солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, таҳия шудааст, яке аз корҳои арзишманди фарҳангӣ ба шумор меравад. Муаллиф ва ровӣ Далер Ҳасанзода, муҳаррири филм устод Темурзода Бахтовар буда, дар он таърихи таъсисёбӣ ва нақши осорхона дар ҳифзи мероси миллӣ инъикос ёфтааст. Дар филми мазкур махсусан аз аввалин директори осорхона Уэлс.В ёдоварӣ мешавад. Ӯ аз аввалин шахсоне буд, ки барои ҷамъоварии бозёфтҳои таърихӣ, ҳуҷҷатҳои қадима ва ашёҳои нодир, ташкилкунандаи осорхона буда, маҳз бо кӯшишу талошҳо аз минтақаҳои гуногун, баъдтар ташкили фонди осорхона замина гузоштааст. Барои таҳия ва пешниҳоди чунин филми мустанади арзишманд, ки аз ҷониби Диловар Сафаров ва Темурзода Бахтовар бо маҳорати баланд омода гардидааст, арзи сипосу қадрдонии самимии худро баён менамоем. Воқеан, инъикоси таърихи куҳан, расму ойин ва мероси гаронбаҳои миллат дар шакли филми мустанад кори саҳлу осон набуда, заҳмати зиёд, пажӯҳиши амиқ ва ҷаҳонбинии васеъро талаб мекунад. Муаллифон тавонистанд бо сабку услуби ҷолиб, истифодаи далелӣ таърихӣ ва тасвирҳои таъсирбахш, рӯйдодҳои гузаштаро зинда гардонида, онҳоро ба зеҳну қалби тамошобин роҳ доданд. Ба аҳли эҷод барои чунин иқдоми наҷиб ва саҳми арзандаашон дар муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ изҳори миннатдорӣ намуда, комёбиҳои боз ҳам бештар орзумандем.

Имрӯз, аҳли кормандони осорхонаи таърихӣ бо иродаи қувваи тоза ва руҳияи баланди меҳнатӣ фаъолияти худро идома дода, барои ҳифзи мероси фарҳангӣ, ғанӣ гардонидани фонди осорхона ва ташкили чорабиниҳои маърифатӣ боз саҳми худро дучанд мегузоранд. Зеро осорхона на танҳо маҳфузгоҳи таърих, балки мактаби худшиносӣ ва худогоҳӣ барои наслҳои имрӯзу фардо мебошад.

Валӣ Набизод - котиби маркази

иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООсорхона дар масири садсола
Scroll to Top