Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шоми фарҳангии идонаи 100 - солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Шоми санаи 17 майи соли 2026 бахши тантанавии чорабиниҳои идона ба муносибати 100 - солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар Театри давлатии мусиқӣ - маҳзакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Бахтиёр Қосимов, раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Ҷаҳонгир Салимзода, раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Мунзифа Ҷаббориён , Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд , Фотима Қодирова, Консулгарии генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд, Ланкин Сергей Василович, инчунин олимону аҳли зиё, устодону донишҷӯён, кормандони соҳаҳои фарҳангу маориф, намояндагони муассисаҳои гуногун ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст, чорабинӣ бо суханронии ровӣ ифтитоҳ ёфт. Зимни суханронӣ аз таърихи таъсисёбӣ, нақши осорхона дар ҳифзи мероси фарҳангӣ ва саҳми он дар муаррифии таъриху тамаддуни миллат ёдовар шуд.

Сипас, филми мустанад намоиш дода шуд, ки ба ҷамъоварии ашёҳои нодиру таърихӣ бахшида шуда буд. Дар филм фаъолияти ҳунарманд ва ҷамъоварандаи ашёи қадим Ҳоҷӣ Антиқа инъикос гардида, раванди гирдоварӣ ва ҳифзи бозёфтҳои нодир ба тамошобинон муаррифӣ гардид.

Баъдан, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Бахтиёр Қосимов бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати таҷлили 100 солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд самимона табрик гуфт. Ӯ аз нақши муассисаи мазкур дар ҳифз ва муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ ёдовар шуда, саҳми кормандони осорхонаро дар нигоҳдории мероси фарҳангӣ арзишманд арзёбӣ намуд.

Сониян, аз номи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳру вилояти Суғд ва Шӯрои иттифоқи касабаи вилояти Суғд ба як қатор кормандону фаъолони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба ҷашни фархундаи 100 солагии осорхона сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, фаъолияти пурсамари онҳо қадрдонӣ карда шуд.

Баъдан, аз ҷониби ҳунармандони варзида ва санъаткорони мумтоз барномаи фарҳангиву консертӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Дар ҷараёни барнома сурудҳои дилнишину ҷаззоб иҷро гардида ба чорабинӣ шукуҳу таровати тоза бахшиданд ва боиси болидахотирии меҳмонон шуданд.

Ҳамин тавр, чорабинии тантанавӣ бахшида ба 100 солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар фазои идона ва хотироти нек ба анҷом расид.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШоми фарҳангии идонаи 100 - солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top