(Ба ифтихори 100-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд)
Дар ҳар давру замон шахсиятҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти содиқона, масъулияти баланд ва муҳаббати беандоза нисбат ба Ватан дар рушди ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Иброҳимов Иброҳим Сангинович аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои соҳибтаҷриба ва некном буда, фаъолияти бисёрсолаи ӯ намунаи хизмат ба халқу давлат маҳсуб меёбад.
Иброҳимов Иброҳим Сангинович 14 августи соли 1960 дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ аз овони ҷавонӣ ба меҳнат, донишандӯзӣ ва масъулиятшиносӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт. Пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёна, фаъолияти меҳнатии худро соли 1977 ҳамчун коргар дар фабрикаи мебелбарории шаҳри Хуҷанд оғоз намуд. Маҳз меҳнати ҳалол ва ҷустуҷӯи доимии дониш ӯро ба роҳи камолоти касбӣ раҳнамун сохт.
Соли 1978 ба Донишкадаи лесотехникии Ҷумҳурии Украина дар шаҳри Львов дохил шуда, онро соли 1983 бо ихтисоси муҳандис-технолог бомуваффақият хатм намуд. Солҳои таҳсил барои ин шахс мактаби бузурги таҷриба ва ҷаҳонбинӣ гардиданд. Ӯ дар баробари омӯзиши илм, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро дар қалби худ парвариш мекард.
Пас аз бозгашт ба Ватан фаъолияти меҳнатии худро дар фабрикаи мебелбарории шаҳри Хуҷанд идома дода, дар вазифаи сардори сехи №2-и шуъбаи технологӣ кор кард. Бо дониши мукаммал, қобилияти ташкилотчигӣ ва муносибати ҷиддӣ ба кор миёни ҳамкорон обрӯи баланд пайдо намуд.
Дар солҳои минбаъда Иброҳимов Иброҳим Сангинович дар вазифаҳои гуногуни масъули давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолият карда, худро ҳамчун роҳбари ташаббускор ва соҳибтаҷриба муаррифӣ намуд. Ӯ дар вазифаи котиби аввали Кумитаи шаҳрии Комсомоли шаҳри Хуҷанд, мудири шуъбаи ташкилии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва котиби аввали Кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунисти шаҳри Хуҷанд фаъолият намуда, дар тарбияи ҷавонон ва таҳкими корҳои ташкилӣ саҳми арзанда гузошт.
Фаъолияти ӯ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ назаррас мебошад. Ҳамчун ҷонишини Раиси шаҳри Хуҷанд ва баъдан Раиси шаҳри Чкаловск барои ободонӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум корҳои муҳимро анҷом дод. Дар ин давра ӯ бо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ барои пешрафти ҷомеа хизмат намуд.
Солҳои баъдӣ дар вазифаҳои директори Корхонаи воҳиди муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ “Тоҷикхориҷакор”-и вилояти Суғд ва директори ҶДММ “ММК – Чкалов” фаъолият карда, таҷрибаи идоракунии худро боз ҳам такмил дод. Аз соли 2010 то соли 2015 бошад, ба ҳайси муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд дар татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат саҳми назаррас гузошт.
Марҳилаи муҳими фаъолияти Иброҳим Сангинович аз 29 июли соли 2015 оғоз гардид, вақте ки ба вазифаи Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таъин шуд. Ин муассисаи муҳими фарҳангӣ яке аз марказҳои асосии ҳифз ва муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Бо роҳбарии Иброҳимов Иброҳим Сангинович фаъолияти маҷмаа марҳилаи нави рушдро касб намуд. Дар ин давра корҳои васеи ободониву созандагӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ, рушди фаъолияти осорхонавӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба роҳ монда шуданд. Ӯ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мероси фарҳангии халқ хизматҳои арзишманд анҷом додааст.
Имрӯзҳо Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар табдил ёфтааст. Таҳти роҳбарии ӯ даҳҳо чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ баргузор гардида, дар муаррифии таъриху тамаддуни тоҷикон нақши муассир гузоштаанд.
Иброҳимов Иброҳим Сангинович ҳамчун шахси фарҳангпарвар, хоксор, нексиришт ва роҳбари дурандеш дар байни ҷомеа обрӯ ва эҳтироми баланд дорад. Барои хизматҳои шоёнаш дар рушди фарҳанги миллӣ соли 2016 бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.
Меҳнати софдилона, таҷрибаи ғании роҳбарӣ ва садоқати ӯ ба халқу Ватан имрӯз барои ҷавонон намунаи ибрат мебошад. Ҳаёти пурмазмун ва фаъолияти босамари Иброҳимов Иброҳим Сангинович гувоҳи он аст, ки инсон бо меҳнати ҳалол, иродаи қавӣ ва муҳаббат ба Ватан метавонад дар ҷомеа мақоми арзанда пайдо намояд.

Нодира Олимова - ҷонишини омир оид ба
корҳои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд