Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 100 солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, санаи 18 майи соли ҷорӣ Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо “Шабе дар осорхона” баргузор гардид. Ба ин муносибати ҷашни фархунда осорхона аз соати 16:00 то 22:00 дарҳои худро барои ҳамаи дӯстдорону мухлисони таъриху фарҳанг боз намуд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо соли 1977 дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар шаҳри Москва қабул гардидааст. Қарори таъсиси он дар Конфронси генералии Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо дар шаҳрҳои Москва ва Санкт – Петербург ба тавсиб расидааст. Ҳадаф аз он баланд бардоштани нақши осорхонаҳо дар ҳифзи таърих, фарҳанг ва маърифати ҷомеа мебошад.
Чунин иқдоми “Шабе дар осорхона” бошад, дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, як барономаи фарҳангии байналмилалӣ буда, дар доираи Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо баргузор гардид. Дар ин шаб осорхонаҳо то вақти муайяншуда барои тамошобинон дарҳои худро тариқи ройгон боз намуда барномаҳои фарҳангӣ, намоишҳо, мусиқию рақсу бозиҳои шавқовар ва маҳфилҳои гуногун ташкил мекунанд.
Ногуфта намонад, ки ин иқдом бори аввал соли 1997 дар шаҳри Берлин баргузор шуда, баъдан дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон паҳн гардидааст.
Илова бар ин, дар доираи барномаи фарҳангӣ барқия ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, коллеҷҳо, литсейҳои касбӣ- техникӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, тибқи нақшаи чорабинниҳои Мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, бахшида ба Рӯзи байналмилаллии осорхонаҳо ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шоми тамошои ройгони осорхонаҳо баргузор ва дар он зиёда аз 5 ҳазор нафар иштирок намуданд. Ҷавонону донишҷӯён зимни боздид аз осорхонаҳо таассуроти гарму хотирмон бардоштанд, ки чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ва ғанӣ гардидани ҷаҳонбинӣ мусоидат менамояд. Ба гуфтаи иштирокдорон, шиносоӣ бо нигораҳои таърихӣ, ашёҳои қадима, ҳуҷҷатҳои нодир ва ёдгориҳои фарҳангӣ имконият фароҳам овард. То онҳо аз гузаштаи пурғановати миллати тоҷик бештар огоҳ гарданд. Донишҷӯён ҳамчунин қайд намуданд, ки баргузории “Шабе дар осорхона” дар фазои фарҳангиву маърифатӣ ба онҳо руҳияи тоза бахшида, шавқу рағбаташонро нисбат ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва ҳифзи мероси миллӣ бештар намуд. Иштирокчиён аз ташкили тамошои ройгони осорхонаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, пешниҳод карданд, ки баргузории чунин барномаҳои фарҳангӣ дар оянда низ бештар ба роҳ монда шавад.
Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ дар боғи фарҳангӣ намоиши нодири “Ретро автомобилҳо” баргузор гардид, ки таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон ва дӯстдорони техникаи классикиро ба худ ҷалб намуд. Дар гӯшаи махсус автомашинаҳои сабукрави солҳои гуногун, аз ҷумла тамғаҳои машҳури замони шӯравӣ “Волга ГАЗ- 21”,” Волга Газ- 24” “Победа М 20”,”Москвич- 412”, “Москвич- 408”, “ВАЗ- 2101” , “ВАЗ- 2103” ва “ВАЗ- 2106” ба маърази тамошо гузошта шуданд. Инчунин, мотосиклҳои маъруфи даврони шӯравӣ, аз қабили “Урал”,”Восход” ва “Ява” низ диққати тамошобинонро ҷалб мекарданд. Меҳмонон бо шавқу завқи зиёд аз ин воситаҳои нақлиёти нодири дидан намуда, назди онҳо аксҳои хотиравӣ мегирифтанд. Намоиши мазкур фазои махсуси таърихиву фарҳангиро ба вуҷуд оварда, барои калонсолон хотироти солҳои гузашта ва барои ҷавонон имкони ошноӣ бо техникаи даврони пешинро фароҳам месохт.
Чорабинии фарҳангии “Шабе дар осорхона” дар фазои идонаву хотирмон баргузор гардида, барои меҳмонон сайру гашти озод ва автопоездҳои сайёри дохили боғ, барномаҳои ҷолиби фарҳангиву консертӣ пешниҳод намуд. Барои кӯдакон гӯшаҳои махсуси фароғатӣ ташкил шуда, ба онҳо обҳои ташнашикан, шириниҳо ва яхмосҳои хушмазза пешниҳод карда шуданд. Ҳамзамон, меҳмонон дар доираи чорабинӣ аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ, Хона- музей ва чорбоғи Камоли Хуҷандӣ боздид намуданд. Сайру тамошо дар ин маконҳо ба иштирокчиён имкон дод, ки бо таъриху фарҳангии ғании ниёгон аз наздик ошно гардида, аз муҳити зебо ва мероси маънавии халқи тоҷик баҳра бардоранд.
Бо ҳамин руҳияи идона ва муҳити пур аз эҳсосоти ватандӯстиву худшиносӣ, ҷашни 100 солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо шукуҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифта шуд. Ин сана на танҳо як ҷашни тақвимӣ, балки як рамзи сад соли нигоҳдорӣ, омӯзиш ва гиромидошти таъриху фарҳанги ғании халқи тоҷик ба шумор меравад. Дар ин рӯзи хотирмон ба ҳамаи иштирокчиён, дӯстдорони таърих ва тамошобинон муҳити идона ва пурмазмун фароҳам оварда шуд, ки тариқи ройгон дидан намуданд. Теъдоди тамошобинони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳрвандон- 3325 нафар, донишҷӯён – 8716 нафар, хонандагони мактабҳо – 1251 нафар ва меҳмонони хориҷӣ – 270 нафарро ташкил дода, шумораи умуми боздидкунандагон ба 13562 нафар расид.
Ҳамзамон ба роҳбарият ва кормандони осорхона, ки дар тӯли чанд муддат бо заҳмату садоқат барои омода намудани чорабинии фарҳангӣ, намоишгоҳҳо, нигоҳдории осори таърихӣ ва қабули меҳмонон талош варзиданд, бояд аҳсан гуфт!. Кӯшишу заҳмати онҳо дар ташкили чунин чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ ва ҷалби ҷомеа ба омӯзиши таърих нақши муҳим дошта, боз як бори дигар собит намуд, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, на танҳо макони нигоҳдории ашёҳои таърихӣ, балки маркази зиндаи таърихию фарҳангӣ буда, ба боло рафтани маърифати аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.










Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”